Намоишномаи “Стоп террор” дар Хуҷанд ба саҳна гузошта шуд, мақсади он чист? – видео

Обуна шудан
Мавсими нави ҳунарманоӣ дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо номишномаи ҷадид ва дар мавзӯи мубрами рӯз бо номи “Стоп террор” (Нест бод терроризм) оғоз шуд
Чи гуна фирефта шудани як ҷавон, фарзанди раиси як маҳалла аз дасти як зани ноаён ва мунфаҷир шудани мошини ҳомили ҳамсар ва фарзанди худаш ва дар ниҳоят ошкори ин амалкарди ифротгароёнаи он ҷавон ва ба дасти пулис афтодану ба маҳкама кашидани вай ҷузъе аз эпизодзодҳои намоишнома аст, ки хеле муассиру риққатовар аст.
Намоишномаи “Стоп террор” – драммаи публисистӣ буда аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус ва коргардонии Суҳроб Шейхов рӯи саҳна омадааст.
“Ашраф – террор” нақши марказӣ дар ин намоишнома гуфта мешавад, ки онро Ҳикматулло Аҳадов, ҳунарпешаи театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо маҳорати том ба иҷро расонидааст.
Театри Айнӣ мавсими навро бо намоиши операи "Рӯдакӣ" оғоз кард - видео
Намоишномаи “Стоп террор”, баъди ҳодисаҳои Крокус Сити Холи Маскав манзури тамошобинон гардонида мешавад ва мақсади он ҳам пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоиву террористӣ аст.
Умар Алиев, проффессори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва ёвари коргарони театри ба номи К. Хуҷандӣ мегуяд, халқи тоҷик аз азал нисбат ба аҳли оила, нисбат ба авлод, нисбат ба сарзамини худ вафодор буданд, мутаасифона имрӯз ҷавонони моро гумроҳ мекунанд ва мехоҳанд ин ҳама хислатҳои хуби инсониро барҳам зананд.
“Ҳадафи намоишнома ҳам ҳамин аст, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил нашаванд. Фикр карда кор кунанд. Мо бояд диламонро қавӣ дорем, ба сарзамини худ, ба сарвари кишвари худ, ба онҳое, ки доимо ба мо некӣ меоранд бояд вафодор бошем” – гуфт, ӯ.
Ҳикматулло Аҳадов, ҳунарпешаи театри К. Хуҷандӣ мегуяд, мавзӯи терроризм ҳоло аз ҳар вақти дигар доғ шудааст ва мо ҳунармандон ҳам бо гузоштани ин намоишнома ба саҳна мехоҳем аз тариқи театр ба ҳамагон паём бирасонем, ки бо роҳи рост бираванд ва ба фиребу найранги ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо бовар накунанд.
Ваъда доданд, аммо тахриб мекунанд: нигоҳи вопасин ба чойхонаи "Роҳат".
Мавлуда Шарифзода, рӯзноманигори Хуҷанд иброз намуд, ки яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ аз надоштани донишу савод ва касбу ҳунар аст. Ӯ, зимни суҳбат ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват кард ва гуфт, ки чунин намоишномаҳои театрӣ ба манфияти худи ҷавонон аст.
“Бештар тамошо кунанд, хулосаҳои зарурӣ бароранд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунанд”- таъкид кард, Шарифзода.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи “Стоп террор” ба театр рафт ва онро ба дурвини худ сабт кард.
Лентаи хабарҳо
0