Ғолибони озмуни аккосии хабарӣ ба номи Андрей Стенин маълум шуданд
10:41 04.09.2024 (Навсозишуда: 11:44 04.09.2024)
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАнна Плюснина (Санкт-Петербург), получившая Гран-при Х Международного конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина
© Sputnik / Евгений Биятов
/ Обуна шудан
Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 3 сентябр дар Маскав дар Осорхонаи давлатии таърихи муосири Русия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Барандаи Гран-при озмуни X байналмилалии аккосии хабарӣ ба номи Андрей Стенин — рассоми шаҳри Санкт-Петербург Анна Плюснина шуд.
Ҳайати ҳакамон якдилона ба ӯ барои силсила аксҳои "Нигоҳ ба чашми шахс" дар бораи кӯдакони гирифтори бемории спектри аутизм ва наздикони онҳо ҷоизаи олии озмунро доданд.
© Foto / Anna Plyusnina/StenincontestФоторабота Анны Плюсниной, получившая Гран-при Х Международного конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина
Фоторабота Анны Плюсниной, получившая Гран-при Х Международного конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина
© Foto / Anna Plyusnina/Stenincontest
“Бори аввал ман бо одамони аутизм ҳангоми таълим дар семинари аксбардории фарогир вохурдам. Онҳо наврасоне буданд, ки ҳамроҳи модаронашон ба дарс омада буданд. Ихтилоли спектри аутизм на ҳамеша аз берун намоён аст ва метавонад дар шакл ва дараҷаҳои гуногун зоҳир шавад. Маро тавоноии рӯҳияи заноне, ки пайваста ба фарзандонашон наздиканд, ишқи онҳо, ки сарфи назар аз ҳама чиз барои мубориза бо ин беморӣ қувваи худро сарф мекунад, дар ҳайрат гузоштааст”, - гуфт Анна Плюснина.
Силсилаи аксҳо дар бахши "Портрет" пешниҳод карда шуданд.
Дар баробари Гран При, рӯйхати диагроне, ки бо ҷоизаҳо сазовор гаштанд эълон шуд.
Дар бахши “Хабарҳои асосӣ” беҳтарин асари аксбардор аз Новосибирск Владислав Некрасов “Вазифаи ӯ” дар бораи халабони ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Уралские авиалинии”, ки дар саҳро дар вилояти Новосибирск фуруд омада буд, беҳтарин дониста шуд.
© Foto / Vladislav Nekrasov/StenincontestРабота "Его долг" фотографа из России Владислава Некрасова. 1 место. Главные новости, одиночные
Работа "Его долг" фотографа из России Владислава Некрасова. 1 место. Главные новости, одиночные
© Foto / Vladislav Nekrasov/Stenincontest
Дар бахши “News Breaking”, ҷои аввал ба Фредерик Гелинас аз Италия барои акси лаҳзаи "Вақти Агава" дода шуд, ки дар бораи навъҳои агава барои тавлиди мезкал нақл мекунад.
© Foto / Frederique Gelinas/StenincontestРабота "Время агавы" фотографа из Италии Фредерике Желинаса. 1 место. Главные новости, серии
Работа "Время агавы" фотографа из Италии Фредерике Желинаса. 1 место. Главные новости, серии
© Foto / Frederique Gelinas/Stenincontest
Дар бахши варзиш ҷои аввал ба кори “кӯдакони Читтагонг”, ки лой бозӣ мекунанд, ва аз ҷониби Муҳаммад Суман аз Бангладеш аксбардорӣ шудааст, дода шуд.
© Foto / Mohammed Suman/StenincontestРабота "Дети Читтагонга играют в грязи" фотографа из Бангладеш Мохаммада Сумана. 1 место. Спорт, одиночные
Работа "Дети Читтагонга играют в грязи" фотографа из Бангладеш Мохаммада Сумана. 1 место. Спорт, одиночные
© Foto / Mohammed Suman/Stenincontest
Дар номинатсияи маъруфтарин дар байни иштирокчиёни озмун "Сайёраи ман" беҳтарин кори "Дар куҷо сабз ранги ҳаёт нест"-и Паула Хесус Бригнарделлои итолиёӣ дониста шуд.
© Foto / Paula Jesus Brignardello/StenincontestРабота "Там, где зеленый – не цвет жизни" фотографа из Италии Паула Хесус Бриньярделло. 1 место. Моя планета, одиночные
Работа "Там, где зеленый – не цвет жизни" фотографа из Италии Паула Хесус Бриньярделло. 1 место. Моя планета, одиночные
Дар байни силсилафилмҳо "Сайёраи ман" беҳтарин силсилаи "Хотираҳои ҳаёт пеш аз пешрафт"-и Мосфиқур Раҳмон Ҷоҳан аз Бангладеш дониста шуд.
© Foto / Mosfiqur Rahman Johan/StenincontestРабота "Воспоминания о жизни до прогресса" фотографа из Бангладеш Мосфикур Рахман Джохана. 1 место. Моя планета, серии
Работа "Воспоминания о жизни до прогресса" фотографа из Бангладеш Мосфикур Рахман Джохана. 1 место. Моя планета, серии
© Foto / Mosfiqur Rahman Johan/Stenincontest
Дар категорияи "Портрет. Каҳрамони замони мо" бехтарин асарҳои мухбирони аксбардори Русия ва Ҳиндустон буданд.
Ва силсилаи "Бевазанони овора"-и хабарнигори ҳиндӣ Раҷендра Пандей дар бораи шаҳри Вриндавани Ҳинд, ки дар он ҳудуди 20 ҳазор бевазанон, ки аз сӯи хонаводаҳои худ мавриди озори худ зиндагӣ мекунанд, нақл мекунад.
© Foto / Rajendra Pandey/StenincontestРабота "Вдовы-изгои" фотографа из Индии Раджендра Пандей. 1 место. Герой нашего времени, серии
Работа "Вдовы-изгои" фотографа из Индии Раджендра Пандей. 1 место. Герой нашего времени, серии
© Foto / Rajendra Pandey/Stenincontest
Маросими ботантана дар Маскав оғози намоиши аксҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия оғоз мебахшад. Намоишгоҳи байналмилалӣ аллакай дар галереяҳои Эфиопия, Сербия ва Аргентина ба нақша гирифтааст, аммо ҷуғрофияи сафари байналмилалӣ васеътар хоҳад шуд.
Дар бораи Озмун
Озмуни байналмилалии аккосии хабарӣ Андрей Стенин, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти сарпарастии Комиссияи Федератсияи Русия оид ба ЮНЕСКО ташкил карда шудааст, ҳадафи дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба чолишҳои аксбардории муосир мебошад.
Ин платформа барои суратгирони ҷавон - боистеъдод, роҳҳои нав боз кардааст, ки дар он диққати моро ба одамон ва рӯйдодҳои гирду атроф ҷалб мекунанд.
Шарикони расонаҳои байналмилалии озмун Агентии иттилоотӣ ва радиои Sputnik (International), телевизион ва портали RT (International), медиахолдинги Independent Media (Африқои Ҷанубӣ), агентии иттилоотии ANA (Африқои Ҷанубӣ), Shanghai United Media Group (SUMG) ) (Чин), портали интернетии рӯзномаи China Daily (Чин), интернет портали The Paper мебошанд.