https://sputnik.tj/20240929/smm-meguyand-vkkh-ima-yak-buro-taqsimot-lavozimot-jang-tabdil-1064520744.html
Дар ҳошияи СММ мегӯянд, ВКХ ИМА ба як бюрои тақсимоти лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст
Дар ҳошияи СММ мегӯянд, ВКХ ИМА ба як бюрои тақсимоти лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дипломатҳо аллакай дар бораи он фикр мекунанд, ки дипломатияи Америка дар ҳошияи иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид худро аз эътибор соқит кардааст
2024-09-29T18:29+0500
2024-09-29T18:29+0500
2024-09-29T23:22+0500
сиёсат
има
дар ҷаҳон
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0c/1056406964_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_f04dfd5c08fca62078c15a60c7ecd0d7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Иштирокчиёни иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи он, ки Департаменти давлатии ИМА ба як бюрои тақсими лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст, баҳс мекунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод. Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар чорабиниҳои ҳафтаи баландпояи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ширкат дошт ва дар ҳошияи он даҳҳҳо дидору мулоқот доир карда, нишасти хабарие низ гузаронид.Ӯ дар бораи амалиёти вижа гуфт, ки дар Украина мо Ғарбро мағлуб хоҳем кард, зеро онҳо забони дигарро намефаҳманд ва "ин пирӯзӣ ба даст меояд, мо ҳеҷ шубҳа надорем".Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ҳамчун "ҳалкунанда" ихтилофҳоро дар саросари ҷаҳон боз ҳам шадидтар мекунад, "ягон ҳолате нест, ки дахолати Ғарб ба ягон чизи хуб оварда расонад". Мисоли ахир Украина ва бархӯрди Фаластину Исроил аст. Вай афзуд, СММ дар мавриди ҳамла ба минтақаи Курск бо истифода аз силоҳи ғарбӣ хомӯш монданро афзал медонад, ки ситоиши ҷиноятҳои Киев барои Ғарб дар СММ як нуқтаи ҳатмӣ шудааст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бояд мавқеи бетарафро ишғол кунад, ки ин банди Оиннома бояд риоя карда шавад. Лавров таъкид кард, ки кишварҳои Аврупои Шарқӣ бояд фаҳманд, ки "хоҷагони" онҳо дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба онҳо эътимод надоранд.
https://sputnik.tj/20240530/lavrov-ima-otash-nizo-khovar-miyona-ravghan-1063027491.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0c/1056406964_190:0:1630:1080_1920x0_80_0_0_711dad129364f38b6ffc0354a2fcde14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм вкх има тақсимот лавозимот ҷангӣ табдил
смм вкх има тақсимот лавозимот ҷангӣ табдил
Дар ҳошияи СММ мегӯянд, ВКХ ИМА ба як бюрои тақсимоти лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст
18:29 29.09.2024 (Навсозишуда: 23:22 29.09.2024) Дипломатҳо аллакай дар бораи он фикр мекунанд, ки дипломатияи Америка дар ҳошияи иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид худро аз эътибор соқит кардааст
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Иштирокчиёни иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи он, ки Департаменти давлатии ИМА ба як бюрои тақсими лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст, баҳс мекунанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Дар ҳошияи СММ онҳо баҳс мекунанд, ки Департаменти давлатии ИМА ба як бюрои тақсими лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст ва дипломатияи амрикоӣ худро аз эътибор соқит кардааст", - навиштааст дипломат дар канали телеграм-каналаш.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар чорабиниҳои ҳафтаи баландпояи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ширкат дошт ва дар ҳошияи он даҳҳҳо дидору мулоқот доир карда, нишасти хабарие низ гузаронид.
Ӯ дар бораи амалиёти вижа гуфт, ки дар Украина мо Ғарбро мағлуб хоҳем кард, зеро онҳо забони дигарро намефаҳманд ва "ин пирӯзӣ ба даст меояд, мо ҳеҷ шубҳа надорем".
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ҳамчун "ҳалкунанда" ихтилофҳоро дар саросари ҷаҳон боз ҳам шадидтар мекунад, "ягон ҳолате нест, ки дахолати Ғарб ба ягон чизи хуб оварда расонад". Мисоли ахир Украина ва бархӯрди Фаластину Исроил аст.
Вай афзуд, СММ дар мавриди ҳамла ба минтақаи Курск бо истифода аз силоҳи ғарбӣ хомӯш монданро афзал медонад, ки ситоиши ҷиноятҳои Киев барои Ғарб дар СММ як нуқтаи ҳатмӣ шудааст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бояд мавқеи бетарафро ишғол кунад, ки ин банди Оиннома бояд риоя карда шавад.
Лавров таъкид кард, ки кишварҳои Аврупои Шарқӣ бояд фаҳманд, ки "хоҷагони" онҳо дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба онҳо эътимод надоранд.