Аз ифтитоҳи корхонаи инноватсионӣ то маркази савдо: Идомаи сафари Раҳмон ба Суғд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон открыл швейное предприятие ООО "Лидер" в городе Худжанд
Эмомали Рахмон открыл швейное предприятие ООО Лидер в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Обуна шудан
Сафари раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд идома дорад. Дар рӯзи ҷашни истиқлоли давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд чанд ишншооти муҳимро ифтоҳ кард
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Президентии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 9 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Корхонаи инноватсионии "Само" оғоз бахшид.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар самтиасосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд карда шудааст.
Дар корхона наздик ба 60 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи диодӣ, прожекторҳои диодӣ, сутунпояҳо, таҷҳизоти таъминкунандаи қувваи муайяни барқ, камераҳо назоратӣ, радио бо дизайни миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, раванди фаъолият бо риоя аз талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Раисҷумҳур ҳамчунин пас аз ифтитоҳи ин иншоот дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро ифтитоҳ кард.
Эмомали Рахмон открыл швейное предприятие ООО Лидер в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Раҳмон дар Рӯзи истиқлолият дар Суғд ду корхонаи навро ифтитоҳ кард
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — роҳбари ширкати ватании “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки молу маҳсулоте, ки дар маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ба фурӯш гузошта мешавад, аксаран истеҳсоли ватанӣ мебошанд.
Сипас раисҷумҳур дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” оғоз бахшид.
Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбари ширкати “Сайҳун”, соҳибкори ватандӯст Исмоилов Нозимҷон бунёд гардидааст.
Ширкати “Сайҳун” дорои фермаи парандаправарӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар он 5 сех, ки ҳар кадом барои нигоҳубини 15 ҳазор сар чӯҷа пешбинӣ шудааст, фаъолият мекунад.
Иқтидори коргоҳ дар як сол имкон дорад то 420 тона гӯшти мурғро коркард намояд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуд ва барои бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошт.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Раҳмон ба омодагӣ ба паёмадҳои "ҷанги нави сард", хушксолӣ ва пандемия даъват кард
Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” бо харҷи 1 миллион доллар бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костюм, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.
Марҳилаи дуюми корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея бо харҷи 5 миллион доллар дар назар аст.
Марҳилаи дуюми корхона ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Лентаи хабарҳо
0