Ваъда доданд, аммо тахриб мекунанд: нигоҳи вопасин ба чойхонаи "Роҳат".

© Sputnik / Валерий Шустов / Гузариш ба медиабонкПосетители чайханы "Рохат" в Душанбе играют в шахматы.
Посетители чайханы Рохат в Душанбе играют в шахматы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2024
Обуна шудан
Масъулин аз тахриби як ёдгории нодири меъмории миллии тоҷикон хабар доданд, ҳарчанд камтар аз ду сол пеш мустақиман изҳор доштанд, ки онро тахриб нахоҳанд кард.
Тирамоҳи соли 2022 техникаи сохтмонӣ ба тахриби биноҳои шафати чойхона шурӯъ кард. Бо дарназардошти он, ки "Роҳат" рамзи шаҳр ва яке аз биноҳои зебои пойтахт бо услуби миллӣ аст, аҳли ҷомеа аз ин ҳол нигарон шуд.
Баъдан раиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода эълон кард, ки танҳо биноҳои ёрирасон, ки баъдтар сохта шудаанд ва арзиши фарҳангиву таърихӣ надоранд, тахриб мешаванд. Ва, албатта, ба худи чойхонаи машҳур даст намезананд.
Аммо дар нишасти матбуотии моҳи июли соли равон роҳбарияти Кумита ногаҳон эълон кард, ки чойхонаи "Роҳат" ва Театри ба номи Лохутӣ, ки дар канори чойхона ҷойгир аст ва ба забони тоҷикӣ спектаклҳо ба саҳна мегузорад, "ба рӯҳияи замон мувофиқ нестанд" ва масъалаи тахриби онҳо дар ояндаи наздик пурра ҳал мешавад.
ТВ Сафина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Нигоҳи охирин ба “Сафина”: бинои машҳур бо чӣ хотирмон буд
Масъулон мушаххас накарданд, ки биноҳо ба кадом “рӯҳияи замон” мувофиқ нестанд. Шояд сухан дар бораи замоне меравад, ки дар мавзеи ёдгориҳои нотакрор бо ифтихори фарҳанги миллии тоҷикон бояд биноҳои баландошёнаи маъмулии якранг бо услуби туркӣ бунёд гарданд, ки дар ҳама кишварҳо симои фарқкунанда надоранд.
Иваз кардани мероси шӯравӣ, чун баъзе ватандӯстони қалбакии хеле хашмгин ва начандон саводнок моро бовар мекунонанд ба ин рабте надорад, зеро ҳатто аз ҷониби меъморони шӯравӣ чойхона ҳамчун ёдгории хоси санъати халқии тоҷик сохта шуда буд, на чун “музаффарияти” сотсиализм. Ва театри ба номи Лоҳутӣ ҳам, чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ дар замони мо танҳо ҳадафи интишори фарҳанг ва адабиёти форсу тоҷик дошт ва дорад.
Ҳоло бошад, то пурра хароб шудани чойхонаву театр шуморо даъват менамоем, ки бори дигар ба онҳо назар андозем ва таърихи бунёди биноҳои нотакрорро ба ёд орем.
Чойхонаи "Роҳат" 22 июни соли 1958 ифтитоҳ ёфт ва аз номаш маълум, ки ҳадафи асосиаш таъмини истироҳати бофароғати шаҳрвандони одӣ мебошад.
© SputnikЧайхана Рохат, архивное фото
Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Чайхана Рохат, архивное фото
Чойхона дар хиёбони назди Театри сабзи тобистона бунёд гардид. Дар омодасозии лоиҳаи сохтмон меъмори намоён Константин Терлетский ва муҳандис Даниил Гендлин иштирок карда, устоди халқӣ Мирзораҳмат Алимов ғояи асосии ин иншоотро амалӣ намуда, онро бо услуби миллии халқӣ тарҳрезӣ кардааст.
Оқибат дар чорроҳаи ду кӯчаи асосии пойтахт марвориди меъмории миллӣ - як бинои дуошёна бо айвонҳои кушод, шифтҳои рангубор ва сутунҳои кандакорӣ дар рӯҳияи қасрҳои форсӣ ва инчунин бо шишаҳои рангоранг (мозаика) ба вуҷуд омад. Ҳамаи ин ба бино намуди махсуси шарқӣ ва боҳашамат ато намуд, ки ба меъмории шӯравӣ хос набуда, вале дар айни замон нақшу нигори эҷодиёти халқиро инъикос мекунад.
Дар аввал чойхонаро пайраҳаҳои сояафкан ва фаввораҳои хурд иҳота карда буданд, ки дар он ҷо барои истироҳат дар гармои тобистон катҳои бароҳат ҷо дода шуданд, ки дар аксҳои кӯҳнаи он даврон баръало дида мешавад.
© Sputnik / Макс Альперт / Гузариш ба медиабонк

Чайхана "Рохат"

Чайхана "Рохат" - Sputnik Тоҷикистон
1/5

Чайхана "Рохат"

© Sputnik / Амир Исаев

Чайхана "Рохат"

