Лавров: ИМА ба оташи низоъ дар Ховари Миёна равған мерезад

© Foto / Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД РФ С. Лаврова с главами аккредитованных в Москве дипмиссий
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с главами аккредитованных в Москве дипмиссий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2024
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарчанд аз ҳалли масъалаи Фаластин ҷор мезанад, аммо дар асл ба оташи низоъ дар Ховари Миёна равған мерезад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида дар баробари ба таври оммавӣ эълони ҳалли одилонаи масъалаи Фаластин, дар ҳақиқат ба оташи ҷанг дар Шарқи Наздик равған меандозанд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар дод.
"Амрикоиҳо дар бораи тааҳҳудоти худ ба ҳалли одилонаи мушкили Фаластин идома медиҳанд, аммо дар амал онҳо саховатмандона ба оташи муқовимати мусаллаҳона равған мерезанд",- гуфт Лавров.
Вай қайд кард, ки дар тӯли шаш моҳ Вашингтон ба қабули қарори оташбас дар Шӯрои Амнияти СММ монеъ шуд, ки "аслан чароғи сабз барои тахриби навори Ғаззаро равшан кард".
Вақте моҳи марти соли ҷорӣ "амрикоиҳо маҷбур шуданд, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ кунанд, Шӯрои амният қатъномаро, ки қатъи амалиёти чангро талаб мекунад, маъкул донист, намояндаи ШМА бе хиҷолат гуфт, ки ҳуҷҷати Шӯрои амнияти СММ ҳатмӣ нест, гуфт вазир.
Флаг Организации Объединенных Наций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2024
Русия аз пазируфтани Фаластин ба СММ пуштибонӣ кард
"Эъломияи Вашингтон дар бораи боздоштани интиқоли лавозимоти ҷангӣ ба Исроил ба як навъи лавозимоти ҷангӣ - бомбаҳои ҳавопаймоӣ - ва танҳо аз "як гурӯҳи кӯмаки кӯтоҳмуддат" таъсир расонд. Пас аз чанд рӯз Палатаи намояндагони Конгресси ИМА лоиҳаи қонунро дар бораи лағви "танаффус"-и интиқоли силоҳ ба Исроил тасдиқ кард. Агар ҳуҷҷати тайёркардаи ҷумҳурихоҳон дар сенат қабул шавад, он ба Қасри Сафед имкон намедихад, ки аз ёрии ҳарбӣ ба Тел-Авив даст кашад",- гуфт дар хотима Лавров.
Ӯ таъкид кард, ки таҷрибаи равобити Маскав бо амрикоиҳо "ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ба изҳороти Амрико набояд бовар кард".
"Мо мехостем, ки муддати тӯлонӣ ба онҳо бовар кунем, музокирот кардем, тавофуқҳо бастем, аммо баъдан маълум шуд, ки Вашингтон ҳама ваъдаҳои худро, ки дар коғаз ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ сабт шудааст, иҷро карданӣ нест", - таъкид кард Лавров. .
Лентаи хабарҳо
0