Коҳишу афзоишҳои буҷаи 2025

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2024
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи қонуни буҷаи соли 2025 – ро ба баррасиии ҳукумат пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Дар ин буҷа боз ҳам авлавият ба соҳоти дифоъ, иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ дода шудааст.
Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и кишвар, барои соли 2024 143 миллиарду 945 миллион ва барои соли 2025 166 миллиарду 065 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 22 миллиону 120 ҳазор сомонӣ ё 15,4% бештар аст.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 42 миллиарду 956,5 ва 49 миллиарду 229,9 миллион, ё 6 миллиарду 273,4 миллион сомонӣ (14,6%) бештар дар соли 2025 ҳисоб мешавад, ки 29,6% ММД – ро ташкил мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамҷи умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2025 51 миллиарду 230,9 миллион (соли 2024 - 44 миллиарду 108,0 миллион) сомонӣ ё 7 миллиарду 122,9 миллион (16,1%) бештар пешбинӣ шудааст, ки 30,8% (соли 2024 - 30,6%) - и ММД – ро ташкил медиҳад.
Маблағҳои буҷетие, ки аз он барои пардохти музди меҳнат ва сармоягузории асосии мутамарказ харҷ мешавад, барои соли 2025 37 миллиарду 645,1 (2024 - 30 миллиарду 281,3) миллион ё 7 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ (24,3%) бештар аст, ки ба 22,7% (2024 – 21%) – и ММД баробар аст.
Переговоры Шавката Мирзиёева и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Аз имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ то сиёсату иқтисод: Раҳмону Мирзиёев чиро баррасӣ карданд
Барои барномаи сармоягузории давлатӣ 10 миллиарду 687,8 (2024 - 11 миллиарду 410,4) ё 722,6 миллион сомонӣ кам (6,3%) ва 6,4% (2024 - 7,9) - и ММД пешбинӣ мешавад. Барои ин маблағҳои грантӣ 6 миллиарду 415,6 (2024 - 6 миллиарду 701,9) ё 286,3 (4,3%) кам истифода мешаванд, ки 3,9% (2024 - 4,7%) – и ММД-ро ташкил мекунад. Маблағҳои қарзӣ дар ин барнома 4 миллиарду 272,3 (2024 – 3 792,4) ё 479,9 (12,7%) бештар аст, ки ба 2,6% (2024 - 2,6%) – и ММД баробар аст.
Маблағҳои махсус барои ташкилотҳои буҷавӣ, назири мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, ки пардохти музди меҳнат, сармоягузории асосии мутамаркаиз ва барномаи сармоягузории давлатиро дарбар мегирад, дар маҷмуъ 2 миллиарду 898 (2024 - 2 миллиарду 416,3) ё 481,7 ё 19,9% бештар пешбинӣ шудааст, аммо ҳиссаи он дар ММД 1,7% аст, ки аз соли 2024 фарқ намекунад.
Хароҷоте, ки дар лоиҳаи буҷаи соли 2025 барои мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, 4 миллиарду 713,8 (2024 - 3 741,4) ё 972,4 (26%) миллион сомониро дарбар мегирад ва ҳиссаи он дар ММД 2,8% (2024 - 2,6%) аст.
Бештарин хароҷоти будҷаи соли 2025 низ ба соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Дар он барои ин соҳа 23 миллиарду 565,9 (2024 - 18 миллиарду 971,1) ё 4 миллиарду 594,8 миллион сомонӣ (24,2%) ва 14,2% (2024-13,2%) – и ММД пешбинӣ шудааст.
Аз ин маблағ барои соҳаи маориф 10 миллиарду 805,88 (2024 - 8 миллиарду 231,9) ё 2 миллиарду 573,9 (31,3%) бештару баробар ба 6,5% (соли 2024 - 5,7%) - и ММД ва барои соҳаи тандурустӣ 4 миллиарду 152,8 (2024 - 3 миллиарду 488,9) ё 688 миллион сомонӣ (19%) зиёдтар ва баробар ба 2,5% (2024 - 2,4%) – и ММД ҷудо шудааст.
