https://sputnik.tj/20231105/tojikiston-sarshumor-gov-buz-gusfand-afzud-istehsol-gusht-shir-1060332480.html
Дар Тоҷикистон саршумори гову бузу гӯсфанд афзудааст: истеҳсоли гӯшту шир чӣ?
Дар Тоҷикистон саршумори гову бузу гӯсфанд афзудааст: истеҳсоли гӯшту шир чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, тавлиди шир ва гӯшт низ дар қиёс бо соли гузашта зиёдтар шудааст
2023-11-05T09:31+0500
2023-11-05T09:31+0500
2023-11-07T13:01+0500
кишоварзӣ
гӯшт
гов
гӯсфанд
истеҳсол
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057316242_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_d0a5d2db50d627241ca8f782e5c9abbc.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши саршумори чорвои калон ва майда сабт шудааст.Дар ин бора муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир зимни “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” дар Данғара изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ҳисобида, гуфт, ки дар таъмини амнияти озуқавориикишвар, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи хос дорад.Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати оғози октябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2,6 млн сар чорвои калон парвариш карда мешаванд.Ин нишондиҳанда ба гуфтаи вай, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳазор сар зиёд шудааст.Дар ин миён аз ҷумла 1млну 355 ҳазор сар модагов мебошад, ки дар қиёс бо охири даҳмоҳаи соли гузашта беш аз 55 ҳазор сар зиёдтаранд.Вазорати кишоварзии Тоҷикистон саршумори бузу гӯсфандро дар Тоҷикистон 6 млну 622 ҳазор сар арзёбӣ кардааст. Афзоиши саршумори бузу гӯсфанд зиёда аз 440 ҳазор сарро ташкил медиҳад.Ин ниҳод таъкид намудаст, ки теъдоди аспон низ дар хоҷагиҳои Тоҷикистон зиёд шуда, ба 87 ҳазор сар баробар гардидаст. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 ҳазор сар бештар аст.Мақомот ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли гӯшту шир гузориш додаанд. Аз ҷумла дар давоми моҳҳои январ - сентябр зиёда аз 221 ҳазор тонна гӯшт ва 688 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат дар ҷумҳурӣ то кунун беш аз 2,3 млн тонна хӯроки дурушт ва 74 ҳазор тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст.
https://sputnik.tj/20230806/narkh-hajm-voridot-ord-tojikiston-kohish-1058674647.html
https://sputnik.tj/20230630/barnoma-hukumat-kor-tojikiston-voridot-gusht-kohish-1057999233.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057316242_522:0:3253:2048_1920x0_80_0_0_031f9688bf5f8240548d4bde5072588b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, срашумор, буз, гов, гӯсфанд, гӯшт, истеҳсол, афзоиш, кишвоарзӣ
тоҷикистон, срашумор, буз, гов, гӯсфанд, гӯшт, истеҳсол, афзоиш, кишвоарзӣ
Дар Тоҷикистон саршумори гову бузу гӯсфанд афзудааст: истеҳсоли гӯшту шир чӣ?
09:31 05.11.2023 (Навсозишуда: 13:01 07.11.2023) Саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, тавлиди шир ва гӯшт низ дар қиёс бо соли гузашта зиёдтар шудааст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши саршумори чорвои калон ва майда сабт шудааст.
Дар ин бора муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир зимни “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” дар Данғара изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ҳисобида, гуфт, ки дар таъмини амнияти озуқавориикишвар, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи хос дорад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати оғози октябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2,6 млн сар чорвои калон парвариш карда мешаванд.
Ин нишондиҳанда ба гуфтаи вай, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳазор сар зиёд шудааст.
Дар ин миён аз ҷумла 1млну 355 ҳазор сар модагов мебошад, ки дар қиёс бо охири даҳмоҳаи соли гузашта беш аз 55 ҳазор сар зиёдтаранд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон саршумори бузу гӯсфандро дар Тоҷикистон 6 млну 622 ҳазор сар арзёбӣ кардааст. Афзоиши саршумори бузу гӯсфанд зиёда аз 440 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки теъдоди аспон низ дар хоҷагиҳои Тоҷикистон зиёд шуда, ба 87 ҳазор сар баробар гардидаст. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 ҳазор сар бештар аст.
Мақомот ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли гӯшту шир гузориш додаанд. Аз ҷумла дар давоми моҳҳои январ - сентябр зиёда аз 221 ҳазор тонна гӯшт ва 688 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат дар ҷумҳурӣ то кунун беш аз 2,3 млн тонна хӯроки дурушт ва 74 ҳазор тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст.