Аз иқтисод то ниҳолшинонӣ қад қади роҳ: Баргузории маҷлиси ҳукумат бо ҳузури Раҳмон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2023
Обуна шудан
Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, як қатор масоили муҳими иқтисодӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он масоили мубрам баррасбӣ гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кори маҷлис нахуст Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баррасӣ шуд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин бора ба раисҷумҳури кишвар гузориш дод.
Дар ин маҷлис таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Стратегияи мазкур таъмини эҳтиёҷоти Ҳукумат ба маблағгузорӣ тавассути ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷотҳои камтарин дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дараҷаи оқилонаи хавф, ташкил ва нигоҳдории бозори функсионалии қоғазҳои қиматнок равонгардида мебошад.
Ҷаласаи сарони ИДМ дар Санкт-Петербурги Русия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2023
Маълум шуд, раҳбарони ИДМ дар Санкт-Петербург кадом масоилро баррасӣ карданд
Баъди баррасии стратегия президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки Стратегияи мазкур тасдиқ карда шавад ва Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар бораи амалисозии ин Стратегияи тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Аъзои Ҳукумат дар ин маҷлис ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қавонини кишварро баррасӣ карданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ ва Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Тоҷикистон ва масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар муҳокима гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояту, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2023
Ихтисори мансабҳо дар вазоратхонаҳои Тоҷикистон: Раҳмон тасдиқ кард
Раҳбари давлаи ҳамчунин ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангали ва мақомоти вилояту шаҳру ноҳияҳо барои таъмини тозагии экологии кӯчаю маҳалҳои зист, ҳифзи муҳити атроф ва ободонию кабудизоркунӣ дастур дод.
“Супориш дода шуд, ки дар вақти ниҳолшинонӣ қад-қади шоҳроҳҳои автомобилгард аз ду тараф, бо ҷалби мутахассисони соҳа бо риояи тартиб ва технологияи парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан сабзондани босифати дарахтонро таъмин намоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, вусъати корҳои ободонӣ ва ҷамъбасти бобарори натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 супоришҳо дод.
Лентаи хабарҳо
0