Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Матвиенко: Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот бо Украина даст кашида набуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета законодателей РФ
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета законодателей РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2024
Обуна шудан
Раиси Шӯрои федератсияи Русия гуфт, кишвараш аз соли 2014 ба ҳалли мусолиматомези низоъ бо Украина талош дорад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия дар як нишасти матбуотӣ гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот бо Украина даст накашида буд ва онро рад накардааст.
"Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот даст накашидааст. Русия буд, ки аз соли 2014 давоми 8 сол хост, ки бӯҳрони дохилии Украинаро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад", гуфт хонум Матвиенко.
Ёдовар мешавем, ки Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба гуфтушунид бо Украина омода аст.
Президенти Русия Владимир Путин барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина пешниҳодҳо ироа карда буд.
“Маскав пас аз хуруҷи нирӯҳои украинӣ аз қаламравҳои нави Русия оташро фавран қатъ мекунад ва омодагии худро ба музокирот эълон мекунад”, - гуфт Путин.
Боевая работа САУ Мста-С ЦВО на Авдеевском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
New York Times: Аз даст додани ду деҳа дар Донбасс барои Украина зарбаи сахт буд
Илова бар ин, раисҷумҳури Русия афзуд, ки Киев бояд эълом кунад, ки аз пайвастан ба НАТО даст мекашад. Ҳамчунин дар Украина бояд низомизудоӣ ва нозизудоӣ анҷом дода мақоми бетарафро интихоб намояд.
Раҳбари Русия ҳамчунин аз лағви пурраи таҳримҳо алайҳи Русия ёдовар шуд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0