https://sputnik.tj/20241010/shirkat-koreyagi-danghara-korkhona-istehsol-plastinahoi-oftobi-1064654641.html
Ширкати кореягӣ дар Данғара корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ месозад
Ширкати кореягӣ дар Данғара корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд
2024-10-10T10:41+0500
2024-10-10T10:41+0500
2024-10-10T10:41+0500
дар тоҷикистон
корея
мақомот
коргоҳ
саноат
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/09/1064653922_0:113:1200:788_1920x0_80_0_0_fa022b735ea5452e418874262b78c68c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Масъалаи татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе барасӣ гардид.Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи тақвияти корҳо дар ин самт ибрози омодагӣ карда шуд.Ҳамзамон ҷонибҳо сатҳи ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими Кореяи Ҷанубӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки ахиран лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" гузаронида мешавад.Моҳи марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки ҷалби сармояи хориҷӣ барои асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея сурат гирад.
https://sputnik.tj/20231208/tojikiston-koreya-muhojironi-korii-zabondon-1060789437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/09/1064653922_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_bdeb527c0250412ce3735f3b1f19cdc4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея, корхона, истеҳсол, пластина, офтобӣ, данғара
тоҷикистон, корея, корхона, истеҳсол, пластина, офтобӣ, данғара
Ширкати кореягӣ дар Данғара корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ месозад
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Масъалаи татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе барасӣ гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи тақвияти корҳо дар ин самт ибрози омодагӣ карда шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо сатҳи ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими Кореяи Ҷанубӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" гузаронида мешавад.
Моҳи марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки ҷалби сармояи хориҷӣ барои асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея сурат гирад.