https://sputnik.tj/20241011/shahr-zeri-zamin-imkoni-sokhtani-metroi-zerizamini-dushanbe-1064688915.html
Шаҳр дар зери замин: Сохтмони метрои зеризаминӣ дар Душанбе имконпазир аст?
Шаҳр дар зери замин: Сохтмони метрои зеризаминӣ дар Душанбе имконпазир аст?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоту коршиносон сохтмони метрои зеризаминӣ дар шаҳри Душанберо як инқилоби иҷтимоиву иқтисодӣ арзёбӣ мекунанд
2024-10-11T18:59+0500
2024-10-11T18:59+0500
2024-10-11T19:15+0500
дар тоҷикистон
метро
душанбе
нақлиёт
сохтмон
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064686201_0:281:1024:857_1920x0_80_0_0_4337b05052225e1be2a0f0eee22d6b9c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ин тарҳ ба хотири рафъи мушкили ҳаракати одамон ва нақлиёт, ки интизор меравад, то чанд соли дигар гиребонгири пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд, роҳандозӣ шудааст.Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба зиёд шудани нуфусу меҳмонони шаҳри Душанбе ва ба дунболи он, пеш омадани мушкили ҳаракат дар роҳҳои мошингард сохтмони метрои зерзаминии шаҳрӣ як эҳтиёҷи иҷтинобнопазир аст.“Тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз мебинем, то чанд соли дигар ба як мушкили ҷиддӣ табдил хоҳад шуд. Аз ин хотир, он гуна ки дар урфият мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки метрои зеризаминӣ ба муҳимтарин воситаи ҳаракати мусофирин дар Душанбе табдил хоҳад ёфт, он гуна ки дар калоншаҳрҳои ҷаҳон мо мебинем”, - гуфт Азим Иброҳим.Бино ба омори расмӣ, нуфуси Тоҷикистон тайи сӣ соли ахир беш аз ду маротиба афзуда, ба ҳудуди 10,5 миллион ва афзойиши аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар зиёда аз 3 баробарро ташкил дода, ба беш аз 1,2 миллион нафар расидааст.Тарҳи метрои зерзаминӣ дар Душанбе аз сӯи мутахассисони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва ширкатҳои куриёии "Deahan Consultants Co. Ltd" (муҳандисии замину нақб), "Dong Myeong Engineering Consultants & Architecture Co. Ltd" (муҳандисии структивӣ), "Asia Railway Technology" (системаи ситгнал ва алоқа), "Sejong Engineering Co. Ltd" (талаботу тақсимоти барқ) иҷро мешавад.Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" 14 марти соли 2022 ба имзо расида буд. Дар ин миён 3 семинари омӯзишии ҳузурӣ ва як сафари омӯзишӣ ба Корея бо ширкати мутахассисони ду ҷониб сурат гирифта, ҳудуди 10 вохӯрии Гурӯҳи кории доимии ҳарду кишвар тариқи онлайн баргузор шудааст.Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бино ба пешбиниҳо, сохтмони метро аз қаламрави Сирк, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Саъдии Шерозӣ шуруъ шуда, то бозори “Корвон” идома хоҳад кард ва баъд аз он ба ҷониби Корхонаи семент кашида хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ марҳалаи аввали он 10,6 километрро ташкил хоҳад кард.Суҳроби Нуруллоҳ, сардори шӯъбаи кор бо сармоягузорони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, метро ё роҳи нақлиётии зеризаминӣ дар умқе сохта мешавад, ки ба ягон зерсохтори шаҳр зарар нарасонад.Ба қавли ӯ, омодагиҳо барои мутолаоти имконсанҷӣ (ТЭО) ва анҷоми он ба моҳҳои апрел-майи соли оянда пешбинӣ шуда, аз моҳҳои июн-июл тарҳсозии дақиқи сохтмони метро оғоз мешавад.“Барои анҷоми тамоми ин мароҳил маблағ ҷудо шуда, мутахассисони Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ кор мекунанд. Дар бораи ин ки барои тарҳ чӣ қадар маблағ зарур аст ва сохтмони метро ки соли оянда шуруъ мешавад ё дертар, дақиқан чизе гуфта наметавонем”, - гуфт Суҳроби Нуруллоҳ.