https://sputnik.tj/20240919/talafot-artishi-ukraina-viloyati-kursk-rusiya-1064396910.html
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия наздик ба 15 ҳазор нафар расид
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия наздик ба 15 ҳазор нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия ба 14950 нафар сарбоз ва 122 тонк расид
2024-09-19T20:13+0500
2024-09-19T20:13+0500
2024-09-19T20:13+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
артиши русия
украина
талафот
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064070011_206:142:1423:827_1920x0_80_0_0_74dfa1863835c6ec2d1c72ddcd5b28b3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Артиши Русия дар як шабонарӯз беш аз 300 ҷангҷӯи украинӣ ва 14 мошини зиреҳпӯшро нобуд кард, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.Ба иттилои вазорати дифоъ артиши Русия дар як шабонурӯз як танк, ду худрави ҷангии пиёданизом, як нафарбари зиреҳпӯш ва 10 худрави зиреҳпӯши размиро дар манотиқи марзии вилояти Курск нобуд карданд.Дар маҷмуъ дар ҷангҳо дар самти Курск душман беш аз 14 ҳазору 950 нафар сарбоз, 122 танк, 52 худрави ҷангии пиёданизом, 93 нафарбари зиреҳпӯш, 768 худрави зиреҳпӯши размӣ, 464 худрави низомӣ, 109 тӯп, 28 адад мушакандози чандгона, аз ҷумла ҳафт HIMARS ва 6 MLRS сохти ИМА-ро талаф дод.“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20240918/zarbai-mushaki-artishi-rusiya-furudgohhoi-ukraina-1064382995.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064070011_191:0:1423:924_1920x0_80_0_0_3814ec4bcd95a7dea45641a68979a549.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиш, талафот, вазорати дифоъ, украина, амалиёти вижа, курск, сарбоз
русия, артиш, талафот, вазорати дифоъ, украина, амалиёти вижа, курск, сарбоз
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия наздик ба 15 ҳазор нафар расид
Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия ба 14950 нафар сарбоз ва 122 тонк расид
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Артиши Русия дар як шабонарӯз беш аз 300 ҷангҷӯи украинӣ ва 14 мошини зиреҳпӯшро нобуд кард, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
Ба иттилои вазорати дифоъ артиши Русия дар як шабонурӯз як танк, ду худрави ҷангии пиёданизом, як нафарбари зиреҳпӯш ва 10 худрави зиреҳпӯши размиро дар манотиқи марзии вилояти Курск нобуд карданд.
Дар маҷмуъ дар ҷангҳо дар самти Курск душман беш аз 14 ҳазору 950 нафар сарбоз, 122 танк, 52 худрави ҷангии пиёданизом, 93 нафарбари зиреҳпӯш, 768 худрави зиреҳпӯши размӣ, 464 худрави низомӣ, 109 тӯп, 28 адад мушакандози чандгона, аз ҷумла ҳафт HIMARS ва 6 MLRS сохти ИМА-ро талаф дод.
“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.