https://sputnik.tj/20240708/tolibon-uzbekiston-sarmoyaguzori-istikhroj-maodin-afghoniston-1063452581.html
Дархости толибон* аз Узбекистон барои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъодини Афғонистон
Дархости толибон* аз Узбекистон барои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъодини Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати санъату тиҷорати ҳукумати толибон сармоягузории Узбекистонро барои истихроҷи маодини нафту гази шимол ва миси ғарби Афғонистон хостор шуд
2024-07-08T16:10+0500
2024-07-08T16:10+0500
2024-07-08T16:10+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
дар ҷаҳон
саноат
ҳамкорӣ
сармоягузорӣ
равобит
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057247783_0:0:1051:591_1920x0_80_0_0_83ef4ad6a450333e6e36d1bb8671a9f9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати санъату тиҷорати ҳукумати толибон* аз дидори Нуриддин Азизӣ сарпарасти ин вазорат бо Бобир Исломов вазири саноати кӯҳӣ ва геологияи Узбекстон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, вазири узбекистонӣ хоҳони ақди мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи истихроҷи маодин ва ҳимоят аз сармоягузорӣ дар ду кишвар шудааст.Вай бо ишора ба таъсиси ду корхонаи бузурги тавлиди мис дар Узбекистон таъкид кард, ки ниёзи маводи хоми ин корхонаҳо бо иктишофу истихроҷи маодини Афғонистон маъруф хоҳад шуд.Дар идома Нуриддин Азизӣ низ ба далели наздикии масир ва дастрасии осон ба бозорҳои минтақа аз ҳамтои узбекистониаш сармоягузории он кишвар барои истихроҷи маодини нафту гази шимоли Афғонистонро хостор шуд.Вай ҳамчунон сармоягузории Узбекистон дар истихроҷи маодини миси вилоёти Ғазниву Ҳирот ва эҳдоси фабрикаҳои тавлиди маводи маъданӣ дар Афғонистонро пешниҳод кард.Дар ахир мувофиқат шуд, ки ҳайати расмии Узбекистон ба ҳамоҳангии яке аз вазоратҳои Афғонистон барои таҳқиқ ва корҳои техникӣ ба Афғонистон сафар кунад.Узбекистон ва Афғонистон ахиран низ дар бораи эҷоди хонаи тиҷорати ду кишвар тавофуқ карданд.Ёдовар мешавем, ки ахиран ҳайати муштараки давлатӣ ва бахши хусусӣ ба раёсати Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъату тиҷорати толибон* ба Узбекистон рафт.*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20240704/shsh-amniyatu-afghoniston-rahmon-saroni-shsh-az-chi-guft-1063421432.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057247783_52:0:932:660_1920x0_80_0_0_5a1d773a8fbfd71bef1b98175f352a66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, маодин, саноат, ҳамкорӣ, узбекистон. осиёи миёна
афғонистон, маодин, саноат, ҳамкорӣ, узбекистон. осиёи миёна
Дархости толибон* аз Узбекистон барои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъодини Афғонистон
Сарпарасти вазорати санъату тиҷорати ҳукумати толибон сармоягузории Узбекистонро барои истихроҷи маодини нафту гази шимол ва миси ғарби Афғонистон хостор шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати санъату тиҷорати ҳукумати толибон* аз дидори Нуриддин Азизӣ сарпарасти ин вазорат бо Бобир Исломов вазири саноати кӯҳӣ ва геологияи Узбекстон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, вазири узбекистонӣ хоҳони ақди мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи истихроҷи маодин ва ҳимоят аз сармоягузорӣ дар ду кишвар шудааст.
Вай бо ишора ба таъсиси ду корхонаи бузурги тавлиди мис дар Узбекистон таъкид кард, ки ниёзи маводи хоми ин корхонаҳо бо иктишофу истихроҷи маодини Афғонистон маъруф хоҳад шуд.
Дар идома Нуриддин Азизӣ низ ба далели наздикии масир ва дастрасии осон ба бозорҳои минтақа аз ҳамтои узбекистониаш сармоягузории он кишвар барои истихроҷи маодини нафту гази шимоли Афғонистонро хостор шуд.
Вай ҳамчунон сармоягузории Узбекистон дар истихроҷи маодини миси вилоёти Ғазниву Ҳирот ва эҳдоси фабрикаҳои тавлиди маводи маъданӣ дар Афғонистонро пешниҳод кард.
Дар ахир мувофиқат шуд, ки ҳайати расмии Узбекистон ба ҳамоҳангии яке аз вазоратҳои Афғонистон барои таҳқиқ ва корҳои техникӣ ба Афғонистон сафар кунад.
Узбекистон ва Афғонистон ахиран низ дар бораи эҷоди хонаи тиҷорати ду кишвар тавофуқ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран ҳайати муштараки давлатӣ ва бахши хусусӣ ба раёсати Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъату тиҷорати толибон* ба Узбекистон рафт.
*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад