https://sputnik.tj/20240910/tojikistonu-tolibon-hamsoyaro-intikhob-namekunand-1064267419.html
Тоҷикистону Толибон ё ҳамсояро интихоб намекунанд
Тоҷикистону Толибон ё ҳамсояро интихоб намекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Равобити Тоҷикистону Афғонистони толибонӣ ҳарчанд ба зоҳир хусуматомез менамояд, ду ҷониб ҳеҷ кореро барои инфиҷори пулҳои равобит анҷом надоданд
2024-09-10T09:36+0500
2024-09-10T09:36+0500
2024-09-10T09:36+0500
дар тоҷикистон
толибон
равобит
сиёсат
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сент — Sputnik. Баръакс, ба назар мерасад, ҷонибҳо барои беҳбуди равобит гомҳоеро мебардоранд.Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, “қарор аст ба зудӣ Душанбе нахустин сафири худро пас аз се сол ба Кобул бифиристад” ва Тоҷикистон ба Толибон* “тарҳи сулҳеро бо мухолифинаш” ба иштирок гузоштааст.Ҳамчунин аз сафари ҳайатҳои Тоҷикистон ба Қандаҳор таҳти раҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳам Толибон* ба Душанбе таҳти раҳбарии Қорӣ Шамсиддин, додситони кулли Толибон* хабар дода шуд, ки то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ ҷониб таъйид ё такзиб нашудааст.Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти марбутаи Тоҷикистон танҳо ин нуктаро зикр карданд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ сафораташ дар Кобулро набаста ва сафирашро ҳам табдил накардааст.Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2020 Саъдӣ Шарифӣ, як дипломати ботаҷрибаашро минҳайси сафир ба Афғонистон фиристода буд. Бо суқути Кобул ба дасти Толибон* дар 15 августи соли 2021 сафорат фаъолияташро ба таъхир гузошт ва миёнаҳои соли 2022, боз ҳам бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ду дипломаташ, ба шумули Самариддин Чӯянзода, сарпарасти консулгариро барои таҷдиди кори сафорат ба Кобул эъзом кард.Ба навбаи худ, як ҳайати Толибон* моҳи марти ҳамон сол барои ошноӣ бо вазъи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки моҳи феврал зери тарма монда буд, ба Тоҷикистон омад ва ҳам дере нагузашта, Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули барҳоли Афғонистон дар Хоруғро таъйид кард.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам таъйид кард, ки аз соли 2020 ба ин сӯ консули Афғонистон дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст ва фаъолият мекунад. Ҳол Нақибуллоҳ Деҳқонзода амалан нақши консули Толибон* на фақат дар Хоруғ, балки Тоҷикистонро низ иҷро мекунад.Дар ин миён, Толибон* талоши зиёд ба харҷ доданд, то сафорати Афғонистон дар Тоҷикистонро низ таҳти контрол гиранд. Вазири хориҷаи толибҳо, моҳи ноябри 2023 бо як фармон фардеро ба номи Қорӣ Фазлраҳмон Атоӣ, аз афроди Қорӣ Фасеҳуддини тоҷик, сардори Ситоди кулли Артиши Толибонро* дастёри сафорати Афғонистон дар Душанбе таъйин кард, аммо ба мухолифати сафир Муҳаммад Зоҳири Ағбар мувоҷеҳ шуд.Ба ҳамин минвол, метавон гуфт, бо таъйиду таъйини консулҳо равобити Тоҷикистону Толибон* ба роҳ андохта шуд, ки ба қавли коршиносон, як мавриди мунҳасир ба фард дар равобити байнулмилалӣ ба шумор меравад.Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон аз механизмҳои ҷадиди равобити дуҷониба кор гирифт ва фаъолияти консулгариҳои ду кишвар, ки виза содир мекунанд, ба рушди тиҷорат миёни онҳо мусоидат кард.“Дар Туркия се сол ба ин сӯ “Барқи тоҷик” бо “Брешно” дар Туркия сари интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон созишнома имзо мешавад. Ин худ як таҷриба аст. Вақте равобити сиёсиву дипломатӣ нест, аммо равобити соҳавиву идоравӣ метавонад бошад. Вақте мо барқро қатъ накардем, ин ҳам нишонаи назари нек, агар ба Толибон* нест, ба мардуми Афғонистон аст ва ҳам механизм ё роҳи ҳамкорӣ”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.Вай афзуд, панҷ гузаргоҳ, ё бозори марзии миёни ду кишвар фаъол ҳастанд, ки тиҷорати марзиро ба тиҷорати миёни кишварҳо табдил мекунад ва ҳукумати Толибон* изҳор дошт, ки дар иҷрои тарҳи CASA – 1000 манфиатдор аст, тарҳе, ки Тоҷикистон аз он интизориҳои зиёд дорад.