Миёни кишварҳои ИИАО пасттарин фоизи қарз дар Белорус будааст

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗнак процента в витрине.
Знак процента в витрине. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2024
Обуна шудан
Дар фасли тобистон фоизи қарзҳои бонкҳо бо пули миллӣ дар Белорус аз ҳама пасттарин миёни кишварҳои ИИАО будааст
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи маълумоте, ки департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё нашр кардааст, дар охири нимсолаи якуми соли ҷорӣ фоизи қарзҳои бонкҳои Белорус нисбат ба фоизи бонкҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ду баробар камтар будааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, меъёрҳои миёнавазни қарзҳои тиҷоратӣ дар Белорус аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи дуюми соли 2024 барои қарзҳои кӯтоҳмуддат 9,8% ва барои қарзҳои дарозмуддат 10,1% будаааст.
Барои мисол дар Арманистон ин рақамҳо мутаносибан 11,3 ва 13%, дар Русия 17,2 ва 14,7%, дар Қирғизистон 18 ва 17,3%, дар Қазоқистон 18 ва 23,3% мебошад.
ЕАЭС и ОАЭ провели четвертый раунд переговоров по соглашению об экономическом партнерстве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2024
АМА ва ИИАО мехоҳанд созишномаи дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расонанд
Аммо аз рӯи қарзҳои асъори хориҷӣ барои шахсони ҳуқуқӣ, меъёри миёнавазни Беларус баландтарин дар ИИАО будааст - 14,5% барои қарзҳои "кӯтоҳ".
Дар дигар кишварҳои узви Иттидодия аз 7,1 то 9,2 фоизро ташкил медидад.
Қарзҳо дар Белорус аз аввали соли ҷорӣ арзонтарин дар ИИАО боқӣ мондаанд. То 1 апрель онҳо дар ин кишвар назар ба Русия қариб ду баробар поинтар буданд.
Лентаи хабарҳо
0