https://sputnik.tj/20240930/dushanbe-metroi-zerizamini-mesozand-1064531139.html
Дар Душанбе метрои зеризаминӣ месозанд?
Дар Душанбе метрои зеризаминӣ месозанд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт мегӯяд, ки сохтмони метро дар Душанбе аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавӣ дар кӯчаҳои шаҳр пешгирӣ мекунад
2024-09-30T13:21+0500
2024-09-30T13:21+0500
2024-09-30T18:13+0500
дар тоҷикистон
душанбе
метро
сохтмон
нақлиёт
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102506/52/1025065288_0:257:3072:1985_1920x0_80_0_0_dc999d582a77732b7cab000bd20f8d32.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ахиран дар меҳмонхонаи "Кангурт" - и шаҳри Душанбе семинар оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид.Дар ин семинар вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҷеъ ба хусусиятҳои сохмони метро ва аҳамияти он барои мегаполисҳо изҳори назар намуданд.Аз ҷумла, Вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таъмини сокинони пойтахт бо навъҳои муосири нақлиёти ҷамъиятии аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз масъалаҳои муҳимест, ки зери назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти кишвар ва Мақомоти шаҳри Душанбе қарор дорад.Бино ба гуфти Вазири нақлиёт, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он бастагӣ дорад.Азим Иброҳим қайд кард, ки аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли охир зиёда аз ду маротиба ва шумораи сокинони шаҳри Душанбе зиёда аз 3 маротиб афзудааст.Вазир иброз дошт, ки сохтмони метро дар пойтахти кишвар талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.Вай афзуд, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон омода аст дар ин самт бо ҷониби Корея ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад ва дар доираи имкониятҳои ҳарду кишвар татбиқи ин лоиҳаро марҳила ба марҳила амалӣ намоянд.Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.Тибқи гуфтушунидҳои ахир бо ҷониби Корея, лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" гузаронида мешавад.Ҷалби сармояи хориҷӣ барои асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея сурат гирад.
https://sputnik.tj/20230616/dar-dushanbe-masalai-sokhtmoni-metro-dar-holi-barrasi-ast--1057743717.html
https://sputnik.tj/20230425/khat-kalon-halqashakl-metro-mln-musofir-1056675523.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102506/52/1025065288_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_67ef8e9dd4a30f6bea3069c883156e26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, метро, душанбе, сохтмон, зеризаминӣ, вазири нақлиёт, азим иброҳим
тоҷикистон, метро, душанбе, сохтмон, зеризаминӣ, вазири нақлиёт, азим иброҳим
Дар Душанбе метрои зеризаминӣ месозанд?
13:21 30.09.2024 (Навсозишуда: 18:13 30.09.2024) Вазири нақлиёт мегӯяд, ки сохтмони метро дар Душанбе аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавӣ дар кӯчаҳои шаҳр пешгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ахиран дар меҳмонхонаи "Кангурт" - и шаҳри Душанбе семинар оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид.
Дар ин семинар вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҷеъ ба хусусиятҳои сохмони метро ва аҳамияти он барои мегаполисҳо изҳори назар намуданд.
Аз ҷумла, Вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таъмини сокинони пойтахт бо навъҳои муосири нақлиёти ҷамъиятии аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз масъалаҳои муҳимест, ки зери назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти кишвар ва Мақомоти шаҳри Душанбе қарор дорад.
“Масъалаи баррасии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе борҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон зикр гардида, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрдорию шаҳрсозӣ таъкид гардида буд. Ҳамчунин иқдоми мазкур дар Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба таври мушаххас пешбинӣ гардидааст”, -гуфт вазир.
Бино ба гуфти Вазири нақлиёт, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он бастагӣ дорад.
Азим Иброҳим қайд кард, ки аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли охир зиёда аз ду маротиба ва шумораи сокинони шаҳри Душанбе зиёда аз 3 маротиб афзудааст.
Вазир иброз дошт, ки сохтмони метро дар пойтахти кишвар талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
"Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ мебошад", - гуфт Вазир
Вай афзуд, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон омода аст дар ин самт бо ҷониби Корея ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад ва дар доираи имкониятҳои ҳарду кишвар татбиқи ин лоиҳаро марҳила ба марҳила амалӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Тибқи гуфтушунидҳои ахир бо ҷониби Корея, лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" гузаронида мешавад.
Ҷалби сармояи хориҷӣ барои асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея сурат гирад.