“Илова бар ин ҳама, метавон дар соҳаи кишоварзӣ, интиқоли барқ ва ҳам тиҷорат ҳамкориҳои вилояти Хатлону Бадахшони Тоҷикистон бо Кундузу Тахор, Балх ва Бадахшони Афғонистонро ҳамвор кард. Шимоли Афғонистон вилоятҳои умдатан тоҷикнишин ҳастанд ва бояд манофеъ ва рушди онҳо низ ба назар гирифта шавад. Кӯмакҳои башардӯстона, бахусус, расонидани маводи ниёзи аввал, қабл аз ҳама, орд ба шимоли Афғонистон бояд қатъ нашавад ва набояд мунтазири ягон офати табиӣ буд”, - гуфт коршиноси тоҷик.Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо ишора ба сиёсатҳои форсиситезӣ ва паштунсозии шимоли Афғонистон, ки башиддат идома дорад, мегӯянд, тамоми ҳамсояҳои шимолии Афғонистон сиёсати нарми ҷилавгирӣ аз онро пеш гирифтаанд.Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, Толибон* дигарбора иҷрои сиёсатҳои Абдураҳмонхонро пеш гирифтанд, бахусус, дар атрофи канали Қӯштеппа, ки мехоҳанд ҳудуди ним миллион гектар заминҳои онро ба паштунҳои ҷанубу Покистон таслим кунанд ва тавозуни қавмӣ дар шимоли Афғонистонро барҳам зананд, ки ин ояндаи қаламрави Хуросони таърихиро таҳти хатар гузоштааст.“Бархӯрди Ӯзбекистону Туркманистон, ки низ Толибонро* ба расмият нашинохтаанд, низ то ҷое аз ҳамин сиёсати нарм бармеояд, вагарна аз канали Қӯштеппа бештарин хисороти ҷуброннопазирро онҳо мутаҳаммил мешаванд. Рушди тиҷорат ва кӯмакҳои башардӯстона корест, ки ин ду кишвар мекунанд ва ба назар мерасад, Тоҷикистон ҳам аз онҳо монданӣ нест ва ҷойи худро ҳифз мекунад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.Омори расмии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Толибон* аз рушди тиҷорат миёни ҷонибҳо шаҳодат медиҳад. Агар ба омори вазорати саноату тиҷорат Толибон* бубинем, дар ҳафт моҳи гузашта миёни ду кишвар ба арзиши 30 миллион доллар додуситади тиҷорӣ сурат гирифтааст, ки Афғонистон ҳашт ва Тоҷикистон 22 миллион доллар содирот доштаанд.Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар сиёсатҳои байнулмилалӣ аввалин кишваре ба ҳисоб меравад, ки расман аз ҳамон рӯзи аввали ба қудрат расидани Толибон*, эълом дошт, онро ба расмият нахоҳад шинохт ва ин вазъ ин ҳамсояи Толибонро* ба мухолифи рақами аввали ин гуруҳ табдил дод. Аммо бо гузашти се сол, он гуна ки дида мешавад, дар асл ду ҷониб ҳеҷ гоҳ азм ба инфиҷори пулҳои равобит накардаанд.Рустами Рушангар, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, агар расонаҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин фикр бошанд, ки Тоҷикистон танҳо ба хотири тоҷикони Афғонистон ва сиёсатҳои форсиситезии Толибон чунин мавқеъро гирифтааст, иштибоҳи бузург мекунанд.“Се соли султаи Толибон* собит кард, ки ин гуруҳ ба эъмори як низоми ифротӣ ва шадидан мазҳабӣ машғул аст ва онро на мардуми Афғонистон қабул дорад ва на ҳам минтақаву ҷаҳон. Аслан тарҳи як давлати шадидан мазҳабии суннии ифротӣ дар минтақа тарҳи қариб нимасраи Ғарб аст, ки бояд ба гирду атроф нуфуз кунад ва ин гуна давлат на фақат кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки манотиқи мусулмоннишини Русияву Чинро низ таҳдид мекунад”, - гуфт Рустами Рушангар.Коршиносон мегӯянд, асли ин ки ҷомиаи ҷаҳонӣ ҳозир ба эътирофи расмии ҳукумати Толибон* нест, маҳз аз сиёсатҳои тундгароёна ва пуштибонии он аз созмонҳои террористӣ бармеояд, он чӣ ки аз оғоз Тоҷикистон дарк ва як хатар ба амнияти хеш ташхис дод ва тавре аз изҳороти се соли дойираҳои низомии Русия дар мавриди Афғонистон бармеояд, Толибон* ҳанӯз дар ин амр, яъне даст бардоштан аз ифротият ва пуштибонии созмонҳои террористӣ, қабл аз ҳама ДОИШ, коре накардааст, то хотири онҳоро ҷамъ кунад.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240826/tolibon-tuli-tarikh-dunbol-taomuli-musbat-hamsoyaho-khud-budem-1064063326.html
https://sputnik.tj/20240703/kobulov-rusiya-laghvi-mahdudiyat-iqtisodi-tolibon-muvofiqat-1063410109.html
https://sputnik.tj/20240708/tolibon-uzbekiston-sarmoyaguzori-istikhroj-maodin-afghoniston-1063452581.html
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, афғонистон, ҳамсоя, сиёсат, равобит, ҳамсоягӣ
тоҷикистон, толибон, афғонистон, ҳамсоя, сиёсат, равобит, ҳамсоягӣ
ДУШАНБЕ, 10 сент — Sputnik. Баръакс, ба назар мерасад, ҷонибҳо барои беҳбуди равобит гомҳоеро мебардоранд.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, “қарор аст ба зудӣ Душанбе нахустин сафири худро пас аз се сол ба Кобул бифиристад” ва Тоҷикистон ба Толибон* “тарҳи сулҳеро бо мухолифинаш” ба иштирок гузоштааст.
