https://sputnik.tj/20240713/raisjumhur-jadid-eron-rusiya-sharik-strategi-1063521021.html
Раисҷумҳури ҷадиди Эрон Русияро шарики стратегӣ хонд
Раисҷумҳури ҷадиди Эрон Русияро шарики стратегӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури тозаинтихоби Ҷумҳурии исломии Эрон қайд кард, ки ҳамкориҳоро бо Русия дар чаҳорчӯби БРИКС, СҲШ ва ИИАО густариш ва тақвият хоҳад дод 13.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-13T18:11+0500
2024-07-13T18:11+0500
2024-07-13T18:11+0500
эрон
осиёи марказӣ
русия
сиёсат
масъуд пизишкиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063438653_0:98:3210:1904_1920x0_80_0_0_d31f7bcbc3ecc0baaa58a8e592109384.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масъуди Пизишкиён раиси ҷумҳури Эрон, ки ҳафтаи гузашта интихоб шуд, гуфт, Русия як шарики стратегии арзишманд ва ҳамсояи Эрон аст, ки кишвараш ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳо бо он идома медиҳад.Раиси ҷумҳури нав таъкид кард, ки Эрон ба ҳамкорӣ бо Русия, бахусус дар чаҳорчӯби БРИКС, СҲШ ва ИИАО авлавият хоҳад дод.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён рӯзи 8 июл гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, дар ҷараёни он раҳбари Русия ҳамтои эронии худро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфта буд. Хабаргузории ISNA иттилоъ дод, ки Пезешкиён омодагии худро барои имзои як созишномаи фарогир дар ҳошияи нишасти БРИКС, ки моҳи октябр баргузор мешавад, эълон кард.Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30, млн раъй, тавонист бо касби 16,3 млн раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.Ӯ мутаваллиди 1333 шамсӣ ва дорои мадраки фавқитахассуси ҷарроҳии қалб аст.Пизишкиён пеш аз ин илова бар 5 давра намояндагии мардуми Табриз, Озаршаҳр ва Аску (устони Озарбойҷони шарқӣ) дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва сарпарастии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эронро низ дар корномаи худ дорад.
https://sputnik.tj/20240705/eron-davr-duum-intikhobot-prezident-1063427337.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063438653_107:0:2836:2047_1920x0_80_0_0_d1857467a02f3526bf177421bc545d8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, осиёи марказӣ, русия, сиёсат , масъуд пизишкиён
эрон, осиёи марказӣ, русия, сиёсат , масъуд пизишкиён
Раисҷумҳури ҷадиди Эрон Русияро шарики стратегӣ хонд
Раисҷумҳури тозаинтихоби Ҷумҳурии исломии Эрон қайд кард, ки ҳамкориҳоро бо Русия дар чаҳорчӯби БРИКС, СҲШ ва ИИАО густариш ва тақвият хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масъуди Пизишкиён раиси ҷумҳури Эрон, ки ҳафтаи гузашта интихоб шуд, гуфт, Русия як шарики стратегии арзишманд ва ҳамсояи Эрон аст, ки кишвараш ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳо бо он идома медиҳад.
"Русия як шарики арзишманди стратегӣ ва ҳамсояи Эрон аст ва маъмурияти ман ҳамкориҳои моро тавсеа ва таҳким хоҳад дод" иқтибос овард рӯзномаи Tehran Times аз суханронии Пизишкиён.
Раиси ҷумҳури нав таъкид кард, ки Эрон ба ҳамкорӣ бо Русия, бахусус дар чаҳорчӯби БРИКС, СҲШ ва ИИАО авлавият хоҳад дод.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён рӯзи 8 июл гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, дар ҷараёни он раҳбари Русия ҳамтои эронии худро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфта буд.
Хабаргузории ISNA иттилоъ дод, ки Пезешкиён омодагии худро барои имзои як созишномаи фарогир дар ҳошияи нишасти БРИКС, ки моҳи октябр баргузор мешавад, эълон кард.
Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30, млн раъй, тавонист бо касби 16,3 млн раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.
Ӯ мутаваллиди 1333 шамсӣ ва дорои мадраки фавқитахассуси ҷарроҳии қалб аст.
Пизишкиён пеш аз ин илова бар 5 давра намояндагии мардуми Табриз, Озаршаҳр ва Аску (устони Озарбойҷони шарқӣ) дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва сарпарастии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эронро низ дар корномаи худ дорад.