Бино ба иттилои ӯ, сармоягузории тарҳро Бонки содирот ва воридоти Корея “Эксимбонк” ба зимма гирифтааст, ки аз ин қабл марҳилаи омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ-метро дар Душанберо анҷом дода, натоиҷи онро 22 майи соли 2024 рӯнамоӣ карда буд.Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, метрои зеризаминӣ як эҳтиёҷи иҷтинобнопазир барои пойтахти Тоҷикистон шудааст, зеро он гуна ки дида мешавад, агар ба мавзуъ ҷиддан бархӯрд нашавад, ду-се сол пас дар Душанбе аслан танзими нақлиёти боркашону сабукрав имконнопазир мешавад.Фаррух Муҳиддинов, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯянд, тарҳи метрои зеризаминӣ аз қабл рӯи даст буд ва як як тарҳи инқилобӣ аст, ки иҷтимоъу иқтисод ва ҳатто фарҳанги шаҳрнишинро тағйир медиҳад.“Он гуна ки мегӯянд, нақлиёт рагҳои хунгарди иқтисод аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди иқтисоди ҳар кишвар бо ҳаракати озоди нақлиёт ҳамроҳ аст ва Тоҷикистон истисно буда наметавонад. Аз ин хотир, ҳукуматҳо бояд ин масоил ва мушкилотро аз қабл ба баррасӣ гирифта, аз қабл ҳал кунанд”, - гуфт Фаррух Муҳиддинов.Дар ҳамин ҳол, сокинони Душанбе ба сароҳат ва вазоҳат аз тамбашавии нақлиёт ва зоеъ шудани вақти худ шикоят мекунанд ва қабл аз ҳама ба тарокуми нақлиёт ишора мекунанд, ки ба иллати адам ё нокифоятии зерсохтҳо пеш меояд.Абубакр Салимов, яке аз онҳо мегӯяд, бахусус, ба истилоҳ, дар соатҳои авҷ – пагоҳу бегоҳ, ки мардум ба кору мактабу донишгоҳ мешитобанд, масалан, дар чаҳорроҳиҳои Гардиши Фурудгоҳ, Садбарг, Текстил ва ғайра тамбашавӣ гоҳо то ним, ҳатто як соат тӯл мекашад.“Худ мефаҳмед, ки барои, масалан, ба дарс расидан, то танбеҳи устодро нахӯред, 5 дақиқа ҳам муҳим аст. Ё барои тоҷир, он гуна ки мегӯянд, “вақт пул аст” ва ҳам корманди давлат бо карераи худ риск мекунад. Аз ин хотир, метрои зерзаминӣ хеле муҳим аст ва ба бовари ман, ҳаракати одамон дар Душанбе амалан ба зери замин мекӯчад, то вақти худ ва зиндагии худро дурусттар танзим карда бошанд”, - гуфт Абубакр Салимов.Ба қавли коршиносон, як иллати ба як мушкили умдаи Душанбе табдил ёфтани тамбашавӣ ё раҳбандон пайвастани ҳудудҳои нав ба шаҳр аст, ки тамоми зерсохторҳои заруриро надоранд ва ҳам афзойиши кайҳонии теъдоди мошинҳо дар кишвар аст.Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то нимсолаи аввали соли равон дар кишвар ҳудуди 670 ҳазор адад мошини сабукраву боркашон сабти ном шуда, пешбинӣ мешавад, ки то охири сол ба 700 ҳазор расад ва беш аз 30% он ба шаҳри Душанбе рост меояд.Мавзӯи сохтмони метро сокинони шаҳрро, ки тайи чанд соли ахир аз роҳбандӣ ва беҳуда сарф шудани вақт дар он шикоят мекарданд, бетараф нагузоштааст.Ҳамин тавр, ба гуфтаи як сокин, мушкилтарин вазъ дар чорроҳаҳои гардиши фурудгоҳ, Садбарг ва Текстил аст. Вақте, ки мардум аз кор, мактаб ва донишгоҳҳо ба хона мешитобанд, соатҳо мунтазири нақлиётанд. Дар ин мавзеъҳо баъзан ним ва хатто то як соат метавони мунтазири нақлиёт шавӣ."Шумо мефаҳмед, ки ҳатто 5 дақиқа пештар омадан ба дарс ва аз муаллим танбеҳ нагирифтан ин як кори калон аст. Ё тавре соҳибкорон мегӯянд, "ваќт пул аст" ва хизматчии давлатӣ метавонад мансабашро аз даст диҳад. Барои ҳамин метрои зеризаминӣ хеле муҳим аст, агар метро бошад расидан ба ҷойи зарурӣ муҳим аст, чун вақти худро метавон босамар истифода", — гуфт ҳамсуҳбати мо.