ИМА мехоҳад равобити Русияро бо кишварҳои ИДМ хароб кунад

Обуна шудан
Ба таъкиди сиёсатмадори рус, ҳанӯз солҳои 90 - ум дар ИМА мегуфтанд, ки муқовимат бо Русия ва Чин ногузир аст
Иёлоти Муттаҳида аз солҳои 2000-ум талош дорад равобити Русия бо кишварҳои ИДМ-ро вайрон кунад.
Дар ин бора сиёсатшинос Ростислав Ишенко дар мусоҳиба бо Sputnik бо забони русӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида нақшаҳои ҷангро таҳия карда буд ва онҳо низ амалиёти зидди Федератсияи Русияро дар фазои пасошӯравӣ на дар соли 2014 ё 2004, балки аслан аз солҳои 2000-ум оғоз карданд.
"Ҳоло бигӯем, ки мо дар Украина пирӯз мешавем, аммо дар ин ҷо Молдавия бо Арманистон фаъолона кор мекунанд, онҳо дар Осиёи Марказӣ пайваста ба шӯриш мезананд", - шарщ дод коршинос.
Ҳар қадар талафот ва харобиҳо дар Украина бештар шавад, барои Иёлоти Муттаҳида ҳамон қадар беҳтар аст. Ба гуфтаи коршинос, Киев бо ҷалби Русия ба амалиёти ҷангӣ аллакай нақши худро иҷро кардааст.
Матвиенко: Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот бо Украина даст кашида набуд
"Аврупо аз шарикии иқтисодӣ бо Федератсияи Русия хориҷ шуд, Иқтисоди Иттиҳоди Аврупо хароб шуд... Кластерии Авруосиёи муттаҳид бо Аврупо ва Русия дигар имконнопазир аст", - афзуд ӯ.
Кадом кишварҳо ба ворид шудани ақидаҳои ғарбгаро бештар осебпазиранд ва дахолати Иёлоти Муттаҳида чӣ оқибате дошта метавонад - видеоро тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0