Қурби асъор дар Тоҷикистон: бо рубл чӣ шуд?

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2024
Обуна шудан
Дар бозори молии Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ – сомонӣ нисбат ба охири ҳафтаи қабле каме поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифро эълом кард.
Ҳамин тариқ қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ каме поин рафт.
Дар ҳоли ҳозир як ҳазор рубл ба 116,9 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба нишондоди ҳафтаи гузашта 0,8 сомонӣ поинтар аст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллари амрикоӣ рӯ ба афзоиш дошта, ҳоло дар сатҳи 10,6642 сомонӣ қарор дорад.
Дар мавриди пули аврупоӣ бошад, дар ҳоли ҳозир он ба таври чашмнорас коҳиш ёфта, як евро 11,8202 сомонӣ арзиш дорад.
Долларовые купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2024
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба ҳолати 16 сентябр бошад чунин муқаррар шудааст:
1 доллар – аз 10.6642 то 10.6700 сомонӣ,
1 евро – аз 11.8202 то 11.5000 сомонӣ,
1 рубли русӣ – 0.1169 то 0.1160 сомонӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Лентаи хабарҳо
0