Раҳмон дар Лахш: Ифтитоҳи чанд иншооти муҳим дар ин минтақа

© Foto / Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонШиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш рафт ва дар маросими ифтитоҳ ва санги асос гузоштани бархе аз иншоотҳои давлатӣ иштиро кард
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг оғоз ёфт, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, тибқи нақша, бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сипас раҳбари кишвар дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд.
Манбаъ қайқд кард, ки соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки имсол 1 ҳазору 803 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Лахш дар майдони 8 ҳазору 246 гектар зироатҳои гуногун кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.
Эмомали Рахмон запустил в эксплуатацию оросительный водопровод в городе Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Идомаи сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон ба Конибодом рафту чандин иншоот ифтитоҳ кард
Эмомалӣ Раҳмон дар Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуд.
Қайд карда мешавад, кии мазкур бо дастуру супоришҳои роҳбари давлат сохта шуда, дар он ҳамаи шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳияи Лахш муҳайё гардидааст.
Бинои нави шуъбаи молия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.
Бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Инчунин пас аз гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳияи Лахш хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 160 миллиметра аз масофаи 18 километр ба ду обанбор, ки ғунҷоиши ҳар кадоми онҳо 250 метри мукаабро ташкил медиҳад, интиқол меёбад.
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфт
Иттилоъ дода шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2023 оғоз гардида буд.
Таъкид шудааст, ки қаблан сокинони маркази ноҳияи Лахш аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ин мушкилии мардумро бартараф мекунад.
Ҳамчунон дар доираи амалишавии лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ шафати кӯчаҳо, дохили биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди ноҳияи Лахш бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Лентаи хабарҳо
0