https://sputnik.tj/20240823/tramp-amriko-harris-oyanda-nadorad-1064043774.html
Трамп гуфт, Амрико бо Ҳаррис оянда надорад
Трамп гуфт, Амрико бо Ҳаррис оянда надорад
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ президенти Амрико ва акнун номзад ба ин маснад мӯътақид аст, сиёсате, ки Ҳаррис пайравӣ мекунад, метавонад боиси сар задани як муноқишаи нави ҷаҳонӣ... 23.08.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-08-23T15:39+0500
2024-08-23T15:39+0500
2024-08-23T15:39+0500
дар ҷаҳон
амрико
трамп
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063708754_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c10824bbc2842acbb3dbf4986cd953ac.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки агар Камала Ҳаррис раҳбари кишвар шавад, Иёлоти Муттаҳида ояндае нахоҳад дошт. Дар ин бора сиёсатмадор дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт. Ҳамин тариқ, вай суханронии Ҳаррисро шарҳ дод, ки дар он номзади демократ гуфтааст, ки вай "ба диктаторҳо мутобиқ намешавад". Зимни суханронӣ дар анҷумани ҳизб, сиёсатмадор низ расман розӣ шуд, ки дар сабқати президентӣ ширкат кунад. Дар ҳамин ҳол, Трамп борҳо таваҷҷӯҳро ба он ҷалб карда буд, ки ӯ доштани равобити хуб бо раҳбарони Русия ва ҶХДК Владимир Путин ва Ким Чин Инро шоистаи худ медонад, ки айни замон Вашингтони расмӣ дар бораи онҳо бадгӯӣ мекунад. Дар баробари ин номзад аз ҷумҳурихоҳон қайд кард, ки Ҳаррис дар нутқи худ ба мавзӯъҳои асосие, ки ҳоло дар сиёсати ҷаҳон мавқеи калонро ишғол мекунанд, дахл на-кард. “Вай дар бораи Чин ёд накард, дар бораи энергетика, Русия ва Украина чизе нагуфт, аз мавзӯъҳои асосии рӯз, ки кишвари моро хароб мекунанд, ёдовар нашуд. Таҳти роҳбарии онҳо, 60 млн нафар дар ИМА дар фақр зиндагӣ мекунанд ва ӯ ҳатто дар бораи онҳо ҳарф намезанад", - зикр намуд Трамп.Интихоботи президентии ИМА 5 ноябри соли 2024 баргузор мешавад. Дар сабқати интихоботӣ ду рақиби асосӣ вуҷуд дорад: аз Ҳизби демократ - ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис ва аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ - президенти собиқ Доналд Трамп.
https://sputnik.tj/20240620/sarnavishti-jahon-intikhoboti-amriko-hal--1063269018.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063708754_268:0:2999:2048_1920x0_80_0_0_3b3bf3acae65f37e196a5544c2bbf224.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп амрико ҳаррис
Трамп гуфт, Амрико бо Ҳаррис оянда надорад
Собиқ президенти Амрико ва акнун номзад ба ин маснад мӯътақид аст, сиёсате, ки Ҳаррис пайравӣ мекунад, метавонад боиси сар задани як муноқишаи нави ҷаҳонӣ гардад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки агар Камала Ҳаррис раҳбари кишвар шавад, Иёлоти Муттаҳида ояндае нахоҳад дошт.
Дар ин бора сиёсатмадор дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт.
Ҳамин тариқ, вай суханронии Ҳаррисро шарҳ дод, ки дар он номзади демократ гуфтааст, ки вай "ба диктаторҳо мутобиқ намешавад".
Зимни суханронӣ дар анҷумани ҳизб, сиёсатмадор низ расман розӣ шуд, ки дар сабқати президентӣ ширкат кунад.
"Мо бо рафиқ Камала Ҳаррис ояндае нахоҳем дошт, зеро вай моро ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мебарад. Золимони ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ӯро эҳтиром намекунанд", - навиштааст Трамп.
Дар ҳамин ҳол, Трамп борҳо таваҷҷӯҳро ба он ҷалб карда буд, ки ӯ доштани равобити хуб бо раҳбарони Русия ва ҶХДК Владимир Путин ва Ким Чин Инро шоистаи худ медонад, ки айни замон Вашингтони расмӣ дар бораи онҳо бадгӯӣ мекунад.
Дар баробари ин номзад аз ҷумҳурихоҳон қайд кард, ки Ҳаррис дар нутқи худ ба мавзӯъҳои асосие, ки ҳоло дар сиёсати ҷаҳон мавқеи калонро ишғол мекунанд, дахл на-кард.
“Вай дар бораи Чин ёд накард, дар бораи энергетика, Русия ва Украина чизе нагуфт, аз мавзӯъҳои асосии рӯз, ки кишвари моро хароб мекунанд, ёдовар нашуд. Таҳти роҳбарии онҳо, 60 млн нафар дар ИМА дар фақр зиндагӣ мекунанд ва ӯ ҳатто дар бораи онҳо ҳарф намезанад", - зикр намуд Трамп.
Интихоботи президентии ИМА 5 ноябри соли 2024 баргузор мешавад. Дар сабқати интихоботӣ ду рақиби асосӣ вуҷуд дорад: аз Ҳизби демократ - ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис ва аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ - президенти собиқ Доналд Трамп.