Эълони қурби асъор дар Тоҷикистон: бо рубл чӣ шуд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2024
Обуна шудан
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст ва ноустувории он боиси нигаронии аксар муҳоҷирин шудааст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифи хориҷӣ эълом кард.
Ҳамин тариқ қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ ҳафтаро бо каме поинравӣ оғоз кардааст.
Дар ҳоли ҳозир як ҳазор рубл ба 114,5 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба нишондоди ҳафтаи гузашта 0,2 сомонӣ поинтар аст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллари амрикоӣ рӯ ба афзоиш дошта, ҳоло дар сатҳи 10,6506 сомонӣ қарор дорад, ки дар охири ҳафтаи қаблӣ ба 10,6475 баробар буд.
Дар мавриди пули аврупоӣ бошад, он низ гаронтар шуда, агар пеш аз рӯзҳои истироҳат ба ҳар евро 11,8730 сомонӣ медоданд, ҳоло бошад бо қимати 11,8882 медиҳанд.
Долларовые купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2024
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба ҳолати 16 сентябр бошад чунин муқаррар шудааст:
1 доллар – аз 10.6506 то 10.6700 сомонӣ,
1 евро – аз 11.8882 то 11.6000 сомонӣ сомонӣ,
1 рубли русӣ – 114,5 то 114 сомонӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Лентаи хабарҳо
0