Дар Тоҷикистон нафақаи хуб дар кадом минтақа мегиранд?

Обуна шудан
Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар баландтарин пули нафақаро дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегиранд
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон 815 658 ҳазор нафар нафақа мегиранд
Ба иттилои ин ниҳод, пардохти миёна дар кишвар ҳудуди 370,6 сомониро ташкил медиҳад. арзёбӣ намуд.
Масъулин таъкид медоранд, ки нафақаи миёнаи аз ҳама баланд дар шаҳри Душанбе дода мешавад, ки муодили 469,8 сомонӣ мебошад.
Нафақахӯрон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 464 сомонӣ пули бознишастагӣ мегиранд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар баландтарин нафақаро кормандони бонк ва соҳибкорон мегиранд.
Таъкид гардид, ки барои гирифтани нафақаи баланд дар кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва вобаста ба маош пардохт карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки аксари сокинонашон ҷавонони қобили кор мебошанд ва солхӯрдаҳо дар таносуби умумии аҳолӣ нисбатан кам арзёбӣ мешаванд.
Дар Тоҷикистон маошу нафақа баланд шуд: Аз кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?
Маълумот дар бораи нафақаи сокинони Суғду Хатлон ва ВМКБ, НТҶ аз тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan бинед.
Лентаи хабарҳо
0