Буҷаи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ аз 5 миллиарду 533,6 дар соли 2024 ба 6 миллиарду 890,5 ё 1 миллиарду 356,9 миллион сомонӣ (24,5%) афзудааст, ки баробар ба 4,1% (соли 2024 - 3,8%) – и ММД мебошад.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Вазири иқтисод: даромади тоҷикистониҳо 113 баробар зиёд шуд
Дар ҳамин ҳол, маблағгузории соҳаҳои фарҳангу варзиш, ки 1% (соли 2024 – 1,2%) - и ММД – и кишварро ташкил медиҳад, тағйир накардааст - 1 миллиарду 716,7 миллион сомонӣ.
Дар маблағгузории буҷавии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт – хоҷагии комунналию манзилӣ, муҳити зист, хоҷагии ҷангал, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ, шикор, саноат, сохтмон, коммуникатсия, нақлиёт ва ғайра коҳиш омадааст. Дар соли 2025 барои ин соҳот 15 миллиарду 019,5 (соли 2024 - 15 миллиарду 322,4) ё 302,8 ё 2% кам аз буҷа маблағ ҷудо шудааст, ки 9% (соли 2024-10,6%) ММД – и кишварро ташкил мекунад.
Аз ҷумла коҳише начандон дар маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ дида мешавад, ки дар қиёс бо соли 2024 (8 миллиарду 123,1 миллион) дар соли 2025 (8 миллиарду 044,5 миллион) ба 78,6 миллион сомонӣ ё 1% коҳиш ёфта, ҳиссаш дар ММД низ ба 4,8% (2024 – 5,6%) пойин омадааст.
Ин коҳиш дар қисмати сармоягузории асосии мутамарказ дида мешавад, ки аз 2 миллиарду 880,4 миллион ба 2 миллиарду 781,6 ё 98,8 миллион сомонӣ (3,4%) коҳиш ёфтааст ва ҳиссааш дар ММД низ ба 1,7% (2%) сууд кардааст.
Аммо маблағгузории барномаи сармоягузории давлатӣ дар ин бахш, ки нерӯгоҳи “Роғун”-ро низ дарбар мегирад, аз 5 миллиарду 221,7 ба 5 миллиарду 233,2 ё 11,6 миллион сомонӣ (0,2%) афзуда, вале ҳиссаааш дар ММД ба 3,2% (соли 2024-3,6%) пойин омадааст.
Қисмати ҷолиби буҷети 2025, ки ба “хароҷоти дигар” унвон шудааст, ба пардохти қарзҳои дохиливу хориҷӣ ва фоизҳо он ихтисос ёфтааст. Бино ба он, ҳукумати Тоҷикистон ба ин манзур 5 миллиарду 744 (2024 – 4 миллиарду 240,6) миллион сомонӣ. 1 миллиарду 503,5 ё 35,5% бештар маблағ ҷудо кардааст, ки 3,5% (соли 2024 - 2,9%) – и ММД – ро ташкил мекунад.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2023
Аз иқтисод то ниҳолшинонӣ қад қади роҳ: Баргузории маҷлиси ҳукумат бо ҳузури Раҳмон
Аз ин маблағ барои пардохти қарзи берунии асосӣ 3 миллиарду 144,6 (соли 2024 - 1 миллиарду 471,9) ё 1 миллиарду 672,7 (113,6%) миллион сомонӣ бештар ҷудо шудааст ва ин баробар ба 1,9% (2024 - 1%) – и ММД аст. Барои пардохти фоизҳои қарзи асосӣ 1 миллиарду 044,6 (2024 - 1 миллиарду 109,9) ё 65,3 (5,9%) миллион сомонӣ камтар ва баробар ба 0,6% (2024 - 0,8%) – и ММД тахсис ёфтааст.
Ва ниҳоят каср ё камбуди буҷет дар буҷаи соли 2025 2 миллиарду 1 (2024 – 2 миллиарду 151,6) ё 849 миллион (73,8%) афзудааст, ки 1,2% (2024-0,8%) – и ММД-ро ташкил мекунад.
Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, тарҳи буҷаи кишвар ҳамасола аз сӯи як гуруҳи махсуси ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамасола 20 сентябр ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад ва пас аз 1 октябр баробари аз таътил баргаштани намояндагони мардум ба Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0