Идомаи сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон ба Конибодом рафту чандин иншоот ифтитоҳ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон запустил в эксплуатацию оросительный водопровод в городе Канибадам
Эмомали Рахмон запустил в эксплуатацию оросительный водопровод в городе Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз таҷлили бо шукуҳи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сафари кориашро ба вилояти Суғд идома дод
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти норасоии оби полезӣ дар ин минтақа пурра бартараф гардид.
Пойгоҳи обкашии “Истиқлол” аз 2 хатти оби полезӣ иборат буда, об аз масофаи 9200 метр аз Баҳри тоҷик то заминҳои кишоварзӣ интиқол меёбад.
Сипас президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуд.
Ҳамчунин дар шаҳри Конибодом Президенти Тоҷикистон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардидааст, ба 80 нафар наврасони ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд маҷмуи сару либоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфт
Баъд аз тақдими туҳфаҳо ба ятимон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин минтақа бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуд.
Қайд карда шудааст, ки татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, кор дар 4 минтақаи вилояти Суғд, аз ҷумла, Куруш-Бекобод 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров 22 километр, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз 6,6 километр ва Конибодом-Кӯчкак 10,3 километр, дар маҷмуъ бо дарозии умумии 51,2 километр бомаром идома дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти байналмилалии ин роҳ, он аз рӯйи дараҷаи техникии якум ва сеюми роҳсозӣ бунёд карда мешавад. Дар 4 қитъаи навшавандаи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд навсозии 11 пул бо дарозии умумии 457,3 метр низ дар назар дошта шудааст.
Маблағгузори лоиҳа Ассотсиатсияи байналмилалии рушди гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ "Фароғат", Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи “Нури Робия”, Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и “Ситора” ва корхонаи бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Лентаи хабарҳо
0