https://sputnik.tj/20240914/vkkh-rusiya-az-ima-khost-ba-hamkorihoi-rusiya-bo-eron-bini-nazanad-1064332999.html
ВКХ Русия аз ИМА хост, ба ҳамкориҳои Русия бо Эрон бинӣ назанад
ВКХ Русия аз ИМА хост, ба ҳамкориҳои Русия бо Эрон бинӣ назанад
Sputnik Тоҷикистон
Мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки ҳамкории Маскав ва Теҳрон ба тааҳҳудоти байнулмилалӣ мухолифат намекунад
2024-09-14T17:28+0500
2024-09-14T17:28+0500
2024-09-16T12:33+0500
русия
има
сиёсат
эрон
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/11/1063235537_137:65:1864:1036_1920x0_80_0_0_cde748cb5148330954a85aa8640ab34b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сент – Sputnik. Маскав аз Иёлоти Муттаҳида даъват мекунад, ки ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Федератсияи Русия ва Эрон "бинӣ назананд". Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков ихҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои Русия ва Эрон дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва нақлиёт хеле аз дур пеш меравад. "Ҳамчунин ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ вуҷуд доранд. Ҳеҷ кас инро рад намекунад. Аммо ин кори Иёлоти Муттаҳида нест, ки дахолат кунад ва ба масоили дигарон бинӣ халонад. Онҳо бояд бо мушкилоти худ расидагӣ кунанд”, - таъкид кард Рябков.Ҳамин тавр, дипломат ба изҳороти ахири ИМА, ки гуфт, Эрон ба Русия мушакҳои баллистикӣ додааст. Рябков ҳамчунин гуфт, эҳтимол аст, ки Русия дар сурати мамнӯъ шудани содироти уран ба Иёлоти Муттаҳида тадобири шадиди ҷавобӣ ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тарафҳои мусбат ва манфии ин мавзӯъ барраси шуда, паёмадҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мешавад.Пештар сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Носир Канонӣ иттиҳомоти раиси дипломатияи аврупоӣ Ҷозеп Боррел дар бораи интиқоли мушакҳои баллистикии Эрон ба Русияро дурӯғ номид. Илова бар ин, дипломат эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи соҳаи авиатсияи ҷумҳурӣ ва вобастагӣ ба таҳримҳои баъзе кишварҳои Ғарбро маҳкум кард.
https://sputnik.tj/20240713/raisjumhur-jadid-eron-rusiya-sharik-strategi-1063521021.html
русия
има
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/11/1063235537_0:0:2000:1500_1920x0_80_0_0_cee9b11e7e58c4c34d15d39dbef75117.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх русия има ҳамкориҳои русия эрон мудохила
вкх русия има ҳамкориҳои русия эрон мудохила
ВКХ Русия аз ИМА хост, ба ҳамкориҳои Русия бо Эрон бинӣ назанад
17:28 14.09.2024 (Навсозишуда: 12:33 16.09.2024) Мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки ҳамкории Маскав ва Теҳрон ба тааҳҳудоти байнулмилалӣ мухолифат намекунад
ДУШАНБЕ, 14 сент – Sputnik. Маскав аз Иёлоти Муттаҳида даъват мекунад, ки ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Федератсияи Русия ва Эрон "бинӣ назананд".
Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков ихҳор дошт.
"Ҳамкориҳои мо бо мурури замон санҷида шудааст, ки он унсурҳоеро дар бар намегирад, ки аз нигоҳи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ чизеро вайрон мекунанд ё ба ягон роҳи манфӣ ба амният ё тавозуни минтақавӣ таъсир мерасонанд",- гуфт Рябков.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои Русия ва Эрон дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва нақлиёт хеле аз дур пеш меравад.
"Ҳамчунин ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ вуҷуд доранд. Ҳеҷ кас инро рад намекунад. Аммо ин кори Иёлоти Муттаҳида нест, ки дахолат кунад ва ба масоили дигарон бинӣ халонад. Онҳо бояд бо мушкилоти худ расидагӣ кунанд”, - таъкид кард Рябков.
Ҳамин тавр, дипломат ба изҳороти ахири ИМА, ки гуфт, Эрон ба Русия мушакҳои баллистикӣ додааст.
Рябков ҳамчунин гуфт, эҳтимол аст, ки Русия дар сурати мамнӯъ шудани содироти уран ба Иёлоти Муттаҳида тадобири шадиди ҷавобӣ ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тарафҳои мусбат ва манфии ин мавзӯъ барраси шуда, паёмадҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мешавад.
Пештар сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Носир Канонӣ иттиҳомоти раиси дипломатияи аврупоӣ Ҷозеп Боррел дар бораи интиқоли мушакҳои баллистикии Эрон ба Русияро дурӯғ номид.
Илова бар ин, дипломат эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи соҳаи авиатсияи ҷумҳурӣ ва вобастагӣ ба таҳримҳои баъзе кишварҳои Ғарбро маҳкум кард.