Ҳамчунин аз сафари ҳайатҳои Тоҷикистон ба Қандаҳор таҳти раҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳам Толибон* ба Душанбе таҳти раҳбарии Қорӣ Шамсиддин, додситони кулли Толибон* хабар дода шуд, ки то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ ҷониб таъйид ё такзиб нашудааст.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти марбутаи Тоҷикистон танҳо ин нуктаро зикр карданд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ сафораташ дар Кобулро набаста ва сафирашро ҳам табдил накардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2020 Саъдӣ Шарифӣ, як дипломати ботаҷрибаашро минҳайси сафир ба Афғонистон фиристода буд. Бо суқути Кобул ба дасти Толибон* дар 15 августи соли 2021 сафорат фаъолияташро ба таъхир гузошт ва миёнаҳои соли 2022, боз ҳам бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ду дипломаташ, ба шумули Самариддин Чӯянзода, сарпарасти консулгариро барои таҷдиди кори сафорат ба Кобул эъзом кард.
Ба навбаи худ, як ҳайати Толибон* моҳи марти ҳамон сол барои ошноӣ бо вазъи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки моҳи феврал зери тарма монда буд, ба Тоҷикистон омад ва ҳам дере нагузашта, Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули барҳоли Афғонистон дар Хоруғро таъйид кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам таъйид кард, ки аз соли 2020 ба ин сӯ консули Афғонистон дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст ва фаъолият мекунад. Ҳол Нақибуллоҳ Деҳқонзода амалан нақши консули Толибон* на фақат дар Хоруғ, балки Тоҷикистонро низ иҷро мекунад.
Дар ин миён, Толибон* талоши зиёд ба харҷ доданд, то сафорати Афғонистон дар Тоҷикистонро низ таҳти контрол гиранд. Вазири хориҷаи толибҳо, моҳи ноябри 2023 бо як фармон фардеро ба номи Қорӣ Фазлраҳмон Атоӣ, аз афроди Қорӣ Фасеҳуддини тоҷик, сардори Ситоди кулли Артиши Толибонро* дастёри сафорати Афғонистон дар Душанбе таъйин кард, аммо ба мухолифати сафир Муҳаммад Зоҳири Ағбар мувоҷеҳ шуд.
Ба ҳамин минвол, метавон гуфт, бо таъйиду таъйини консулҳо равобити Тоҷикистону Толибон* ба роҳ андохта шуд, ки ба қавли коршиносон, як мавриди мунҳасир ба фард дар равобити байнулмилалӣ ба шумор меравад.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон аз механизмҳои ҷадиди равобити дуҷониба кор гирифт ва фаъолияти консулгариҳои ду кишвар, ки виза содир мекунанд, ба рушди тиҷорат миёни онҳо мусоидат кард.
“Дар Туркия се сол ба ин сӯ “Барқи тоҷик” бо “Брешно” дар Туркия сари интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон созишнома имзо мешавад. Ин худ як таҷриба аст. Вақте равобити сиёсиву дипломатӣ нест, аммо равобити соҳавиву идоравӣ метавонад бошад. Вақте мо барқро қатъ накардем, ин ҳам нишонаи назари нек, агар ба Толибон* нест, ба мардуми Афғонистон аст ва ҳам механизм ё роҳи ҳамкорӣ”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Вай афзуд, панҷ гузаргоҳ, ё бозори марзии миёни ду кишвар фаъол ҳастанд, ки тиҷорати марзиро ба тиҷорати миёни кишварҳо табдил мекунад ва ҳукумати Толибон* изҳор дошт, ки дар иҷрои тарҳи CASA – 1000 манфиатдор аст, тарҳе, ки Тоҷикистон аз он интизориҳои зиёд дорад.