Сокини дигари Душанбе ба ин фикр мувофиқ аст."Танбашавии мошинҳо зиёд шудааст, махсусан субҳ, аз Сирк то Танк ҳаракат кардан қариб ғайриимкон аст. Рӯзона, ҳатто дар марказ, бо хиёбони Рӯдакӣ аз сафорати Туркия то СУМ”, — қайд кард ҷавон.Ба гуфтаи як зани дигар, ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе воқеан нақлиёт зиёд аст, аз ин рӯ бунёди метро зиндагии шаҳрвандонро метавонад осон кунад."Аммо шумо бояд фаҳмед, ки он чӣ гуна хоҳад буд, зеро мо дар бораи метрои заминӣ гап мезанем, бешубҳа, коршиносон бо назардошти тамоми хусусиятҳои топографӣ ва минтақаи сейсмикӣ як лоиҳаро таҳия мекунанд Метрои зеризаминӣ пайо хоҳад шуд, аммо бо дарназардошти, албатта, бехатарӣ ва аз ин рӯ, “албатта, агар ин ҳаракати нақлиётро сабук кунад, ба ҳамаи сокинон, бахусус онҳое, ки мошинҳои мусофирбар доранд, фоида меорад”.Сокини дигар, ки соҳибкор аст бунёди метро дар Душанберо мусбат арзёбӣ кард."Барои шаҳрвандон ин маънои ҳаракати зуд дар атрофи шаҳрро дорад, ин маънои коҳиши ҳаракати роҳ, воридшавии пул ва беҳбуди муҳити зистро дорад. Онро зеризаминӣ кардан лозим аст метрои заминӣ симои шаҳрро вайрон мекунад, ки кӯчаҳои марказии он аллакай танганд: Душанбе, махсусан, марказ, ки дар он бинохои наве, зич сохта шудааст, ки сохтмони метро бояд миёни биноҳо гузарад", — гуфт соҳибкор.
https://sputnik.tj/20230616/dar-dushanbe-masalai-sokhtmoni-metro-dar-holi-barrasi-ast--1057743717.html
https://sputnik.tj/20240930/dushanbe-metroi-zerizamini-mesozand-1064531139.html
https://sputnik.tj/20221021/dastur-emomali-rahmon-metro-dushanbe-1052297537.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064686201_0:185:1024:953_1920x0_80_0_0_555071363cd8286a8bae882606f44c3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, метро, сохтмон, зеризаминӣ, шаҳр, мақомот
тоҷикистон, душанбе, метро, сохтмон, зеризаминӣ, шаҳр, мақомот
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ин тарҳ ба хотири рафъи мушкили ҳаракати одамон ва нақлиёт, ки интизор меравад, то чанд соли дигар гиребонгири пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд, роҳандозӣ шудааст.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба зиёд шудани нуфусу меҳмонони шаҳри Душанбе ва ба дунболи он, пеш омадани мушкили ҳаракат дар роҳҳои мошингард сохтмони метрои зерзаминии шаҳрӣ як эҳтиёҷи иҷтинобнопазир аст.
“Тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз мебинем, то чанд соли дигар ба як мушкили ҷиддӣ табдил хоҳад шуд. Аз ин хотир, он гуна ки дар урфият мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки метрои зеризаминӣ ба муҳимтарин воситаи ҳаракати мусофирин дар Душанбе табдил хоҳад ёфт, он гуна ки дар калоншаҳрҳои ҷаҳон мо мебинем”, - гуфт Азим Иброҳим.
Бино ба омори расмӣ, нуфуси Тоҷикистон тайи сӣ соли ахир беш аз ду маротиба афзуда, ба ҳудуди 10,5 миллион ва афзойиши аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар зиёда аз 3 баробарро ташкил дода, ба беш аз 1,2 миллион нафар расидааст.
Тарҳи метрои зерзаминӣ дар Душанбе аз сӯи мутахассисони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва ширкатҳои куриёии "Deahan Consultants Co. Ltd" (муҳандисии замину нақб), "Dong Myeong Engineering Consultants & Architecture Co. Ltd" (муҳандисии структивӣ), "Asia Railway Technology" (системаи ситгнал ва алоқа), "Sejong Engineering Co. Ltd" (талаботу тақсимоти барқ) иҷро мешавад.
Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" 14 марти соли 2022 ба имзо расида буд. Дар ин миён 3 семинари омӯзишии ҳузурӣ ва як сафари омӯзишӣ ба Корея бо ширкати мутахассисони ду ҷониб сурат гирифта, ҳудуди 10 вохӯрии Гурӯҳи кории доимии ҳарду кишвар тариқи онлайн баргузор шудааст.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бино ба пешбиниҳо, сохтмони метро аз қаламрави Сирк, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Саъдии Шерозӣ шуруъ шуда, то бозори “Корвон” идома хоҳад кард ва баъд аз он ба ҷониби Корхонаи семент кашида хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ марҳалаи аввали он 10,6 километрро ташкил хоҳад кард.
Суҳроби Нуруллоҳ, сардори шӯъбаи кор бо сармоягузорони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, метро ё роҳи нақлиётии зеризаминӣ дар умқе сохта мешавад, ки ба ягон зерсохтори шаҳр зарар нарасонад.
“Таври маълум, ҳар шаҳр бо зерсохторҳои худ, назири барқу обу алоқа, вуҷуд дорад ва аксари кулли хатҳо аз зери замин кашида шудаанд. Мутахассисон маълум мекунанд, ки баландии метро бояд чӣ қадар ва ҳам чӣ гуна аз маҳалҳои зист, бахусус, аз баландошёнаҳо убур дода шавад”, - гуфт Суҳроби Нуруллоҳ.
Ба қавли ӯ, омодагиҳо барои мутолаоти имконсанҷӣ (ТЭО) ва анҷоми он ба моҳҳои апрел-майи соли оянда пешбинӣ шуда, аз моҳҳои июн-июл тарҳсозии дақиқи сохтмони метро оғоз мешавад.
“Барои анҷоми тамоми ин мароҳил маблағ ҷудо шуда, мутахассисони Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ кор мекунанд. Дар бораи ин ки барои тарҳ чӣ қадар маблағ зарур аст ва сохтмони метро ки соли оянда шуруъ мешавад ё дертар, дақиқан чизе гуфта наметавонем”, - гуфт Суҳроби Нуруллоҳ.
Бино ба иттилои ӯ, сармоягузории тарҳро Бонки содирот ва воридоти Корея “Эксимбонк” ба зимма гирифтааст, ки аз ин қабл марҳилаи омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ-метро дар Душанберо анҷом дода, натоиҷи онро 22 майи соли 2024 рӯнамоӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, метрои зеризаминӣ як эҳтиёҷи иҷтинобнопазир барои пойтахти Тоҷикистон шудааст, зеро он гуна ки дида мешавад, агар ба мавзуъ ҷиддан бархӯрд нашавад, ду-се сол пас дар Душанбе аслан танзими нақлиёти боркашону сабукрав имконнопазир мешавад.
Фаррух Муҳиддинов, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯянд, тарҳи метрои зеризаминӣ аз қабл рӯи даст буд ва як як тарҳи инқилобӣ аст, ки иҷтимоъу иқтисод ва ҳатто фарҳанги шаҳрнишинро тағйир медиҳад.
“Он гуна ки мегӯянд, нақлиёт рагҳои хунгарди иқтисод аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди иқтисоди ҳар кишвар бо ҳаракати озоди нақлиёт ҳамроҳ аст ва Тоҷикистон истисно буда наметавонад. Аз ин хотир, ҳукуматҳо бояд ин масоил ва мушкилотро аз қабл ба баррасӣ гирифта, аз қабл ҳал кунанд”, - гуфт Фаррух Муҳиддинов.
Дар ҳамин ҳол, сокинони Душанбе ба сароҳат ва вазоҳат аз тамбашавии нақлиёт ва зоеъ шудани вақти худ шикоят мекунанд ва қабл аз ҳама ба тарокуми нақлиёт ишора мекунанд, ки ба иллати адам ё нокифоятии зерсохтҳо пеш меояд.
Абубакр Салимов, яке аз онҳо мегӯяд, бахусус, ба истилоҳ, дар соатҳои авҷ – пагоҳу бегоҳ, ки мардум ба кору мактабу донишгоҳ мешитобанд, масалан, дар чаҳорроҳиҳои Гардиши Фурудгоҳ, Садбарг, Текстил ва ғайра тамбашавӣ гоҳо то ним, ҳатто як соат тӯл мекашад.
