Хати калони ҳалқашакли метро ҳамарӯза наздики 1 млн мусофир мекашонад

© Foto / Пресс- Служба Департамента транспорта МосквыСтанция БКЛ "ЦСКА"
Станция БКЛ ЦСКА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Нафъ аз кушодашавии Хати калони ҳалқашакли (БКЛ) метрои Маскав ба ҳамаи сокинони шаҳр расид. Бисёри сокинон аз истифодаи мошини шахсӣ ба метро гузаштанд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ҳудуди 80 ҳазор нафар мусофирони нав, ки савори нақлиёти шахсӣ, мошини кирокаш (таксӣ) ва ҳам мошинҳои иҷора (каршеринг) буданд, акнун аз БКЛ истифода мебаранд.
Стансияҳои нави метрополитен на фақат дастрасии ноҳияҳои шаҳр ба нақлиёт ва аз як ҷо ба ҷои дигар рафтанро осонтар намуданд, балки худи дарки фазои шаҳрро дигаргун сохтанд. Ба шарофати ба кор даромадани БКЛ-и Метрополитени Маскав теъдоди автомобилҳо дар роҳҳои шаҳр ба 15-17 ҳазор адад кам шуд.
Айни замон БКЛ ҳамарӯза то як миллион нафар мусофир мекашонад, то охири сол бошад ин рақам ба 30% афзуда метавонад.
Аз ҳама стансияҳои машҳур стансияҳои "Соколники", "Каширская" ва "Текстилшики" гаштанд. Дар як вақт сарбории дигар шохаҳои метро ва нуқтаҳои гузариш аз як хати метро ба дигараш сабуктар шуд. Бо хатсайрҳои нав мусофирон ҳамарӯза то 45 дақиқа вақташонро сарфа намуда метавонанд.
Станция Новослободская Кольцевой линии московского метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Шоҳкорӣ дар зери замин — 18 акс аз метрои Маскав
БКЛ теъдоди рекордии стансияҳои гузариш ба хатҳои дигарро дорад – 47 адад: ба стансияҳои дигари метро ва ба Ҳалкаи марказии метрои шаҳр (МТсК) бо назардошти стансияҳои сохтамешуда ва ба хатҳои роҳи оҳан.
Дарозии БКЛ – 70 км буда, 31 стансия ва элетродепо (ки он ҷо ба қатораҳо хизмати техникӣ расонида мешавад) дорад.
Дарозии Хати ҳалқашакли “кӯҳна”-и метрои Маскав бо 12 стансияаш 19,4 км-ро ташкил медиҳад – аз БКЛ 3,5 маротиба кӯтоҳтар. БКЛ дар дарозӣ аз чемпиони пештараи ҳалқаҳои метрои зеризаминӣ – ҳалқаи дуюми метрои пекинӣ – 13 км тӯлонитар аст ва акнун хати ҳалқашакли аз ҳама тӯлонӣ дар ҷаҳон аст.
Шароит барои мусофирон роҳаттар шуд, охир вагонҳои қатораҳои БКЛ аз силсилаи "Москва-2020" буда, дарҳои васеъ доранд, гузаргоҳҳои байни вагонҳо фарохтар аст, ҳар як курсӣ нуқтаи пур кардани барқи телефонро дорад.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Вагонҳо бо рӯйпӯшҳои муҳофиза аз садо пӯшонида шудаанд, кондитсионерҳо дар баробари додани ҳавои гарм ё сард, онро тоза ҳам мекунанд, равшанидиҳӣ бошад вобаста аз вақти шабонарӯз дигар мешавад.
“БКЛ – яке аз аз лоиҳаҳои калонтарин дар ҷаҳон дар бунёди метро аст. Ва он барои рушди Маскав басо даркориву зарурӣ мебошад ва ин лоиҳа таҳти сарпарастии бевоситаи мири шаҳр Сергей Собянин амалӣ гардидааст", - гуфт ҷонишини мири Маскав, Максим Ликсутов.
Вай афзуд, БКЛ захираҳои калони мусофиркашонӣ дорад ва барои рушди ояндаи соҳа барои чанд соли оянда асос гузошт.
Матлаб бар асоси тиҷоратӣ нашр шудааст
Лентаи хабарҳо
0