“Илова бар ин ҳама, метавон дар соҳаи кишоварзӣ, интиқоли барқ ва ҳам тиҷорат ҳамкориҳои вилояти Хатлону Бадахшони Тоҷикистон бо Кундузу Тахор, Балх ва Бадахшони Афғонистонро ҳамвор кард. Шимоли Афғонистон вилоятҳои умдатан тоҷикнишин ҳастанд ва бояд манофеъ ва рушди онҳо низ ба назар гирифта шавад. Кӯмакҳои башардӯстона, бахусус, расонидани маводи ниёзи аввал, қабл аз ҳама, орд ба шимоли Афғонистон бояд қатъ нашавад ва набояд мунтазири ягон офати табиӣ буд”, - гуфт коршиноси тоҷик.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо ишора ба сиёсатҳои форсиситезӣ ва паштунсозии шимоли Афғонистон, ки башиддат идома дорад, мегӯянд, тамоми ҳамсояҳои шимолии Афғонистон сиёсати нарми ҷилавгирӣ аз онро пеш гирифтаанд.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, Толибон* дигарбора иҷрои сиёсатҳои Абдураҳмонхонро пеш гирифтанд, бахусус, дар атрофи канали Қӯштеппа, ки мехоҳанд ҳудуди ним миллион гектар заминҳои онро ба паштунҳои ҷанубу Покистон таслим кунанд ва тавозуни қавмӣ дар шимоли Афғонистонро барҳам зананд, ки ин ояндаи қаламрави Хуросони таърихиро таҳти хатар гузоштааст.
“Бархӯрди Ӯзбекистону Туркманистон, ки низ Толибонро* ба расмият нашинохтаанд, низ то ҷое аз ҳамин сиёсати нарм бармеояд, вагарна аз канали Қӯштеппа бештарин хисороти ҷуброннопазирро онҳо мутаҳаммил мешаванд. Рушди тиҷорат ва кӯмакҳои башардӯстона корест, ки ин ду кишвар мекунанд ва ба назар мерасад, Тоҷикистон ҳам аз онҳо монданӣ нест ва ҷойи худро ҳифз мекунад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Омори расмии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Толибон* аз рушди тиҷорат миёни ҷонибҳо шаҳодат медиҳад. Агар ба омори вазорати саноату тиҷорат Толибон* бубинем, дар ҳафт моҳи гузашта миёни ду кишвар ба арзиши 30 миллион доллар додуситади тиҷорӣ сурат гирифтааст, ки Афғонистон ҳашт ва Тоҷикистон 22 миллион доллар содирот доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар сиёсатҳои байнулмилалӣ аввалин кишваре ба ҳисоб меравад, ки расман аз ҳамон рӯзи аввали ба қудрат расидани Толибон*, эълом дошт, онро ба расмият нахоҳад шинохт ва ин вазъ ин ҳамсояи Толибонро* ба мухолифи рақами аввали ин гуруҳ табдил дод. Аммо бо гузашти се сол, он гуна ки дида мешавад, дар асл ду ҷониб ҳеҷ гоҳ азм ба инфиҷори пулҳои равобит накардаанд.
Рустами Рушангар, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, агар расонаҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин фикр бошанд, ки Тоҷикистон танҳо ба хотири тоҷикони Афғонистон ва сиёсатҳои форсиситезии Толибон чунин мавқеъро гирифтааст, иштибоҳи бузург мекунанд.
“Се соли султаи Толибон* собит кард, ки ин гуруҳ ба эъмори як низоми ифротӣ ва шадидан мазҳабӣ машғул аст ва онро на мардуми Афғонистон қабул дорад ва на ҳам минтақаву ҷаҳон. Аслан тарҳи як давлати шадидан мазҳабии суннии ифротӣ дар минтақа тарҳи қариб нимасраи Ғарб аст, ки бояд ба гирду атроф нуфуз кунад ва ин гуна давлат на фақат кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки манотиқи мусулмоннишини Русияву Чинро низ таҳдид мекунад”, - гуфт Рустами Рушангар.
Коршиносон мегӯянд, асли ин ки ҷомиаи ҷаҳонӣ ҳозир ба эътирофи расмии ҳукумати Толибон* нест, маҳз аз сиёсатҳои тундгароёна ва пуштибонии он аз созмонҳои террористӣ бармеояд, он чӣ ки аз оғоз Тоҷикистон дарк ва як хатар ба амнияти хеш ташхис дод ва тавре аз изҳороти се соли дойираҳои низомии Русия дар мавриди Афғонистон бармеояд, Толибон* ҳанӯз дар ин амр, яъне даст бардоштан аз ифротият ва пуштибонии созмонҳои террористӣ, қабл аз ҳама ДОИШ, коре накардааст, то хотири онҳоро ҷамъ кунад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.