Чайхана "Рохат" - Sputnik Тоҷикистон
2/5

Чайхана "Рохат"

© Sputnik / Махпора Киромова

Чайхана "Рохат"

Чайхана "Рохат" - Sputnik Тоҷикистон
3/5

Чайхана "Рохат"

© Sputnik / Махпора Киромова

Чайхана "Рохат"

Чайхана "Рохат" - Sputnik Тоҷикистон
4/5

Чайхана "Рохат"

© Sputnik / Махпора Киромова

Чайхана "Рохат"

Чайхана "Рохат" - Sputnik Тоҷикистон
5/5

Чайхана "Рохат"

1/5

Чайхана "Рохат"

2/5

Чайхана "Рохат"

3/5

Чайхана "Рохат"

4/5

Чайхана "Рохат"

5/5

Чайхана "Рохат"

Дар наздашон гулҳои садбарг мерӯиданд ва бедонаҳо суруд мехонданд. Дар бинои чойхона филми "Ман бо духтаре вохурдам" ба навор гирифта шуда буд ва умуман дар ин ҷо деҳқонони оддии ба шаҳр омада, коргарон, коркунони идораҳо, намояндагони зиёиён тез-тез чамъ меомаданд.
Тавре куҳансолони пойтахт ба ёд меоранд, дар чойхонаи “Роҳат” ҳамеша лағмони болаззаттарин дар шаҳр, шӯрбо, кабоб, манту ва палави хушбӯй пешкаш мешуд. Нонҳо ва самбуса – фақат аз тандур. Афсӯс, ки дар даҳ соли охир шӯҳрати ошпазии чойхонаи "Роҳат" мисли даврони ошпазҳои боинсоф аз байн рафтааст.
Баъдтар, дар назди бинои асосӣ маҳз ҳамон биноҳои ёрирасон пайдо шуданд, ки дар давоми ду соли охир тадриҷан тахриб шуда буданд. Инчунин тарабхонаи "Роҳат" он ҷо мавҷуд буд, ки дар ҷои он ҳоло танҳо чоҳи сохтмонӣ боқӣ мондааст.
На танҳо чойхонаи "Роҳат", балки бинои театре, ки ба номи классики адабиёти муосири тоҷик Абдулқосим Лоҳутӣ гузошта шудааст, тахриб мешавад. Он дар солҳои 1950 аз рӯи тарҳи меъмор Бобохонов бо услуби неоклассикӣ, ки хоси бисёр биноҳои хиёбони Рӯдакӣ мебошад, сохта шудааст. Театрро сутунҳо, аркҳои борик ва кандакориҳо оро медод, ки Персеполис, инчунин қасру масҷидҳои зебои Эрон ва Осиёи Миёнаро ба ёд меоранд.
© Sputnik / StringerТеатр имени А. Лахути. Архивное фото
Театр имени А. Лахути. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Театр имени А. Лахути. Архивное фото
Имрӯз ғайр аз театри асосӣ, ки ба забони тоҷикӣ намоишномаҳо нишон медиҳад, театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский низ дар бинои театр қарор дорад. Соли 2017 бинои он низ тахриб шуд ва аз он замон инҷониб даста дар ин ҷо кор карда, намоишномаҳои муваффақ, вале дар саҳнаи дигарон ҳамчун меҳмон ба намоиш мегузорад. Шояд коргарони театри ба номи Лоҳутиро низ чунин қисмат интизор бошад.
Ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки ду бинои дигари таърихие, ки маркази Душанберо оро медиҳанд, кай тахриб хоҳанд шуд. Тавре таҷриба нишон медиҳад, ба ҷуз аз ҳодисаи кӯчонидани хона-осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ, фаъолони шаҳрвандӣ бо вуҷуди муроҷиат ба мақомот ва раиси шаҳри Душанбе то ҳол натавонистаанд ягон бинои дигареро аз тахриб дифоъ кунанд.
На ситоиши биноҳо аз ҷониби сайёҳону ҳайатҳои Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ва на он, ки дар соли 2017 шабакаи телевизионии амрикоии CNN "Роҳат"-ро дар миёни беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дод, чойхонаву театрро наҷот дода натавонист. Ҳатто дар Русия, вақте муҳоҷирон аз Тоҷикистон чойхонаҳои зиёде боз мекунанд, гаронарзиштарин ва зеботарини онҳо кӯшиш мекунанд, ки нақшу нигори “Роҳат” ва дигар чойхонаҳоро бо услуби миллӣ нусхабардорӣ кунанд.
Албатта, масъулин ваъда доданд, ки бренди "Роҳат" ва театри ба номи Лоҳутиро ҳифз намуда, ба онҳо ҷои нав медиҳанд. Аммо ин барои наҷоти худи биноҳои нодир мусоидат намекунад ва ба ваъдаҳои Кумитаи меъморӣ ҳам баъди соли 2022 дар бораи пешгирии тахриби “Роҳат” дигар бовар кардан мумкин нест.
Лентаи хабарҳо
0