https://sputnik.tj/20240909/rahmon-sathi-kambizoatiro-az-83-ba-21-rasondem-1064262604.html
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд
2024-09-09T18:15+0500
2024-09-09T18:15+0500
2024-09-09T18:15+0500
дар тоҷикистон
сатҳи камбизоатӣ
коҳиш
раҳмон
эмомалӣ раҳмон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/02/1064164128_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_86d4d5ad3ba78fc781343e9dc84463af.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.Вай қайд кард, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.Мувоффиқи таҳлилҳои Агентии омор сатҳи камбизоатӣ дар байни минтақаҳои кишвар нисбати шаҳр дар деҳот бештар аст.Тибқи таҳлили охирине, ки Агентии омор дар соли 2019 анҷом додааст, мизони камбизоатӣ дар шаҳр 18,4 дарсад ва дар деҳот 30,1 дарсадро ташкил медиҳад.Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.Қаблан раисҷумҳури кишвар гуфта буд, ки Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
https://sputnik.tj/20231228/rahmon-kam-kambizoati-hukumat-muhlat-1061095577.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/02/1064164128_103:0:1922:1364_1920x0_80_0_0_5cfa45fb3c998d20984d9fb1bd4c5f18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ, коҳиш, раисҷумҳур
эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ, коҳиш, раисҷумҳур
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Вай қайд кард, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.
Мувоффиқи таҳлилҳои Агентии омор сатҳи камбизоатӣ дар байни минтақаҳои кишвар нисбати шаҳр дар деҳот бештар аст.
Тибқи таҳлили охирине, ки Агентии омор дар соли 2019 анҷом додааст, мизони камбизоатӣ дар шаҳр 18,4 дарсад ва дар деҳот 30,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Қаблан раисҷумҳури кишвар гуфта буд, ки Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.