Ба Русия муваққатан сафар накунед: даъвати сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешПосольство Республики Таджикистан в Москве
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон тавсия додааст, ки ба Русия муваққатан сафар накунанд.
“Бинобар идомаи режими пурзӯри назорати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади давлатӣ дар гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоии Русия, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки муваққатан аз вуруд ба ин кишвар худдорӣ намоянд”, - гуфта шудааст дар сомонаи расмии сафорат.
Ёдовар мешавем, ки қаблан 28 апрели соли равон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия дода буд, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон қаблан муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев мулоқот карда буд.
Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Раҳмон ба омодагӣ ба паёмадҳои "ҷанги нави сард", хушксолӣ ва пандемия даъват кард
Дар ин суҳбат ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон таъйид кард, ки дар марзҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо садҳо шаҳрванди кишвар дармонданд ва мунтазири имкони вуруд ҳастанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи вазъ гуфт, ки дар дидбонгоҳҳои марзи Русия, аз ҷумла бо Қазоқистон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити Холл” чораҳои амниятӣ пурзур карда шудааст.
Вай таъкид кард, ки "чораҳои санҷишӣ" ва убури танҳо барои шаҳрвандони як кишвар нест.
Лентаи хабарҳо
0