https://sputnik.tj/20240418/imzo-ahdnoma-hampaymon-siyosat-iqtisod-rahmon-mirziyoev-1062537061.html
Аз имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ то сиёсату иқтисод: Раҳмону Мирзиёев чиро баррасӣ карданд
Аз имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ то сиёсату иқтисод: Раҳмону Мирзиёев чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон унвон шудааст
2024-04-18T15:25+0500
2024-04-18T15:25+0500
2024-04-18T15:25+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062534454_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_6aa1cf9f109edf1d967c51587cda4909.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.Дар ин бора дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таъкид шуда, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.Эмомалӣ Раҳмон Узбекистонро ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон хонда гуфтааст, ки муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон унвон шудааст.Ҳамзамон ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд.Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари музокироти ду кишвар будааст.Раҳбарони кишварҳо густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳанро низ баррасӣ кардаанд.Масоили таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро аз паҳлӯҳои дигари суҳбати президентҳо гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20240418/istiqboli-garm-mirziyoev-dushanbe-1062525615.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062534454_86:0:1223:853_1920x0_80_0_0_83c3ac5bb539ad06cb05c22cad5f5af6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат иқтисод раҳмон мирзиёев
сиёсат иқтисод раҳмон мирзиёев
Аз имзои Аҳдномаи ҳампаймонӣ то сиёсату иқтисод: Раҳмону Мирзиёев чиро баррасӣ карданд
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон унвон шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистону Узбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.
Дар ин бора дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таъкид шуда, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон Узбекистонро ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон хонда гуфтааст, ки муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон унвон шудааст.
Ҳамзамон ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ, тиҷорати электронӣ ва хизматрасонии замонавии саноатӣ самтҳои наву ояндадори робитаҳо дониста шуд.
"Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд",- афзудааст манбаъ.
Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари музокироти ду кишвар будааст.
Раҳбарони кишварҳо густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳанро низ баррасӣ кардаанд.
Масоили таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро аз паҳлӯҳои дигари суҳбати президентҳо гуфта мешавад.