“Худ мефаҳмед, ки барои, масалан, ба дарс расидан, то танбеҳи устодро нахӯред, 5 дақиқа ҳам муҳим аст. Ё барои тоҷир, он гуна ки мегӯянд, “вақт пул аст” ва ҳам корманди давлат бо карераи худ риск мекунад. Аз ин хотир, метрои зерзаминӣ хеле муҳим аст ва ба бовари ман, ҳаракати одамон дар Душанбе амалан ба зери замин мекӯчад, то вақти худ ва зиндагии худро дурусттар танзим карда бошанд”, - гуфт Абубакр Салимов.
Ба қавли коршиносон, як иллати ба як мушкили умдаи Душанбе табдил ёфтани тамбашавӣ ё раҳбандон пайвастани ҳудудҳои нав ба шаҳр аст, ки тамоми зерсохторҳои заруриро надоранд ва ҳам афзойиши кайҳонии теъдоди мошинҳо дар кишвар аст.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то нимсолаи аввали соли равон дар кишвар ҳудуди 670 ҳазор адад мошини сабукраву боркашон сабти ном шуда, пешбинӣ мешавад, ки то охири сол ба 700 ҳазор расад ва беш аз 30% он ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Мавзӯи сохтмони метро сокинони шаҳрро, ки тайи чанд соли ахир аз роҳбандӣ ва беҳуда сарф шудани вақт дар он шикоят мекарданд, бетараф нагузоштааст.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи як сокин, мушкилтарин вазъ дар чорроҳаҳои гардиши фурудгоҳ, Садбарг ва Текстил аст. Вақте, ки мардум аз кор, мактаб ва донишгоҳҳо ба хона мешитобанд, соатҳо мунтазири нақлиётанд. Дар ин мавзеъҳо баъзан ним ва хатто то як соат метавони мунтазири нақлиёт шавӣ.
"Шумо мефаҳмед, ки ҳатто 5 дақиқа пештар омадан ба дарс ва аз муаллим танбеҳ нагирифтан ин як кори калон аст. Ё тавре соҳибкорон мегӯянд, "ваќт пул аст" ва хизматчии давлатӣ метавонад мансабашро аз даст диҳад. Барои ҳамин метрои зеризаминӣ хеле муҳим аст, агар метро бошад расидан ба ҷойи зарурӣ муҳим аст, чун вақти худро метавон босамар истифода", — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Сокини дигари Душанбе ба ин фикр мувофиқ аст.
"Танбашавии мошинҳо зиёд шудааст, махсусан субҳ, аз Сирк то Танк ҳаракат кардан қариб ғайриимкон аст. Рӯзона, ҳатто дар марказ, бо хиёбони Рӯдакӣ аз сафорати Туркия то СУМ”, — қайд кард ҷавон.
Ба гуфтаи як зани дигар, ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе воқеан нақлиёт зиёд аст, аз ин рӯ бунёди метро зиндагии шаҳрвандонро метавонад осон кунад.
"Аммо шумо бояд фаҳмед, ки он чӣ гуна хоҳад буд, зеро мо дар бораи метрои заминӣ гап мезанем, бешубҳа, коршиносон бо назардошти тамоми хусусиятҳои топографӣ ва минтақаи сейсмикӣ як лоиҳаро таҳия мекунанд Метрои зеризаминӣ пайо хоҳад шуд, аммо бо дарназардошти, албатта, бехатарӣ ва аз ин рӯ, “албатта, агар ин ҳаракати нақлиётро сабук кунад, ба ҳамаи сокинон, бахусус онҳое, ки мошинҳои мусофирбар доранд, фоида меорад”.
Сокини дигар, ки соҳибкор аст бунёди метро дар Душанберо мусбат арзёбӣ кард.
"Барои шаҳрвандон ин маънои ҳаракати зуд дар атрофи шаҳрро дорад, ин маънои коҳиши ҳаракати роҳ, воридшавии пул ва беҳбуди муҳити зистро дорад. Онро зеризаминӣ кардан лозим аст метрои заминӣ симои шаҳрро вайрон мекунад, ки кӯчаҳои марказии он аллакай танганд: Душанбе, махсусан, марказ, ки дар он бинохои наве, зич сохта шудааст, ки сохтмони метро бояд миёни биноҳо гузарад", — гуфт соҳибкор.