КҲФ: ба Суғду НТҶ офати табиӣ таҳдид мекунад

© Sputnik Последствия сходя селя. Архивное фото
Последствия сходя селя. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз хавфи офати табиӣ ҳушдор дода, сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар як қатор ноҳияиҳои Суғд ва тобеи ҷумҳурӣ эҳтимол рӯзҳои 27 ва 28 сентябр сел ояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
"Рӯзҳои 27-28 сентябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо эҳтимол дорад", - омадааст дар хабари Кумита.
Бинобар хавфи сар задани офати табиӣ, ин ниҳод сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.
Аз ҷумла тавсия дод, ки барои пешгирӣ кардан аз воридишавии селоба ба хонаҳо, сокинон бояд сари вақт ҷӯйборҳо, каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву сангу рег тоза кунанд.
Строительство новых домов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2024
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор соҳиби хона мешаванд
Илова бар ин, рафтан ба шикору моҳидорӣ, ҷамъ овардани ҳезум ва чоронидани чорво тавсия дода намешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ хост, ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0