https://sputnik.tj/20240813/sokinoni-ofati-tabii-zarardidai-farkhor-sohibi-khona-1063917081.html
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор соҳиби хона мешаванд
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор соҳиби хона мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати ноҳияи Фархор мегӯяд, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия 36 манзили истиқоматӣ сохта мешавад
2024-08-13T12:46+0500
2024-08-13T12:46+0500
2024-08-13T12:46+0500
дар тоҷикистон
офати табиӣ
хона
сокинон
манзил
фархор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_352:165:1024:543_1920x0_80_0_0_8365b3fff33bff3ca071f5348f70bca8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад.Дар ин бора муовини якуми раиси ноҳияи Фархор Баҳодур Каримзода хабар додааст.Мақомоти ноҳия қайд кардааст, ки барои сохтмони манзили истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, дар айни замон 70% сохтмон ба итмом расонида шудааст.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар ба сокинон аз қабили семент, арматура, тахта, мавод барои таҳкурсии хонаҳо (сангу шағал), хишт ва дигар маҳсулот кумак расонидааст.Инчунин аз ҷониби мақомоти ноҳияи Фархор хати барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дид.
https://sputnik.tj/20240813/hushdor-seli-piryakhi-tojikiston-1063914153.html
фархор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_336:65:1024:581_1920x0_80_0_0_5378492dbd9e7f20f701bd36b4cb9a45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сокинон, офати табиӣ, ноҳияи фархор, манзили истиқоматӣ
тоҷикистон, сокинон, офати табиӣ, ноҳияи фархор, манзили истиқоматӣ
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор соҳиби хона мешаванд
Ҳукумати ноҳияи Фархор мегӯяд, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия 36 манзили истиқоматӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора муовини якуми раиси ноҳияи Фархор Баҳодур Каримзода хабар додааст.
Мақомоти ноҳия қайд кардааст, ки барои сохтмони манзили истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, дар айни замон 70% сохтмон ба итмом расонида шудааст.
“Сохтмон дар ду баст ҷараён дошта, кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд сангфарш гардидаанд”, - қайд кардааст Баҳодур Каримзода.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар ба сокинон аз қабили семент, арматура, тахта, мавод барои таҳкурсии хонаҳо (сангу шағал), хишт ва дигар маҳсулот кумак расонидааст.
Инчунин аз ҷониби мақомоти ноҳияи Фархор хати барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дид.