Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Артиши Русия назорат бар тамоми минтақаҳои вилояти Курскро барқарор хоҳад кард

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкРабота расчета САУ 2С3 "Акация" по позициям ВСУ в Курской области
Работа расчета САУ 2С3 Акация по позициям ВСУ в Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия ахиран таъкид кард, ки артиши кишвар дар вилояти Курск ҳатман "корашро то охир иҷро хоҳад кард"
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки низомиён кори худро анҷом хоҳанд дод ва назорат бар тамоми манотиқи вилояти Курскро барқарор мекунанд.
"Артиши мо кори худро то охир иҷро мекунанд, назорат пурра барқарор мешавад. Мо ба ин шубҳа надорем", - таъкид кард Оқои Песков дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи вазъ дар вилояти Курски Русия.
Вай илова кард, ки табиист нақшаҳои низомиён дар ин минтақа ошкоро буда наметавонанд.
"Вазъият, албатта, дар он минтақаҳое, ки ҷангҷӯёни украинӣ ҳастанд, вазъияти изтирорӣ аст", - гуфт намояндаи Кремл.
Ҳамлаи густурдаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар минтақа реҷаи фавқулоддаи федералӣ амал мекунад. Сокинони навоҳии марзӣ ба минтақаҳои амн кӯчонида мешаванд.
Морпехи ЧФ остановили продвижение колонны ВСУ в Курской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия наздик ба 15 ҳазор нафар расид
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, аз оғози даргириҳо дар самти Курск артиши украина беш аз 15,3 ҳазор нафар низомиён ва 124 танкро аз даст додааст.
Дар ҳоли ҳозир амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0