Русия Тоҷикистони қавиро дидан мехоҳад

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиМеждународная межпарламентская конференция, посвященная 30-летию принятия Конституции Республики Таджикистан
Международная межпарламентская конференция, посвященная 30-летию принятия Конституции Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Обуна шудан
Раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки кишвараш аз Тоҷикистон қавӣ манфиатдор аст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Конфронси байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко гуфт, Тоҷикистони қавӣ калиди суботи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки Русия аз Тоҷикистони қавӣ манфиатдор аст ва ин суханони хушку холӣ нестанд, зеро танҳо Тоҷикистони қавӣ калиди суботи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст", - гуфт хонум Матвиенко.
Ба гуфтаи вай, дар шароити бесуботии геополитикӣ ҳарду кишвар якҷоя талош доранд, ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир посух ҷӯянд.
"Мо ба ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ, дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хоса медиҳем", - таъкид кард раиси Шӯрои Федератсияи Русия.
Матвиенко қайд кард, ки қабули Конститутсияи феълии Тоҷикистон дар соли 1994 як ҳодисаи тақдирсоз буд, ки "тараққиёти ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати воҳид, соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ" муайян кард.
Встреча Валентины Матвиенко с Председателем нижней палаты парламента Таджикистана Махмадтоиром Зокирзодой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Матвиенко ба Раҳмон: Боварӣ дорам, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳал мешавад
Вай инчунин ба масъалаи дар Тоҷикистон омухтани забони русиро таъкид кард.
"Мо муносибати бодиққати ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таълими забони русӣ дар ҷумҳурӣ қадр мекунем", - гуфт Матвиенко ва изҳори сипос аз он, кард, ки мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шудааст.
"Ин на танҳо барои Русия ва Тоҷикистон муҳим аст, балки барои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ хеле муҳим аст, мо забони муоширати байни миллатҳоро дорем, ба мо тарҷумонҳо лозим нест", - қайд кард раиси Шӯрои федератсияи Русия.
Ёдовар мешавем, ки Валентина Матвиенко бо ҳайати вакилони Шӯрои федератсия бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0