https://sputnik.tj/20240911/maqomoti-tojikiston-shahrvandonash-safar-belorus-khuddori-1064297333.html
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Белорус ҳам сафар накунанд
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Белорус ҳам сафар накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандониш тавсия додааст, ки аз сафар ба Русия ва Белорус муваққатан худдорӣ намоянд
2024-09-11T18:06+0500
2024-09-11T18:06+0500
2024-09-11T18:06+0500
дар тоҷикистон
белорус
сафорат
тавсия
шаҳрвандон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064298265_0:0:2837:1596_1920x0_80_0_0_c5dde93ea80a771eb149eb875147a78d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаанд, ки аз сафар ба Ҷумҳурии Белорус муваққатан худдорӣ намоянд.Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Минск хабар додааст.“Бинобар пурзӯр гардидани низоми назорати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Беларус тавассути убури сарҳади давлатӣ бо истифода аз гузаргоҳҳои ҳавоӣ, сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки муваққатан аз сафар ба Беларус худдорӣ намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми сентябр Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам аз шаҳрвандон хоста буд, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ наоянд.Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва Белорус ҷузъиёти бештар надодаанд.Бояд гуфт, ки давоми чанд моҳи ахир дар гузаргоҳҳои марзии заминӣ ва фурудгоҳҳо Русия ҳазорон тоҷикистониҳо дармондаанд.Лозим ба ёдоварист, ки миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Белорус парвозҳои мустақим нестанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои гузашта аз Белорус бештар барои сафар ба Аврупо истифода мекарданд.Қаблан 28 апрели соли равон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия дода буд, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.Ҳамзамон қаблан муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев мулоқот карда буд.Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин суҳбат ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуда буд.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон таъйид кард, ки дар марзҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо садҳо шаҳрванди кишвар дармонданд ва мунтазири имкони вуруд ҳастанд.Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи вазъ гуфт, ки дар дидбонгоҳҳои марзи Русия, аз ҷумла бо Қазоқистон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити Холл” чораҳои амниятӣ пурзур карда шудааст.Вай таъкид кард, ки "чораҳои санҷишӣ" ва убури танҳо барои шаҳрвандони як кишвар нест.
https://sputnik.tj/20240911/rusiya-muvaqqatan-safar-nakuned-saforat-tojikiston-1064287831.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064298265_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f41b7eb55b752730951dbbecf9a74041.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, мақомот, шаҳрвандон, худдорӣ, сафар, мақомот
тоҷикистон, белорус, мақомот, шаҳрвандон, худдорӣ, сафар, мақомот
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост ба Белорус ҳам сафар накунанд
Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандониш тавсия додааст, ки аз сафар ба Русия ва Белорус муваққатан худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаанд, ки аз сафар ба Ҷумҳурии Белорус муваққатан худдорӣ намоянд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Минск хабар додааст.
“Бинобар пурзӯр гардидани низоми назорати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Беларус тавассути убури сарҳади давлатӣ бо истифода аз гузаргоҳҳои ҳавоӣ, сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки муваққатан аз сафар ба Беларус худдорӣ намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми сентябр Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам аз шаҳрвандон хоста буд, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ наоянд.
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва Белорус ҷузъиёти бештар надодаанд.
Бояд гуфт, ки давоми чанд моҳи ахир дар гузаргоҳҳои марзии заминӣ ва фурудгоҳҳо Русия ҳазорон тоҷикистониҳо дармондаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Белорус парвозҳои мустақим нестанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои гузашта аз Белорус бештар барои сафар ба Аврупо истифода мекарданд.
Қаблан 28 апрели соли равон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия дода буд, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон қаблан муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев мулоқот карда буд.
Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин суҳбат ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон таъйид кард, ки дар марзҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо садҳо шаҳрванди кишвар дармонданд ва мунтазири имкони вуруд ҳастанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи вазъ гуфт, ки дар дидбонгоҳҳои марзи Русия, аз ҷумла бо Қазоқистон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити Холл” чораҳои амниятӣ пурзур карда шудааст.
Вай таъкид кард, ки "чораҳои санҷишӣ" ва убури танҳо барои шаҳрвандони як кишвар нест.