https://sputnik.tj/20241011/matvienko-rahmon-mushkiloti-muhojironi-tojik-rusiya-1064675997.html
Матвиенко ба Раҳмон: Боварӣ дорам, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳал мешавад
Матвиенко ба Раҳмон: Боварӣ дорам, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳал мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои федератсияи Русия дар суҳбат бо раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, мушкилоти муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳал хоҳад шуд
2024-10-11T09:36+0500
2024-10-11T09:36+0500
2024-10-11T09:36+0500
дар тоҷикистон
русия
эмомалӣ раҳмон
валентина матвиенко
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0a/1064667256_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_add7031b02d1e818c44414334a30b1af.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро, ба таври созанда ва бидуни эҳсосот баррасӣ намудааст."Мо, аз ҷумла, масъалаҳои мубрам, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардем, аммо масоил ба таври созанда, мутамаддин, бидуни эҳсосот ва сару садоҳои бархе нафарон, ба хусус аз хориҷ, ки мехостанд миёни Тоҷикистону Русия тафриқа андозанд, баррасӣ шуданд. Ин аз дасти касе намеояд”, - гуфт Матвиенко дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон.Вай боварӣ дорад, ки "одамоне, ки чунин фикр мекунанд, бар хилофи манфиатҳои кишвари худ кор мекунанд"."Эҳсос кардам, ки президент ҳама гуна тундгароии нолозим дар муносибатҳои моро аз байн мебарад", - гуфт раиси Шӯрои Федератсияи Русия.Хонум Матвиенко изҳори боварӣ кард, ки роҳи ҳал пайдо мешавад, ки ба манофеи ҳарду кишвар ҷавобгӯ хоҳад буд.Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард.Ёдовар мешавем, ки қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар дар Душанбе аз вазъе, ки дар Русия атрофи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷараёни чорабиниҳои марбут ба танзими ин кишвар ба вуҷуд омадааст, изҳори нигаронӣ кард.Бино ба иттилоъи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ, ба Русия барои кор рафтаанд дар муқойиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15% коҳиш ёфтааст.Ба иттилои вазорат, дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.
https://sputnik.tj/20241010/rahmon-matvenko-hamkori-mintaqaho-kishvar-omili-robitaho-1064670831.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0a/1064667256_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f0c571f3883222967a6c3a52cca203da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, муҳоҷират, матвиенко, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, муҳоҷират, матвиенко, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон
Матвиенко ба Раҳмон: Боварӣ дорам, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳал мешавад
Раиси Шӯрои федератсияи Русия дар суҳбат бо раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, мушкилоти муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳал хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро, ба таври созанда ва бидуни эҳсосот баррасӣ намудааст.
"Мо, аз ҷумла, масъалаҳои мубрам, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардем, аммо масоил ба таври созанда, мутамаддин, бидуни эҳсосот ва сару садоҳои бархе нафарон, ба хусус аз хориҷ, ки мехостанд миёни Тоҷикистону Русия тафриқа андозанд, баррасӣ шуданд. Ин аз дасти касе намеояд”, - гуфт Матвиенко дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Вай боварӣ дорад, ки "одамоне, ки чунин фикр мекунанд, бар хилофи манфиатҳои кишвари худ кор мекунанд".
"Эҳсос кардам, ки президент ҳама гуна тундгароии нолозим дар муносибатҳои моро аз байн мебарад", - гуфт раиси Шӯрои Федератсияи Русия.
Хонум Матвиенко изҳори боварӣ кард, ки роҳи ҳал пайдо мешавад, ки ба манофеи ҳарду кишвар ҷавобгӯ хоҳад буд.
"Имрӯз равобити Русия ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногун дар заминаи судманд бунёд шуда, дар сурати пеш омадани ягон мушкил дар арсаи дипломатӣ, дар соҳаи байниидоравӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад", - афзуд Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар дар Душанбе аз вазъе, ки дар Русия атрофи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷараёни чорабиниҳои марбут ба танзими ин кишвар ба вуҷуд омадааст, изҳори нигаронӣ кард.
Бино ба иттилоъи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ, ба Русия барои кор рафтаанд дар муқойиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15% коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои вазорат, дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.