https://sputnik.tj/20241012/ima-eron-talosh-kushtan-tramp-muttaham-1064693674.html
Дар ИМА Эронро дар талоши куштани Трамп муттаҳам мекунанд
Дар ИМА Эронро дар талоши куштани Трамп муттаҳам мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Байден гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури собиқро, ки бо ташаббуси Эрон сурат гирифтааст, амали ҷангӣ медонад
2024-10-12T16:25+0500
2024-10-12T16:25+0500
2024-10-14T12:21+0500
има
эрон
сиёсат
дар ҷаҳон
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063708754_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c10824bbc2842acbb3dbf4986cd953ac.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Нашрияи амрикоии Politico иддао дорад, ки мақомоти Эрон гӯё кӯшиши “фаъол ва хашмгинона”-ро барои куштани номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп ва собиқ мансабдорони аршад, ки Теҳрон онҳоро дар марги генерал Қосим Сулаймонӣ дар соли 2020 муттаҳам мекунанд, ба роҳ мондаанд. Ин нашрия қаблан гузориш дода буд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, аз ҳукумати Эрон даъват кард, ки талошҳо барои сӯқасд алайҳи Трамп ва мансабдорони собиқи Амрикоро бас кунад.Ӯ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури собиқро, ки бо ташаббуси Эрон сурат гирифтааст, амали ҷангӣ медонад. Ба навиштаи Politico, собиқ котиби давлатии ИМА Майк Помпео, мушовири собиқи амнияти миллӣ Ҷон Болтон ва собиқ намояндаи вижаи ИМА дар Эрон Брайан Ҳук гӯё “ҳадафи Эрон” шудаанд.Нашрия иддао дорад, ки бо 24 мансабдор, аз ҷумла вакилони собиқ, маъмурони Хадамоти махфӣ ва мансабдорони баландпоя мусоҳиба кардааст.Онҳо ба нашри ҳамлаҳои ҳакерӣ ва талошҳои анҷоми назорати рақамӣ болои мансабдорони собиқ ва аъзои хонаводаи онҳо ва ҳамчунин талошҳои афроди эҳтимолии эронӣ барои таъқиби як мақоми амрикоӣ ҳангоми сафараш ба хориҷа гуфтаанд. Зимнан зикр мегардад, ки кормандони собиқи Шӯрои Амнияти Миллӣ, ки гӯё дар феҳристи ҳадафҳои Эрон қарор доранд, аз мақомоти Амрико ҳеҷ гуна ҳимоят намегиранд. Ҳоло баъзеи онҳо барои беҳатарии худ ҳар сол садҳо ҳазор доллар сарф мекунанд. Қаблан The Washington Post бо такя ба манобеъ ва дархости электронӣ хабар дода буд, ки қароргоҳи номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп ба далели таҳдиди эҳтимолӣ аз ҷониби Эрон аз мақомоти Амрико кумаки низомӣ дархост кардааст.Маъмурияти таблиғоти Доналд Трамп барои парвозҳои ҳавопаймоҳои низомӣ дархост кардааст, то номза бо он дар ҳафтаҳои охири маърака парвоз кунанд ва ҳамчунин маҳдудиятҳоро дар парвоз болои манзилҳо ва майдонҳои гирдиҳамоӣ васеъ кунанд.Шаби 3 январи соли 2020 дар натиҷаи амалиёти ИМА дар минтақаи Фурудгоҳи Байналмилалии Бағдод генерали эронӣ, фармондеҳи нерӯҳои вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ ва муовини раиси чирикиёни шиъаҳои Ироқ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис кушта шуданд. Дар Вашингтон онҳоро дар ташкили ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод дар 31 декабри соли 2019 муттаҳам мекарданд. Дар посух, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ, аз ҷумла Айнуласад зарба зад.
