АМА ва ИИАО мехоҳанд созишномаи дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расонанд

© Foto / Пресс-служба ЕЭКЕАЭС и ОАЭ провели четвертый раунд переговоров по соглашению об экономическом партнерстве
ЕАЭС и ОАЭ провели четвертый раунд переговоров по соглашению об экономическом партнерстве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2024
Обуна шудан
Намояндагнони ИИАО бо мақомоти Аморати Муттаҳидаи Араб масъалаи ба имзо расонидани созишнома дар бораи ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Намояндагони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Имороти Муттаҳидаи Араб даври навбатии музокирот дар бораи созишномаи ҳамкории иқтисодӣ баргузор намуданд.
Музокироти мазкур дар шаҳри Маскав сурат гирифт. Ин музокирот даври чорум аст.
"Давра бомуваффақият гузашт, дар мавриди мувофиқа кардани лоиҳаи созишнома натиҷаи назаррас ба даст омад. Мо бо ҳамтоёни худ аз АМА ба мувофиқа расидем, ки масъалаҳои ҳалношударо тибқи ҷадвали тасдиқшуда ҳал кунем, то музокиротро дар ояндаи наздик ба анҷом расонем", - изҳор дошт вазири савдои ИИАО Андрей Слепнев.
Вазири давлатии савдои берунии Амороти Муттахидаи Араб Тани бин Аҳмад Ал Зейудӣ дар пушида шудани ин давра аз тарафи Аморот иштирок намуд.
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2024
Тиҷорати мутақобил миёни кишварҳои ИИАО ду баробар афзуд
Қарор дар бораи оғози музокирот бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии ИИАО қабул шудааст.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0