https://sputnik.tj/20240823/tramp-amriko-harris-oyanda-nadorad-1064043774.html
има
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063708754_268:0:2999:2048_1920x0_80_0_0_3b3bf3acae65f37e196a5544c2bbf224.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има эрон талош куштан трамп муттаҳам
има эрон талош куштан трамп муттаҳам
Дар ИМА Эронро дар талоши куштани Трамп муттаҳам мекунанд
16:25 12.10.2024 (Навсозишуда: 12:21 14.10.2024) Байден гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури собиқро, ки бо ташаббуси Эрон сурат гирифтааст, амали ҷангӣ медонад
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Нашрияи амрикоии Politico иддао дорад, ки мақомоти Эрон гӯё кӯшиши “фаъол ва хашмгинона”-ро барои куштани номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп ва собиқ мансабдорони аршад, ки Теҳрон онҳоро дар марги генерал Қосим Сулаймонӣ дар соли 2020 муттаҳам мекунанд, ба роҳ мондаанд.
Ин нашрия қаблан гузориш дода буд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, аз ҳукумати Эрон даъват кард, ки талошҳо барои сӯқасд алайҳи Трамп ва мансабдорони собиқи Амрикоро бас кунад.
Ӯ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури собиқро, ки бо ташаббуси Эрон сурат гирифтааст, амали ҷангӣ медонад.
Ба навиштаи Politico, собиқ котиби давлатии ИМА Майк Помпео, мушовири собиқи амнияти миллӣ Ҷон Болтон ва собиқ намояндаи вижаи ИМА дар Эрон Брайан Ҳук гӯё “ҳадафи Эрон” шудаанд.
"Кӯшишҳои Эрон барои куштани Трамп ва собиқ мансабдорони воломақом, ки онро (Теҳрон - ред.) дар ҳамла ба Сулаймонӣ айбдор мекунад, ҳатто фаъолтар ва хашмгинтар аз он аст, ки қаблан гузориш шуда буд", - навиштааст нашрия бо истинод ба чанд мансабдоре хабар медиҳад, ки гӯиё бо таҳдидҳои Эрон ошно ҳастанд.
Нашрия иддао дорад, ки бо 24 мансабдор, аз ҷумла вакилони собиқ, маъмурони Хадамоти махфӣ ва мансабдорони баландпоя мусоҳиба кардааст.
Онҳо ба нашри ҳамлаҳои ҳакерӣ ва талошҳои анҷоми назорати рақамӣ болои мансабдорони собиқ ва аъзои хонаводаи онҳо ва ҳамчунин талошҳои афроди эҳтимолии эронӣ барои таъқиби як мақоми амрикоӣ ҳангоми сафараш ба хориҷа гуфтаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки кормандони собиқи Шӯрои Амнияти Миллӣ, ки гӯё дар феҳристи ҳадафҳои Эрон қарор доранд, аз мақомоти Амрико ҳеҷ гуна ҳимоят намегиранд. Ҳоло баъзеи онҳо барои беҳатарии худ ҳар сол садҳо ҳазор доллар сарф мекунанд.
Қаблан The Washington Post бо такя ба манобеъ ва дархости электронӣ хабар дода буд, ки қароргоҳи номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп ба далели таҳдиди эҳтимолӣ аз ҷониби Эрон аз мақомоти Амрико кумаки низомӣ дархост кардааст.
Маъмурияти таблиғоти Доналд Трамп барои парвозҳои ҳавопаймоҳои низомӣ дархост кардааст, то номза бо он дар ҳафтаҳои охири маърака парвоз кунанд ва ҳамчунин маҳдудиятҳоро дар парвоз болои манзилҳо ва майдонҳои гирдиҳамоӣ васеъ кунанд.
Шаби 3 январи соли 2020 дар натиҷаи амалиёти ИМА дар минтақаи Фурудгоҳи Байналмилалии Бағдод генерали эронӣ, фармондеҳи нерӯҳои вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ ва муовини раиси чирикиёни шиъаҳои Ироқ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис кушта шуданд.
Дар Вашингтон онҳоро дар ташкили ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод дар 31 декабри соли 2019 муттаҳам мекарданд. Дар посух, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ, аз ҷумла Айнуласад зарба зад.