https://sputnik.tj/20240701/ozmuni-stenin-ovozdihi-korbaroni-internet-rohandozi-kard-1063394919.html
Озмуни Стенин-2024 овоздиҳӣ байни корбарони интернетро роҳандозӣ кард
Озмуни Стенин-2024 овоздиҳӣ байни корбарони интернетро роҳандозӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Феҳристи кӯтоҳи номзадҳо ва инчунин барандаи Гран-при аз ҷониби кумитаи тадорукот дар моҳи сентябр дар бахши русӣ ва англисии сомона эълон карда мешаванд
2024-07-01T16:17+0500
2024-07-01T16:17+0500
2024-07-01T16:17+0500
андрей стенин
озмуни ба номи стенин
интернет
овоздиҳӣ
русия
дар русия
"россия сегодня"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/01/1063392785_0:436:600:774_1920x0_80_0_0_ad1b15edf2f9a2e55ad1dd7220fc0790.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар ҳафтаи аввали моҳи июл дар бахши русӣ ва англисии сомонаи Озмуни байналмилалии аксҳо ба хотираи Андрей Стенин овоздиҳии онлайнӣ оғоз шуд.Ин гуна овоздиҳӣ, ба корбарони интернет имкон медиҳад, ки акс ё чанд аксе, ки ба феҳристи кӯтоҳ, бо қарори доварони байналмилалӣ дохил шудаанд интихоб намоянд.Номи ғолиб аз рӯи шумораи бештари овозҳо эълон мешавад.Барои овоздиҳӣ шумо бояд акс ё силсилаи аксҳои дӯстдоштаи худро дар сомонаи озмун интихоб намоед ва тугмаи паҳлӯи онҳоро пахш кунед. Ба шумо лозим нест, ки дар ягон шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи шахсӣ дошта бошед. Овоздиҳӣ то соати 23:59 (бо вақти Маскав) то 31 июл идома хоҳад ёфт.Ғолиби овоздиҳии онлайнӣ дар аввали моҳи август эълон хоҳад шуд. Муаллифи акси маъмултарин дар интернет соҳиби дипломи озмун мегардад.Дар Маскав озмуни солонаи рӯзноманигорони аксбардор ба номи Андрей Стенин оғоз ёфтҶойҳо ва ҷоизаҳои номзадҳои феҳристи кӯтоҳро ва инчунин барандаи Гран-приро кумитаи тадорукот моҳи сентябр дар сомонаи русӣ ва англисӣ дар эълон хоҳад кард.Дар ин озмун ҳамчунин баргузории роуд-шоу ба нақша гирифта шудааст.Дар бораи ОзмунОзмуни байналмилалии хабарнигории ба номи Андрей Стенин, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти сарпарастии Комиссияи Русия оид ба ЮНЕСКО баргузор мешавад, ҳадафи дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба чолишҳои рӯзноманигорони аксбардори муосир мебошад.Ин платформа барои аксбардорони ҷавон – боистеъдод аст, ки дар он диққати моро ба одамон ва рӯйдодҳои гирду атроф ҷалб мекунанд.Шарикони расонаҳои байналмилалии ин озмун инҳо буданд: Агентии иттилоотӣ ва радиои Sputnik (International), телевизион ва портали RT (International), медиахолдинги Independent Media (Африқои Ҷанубӣ), агентии иттилоотии ANA (Африқои Ҷанубӣ), Shanghai United Media Group (SUMG) ) (Хитой), портали интернетии рӯзномаи China Daily (Чин), интернет портали The Paper (Хитой), шабакаи расонаии Al Mayadeen (Лубнон).Озмунро ҳамчун шарикони соҳавӣ дастгирӣ мекунанд: Иттифоқи журналистони Русия, портали иттилоотии "Журналистони ҷавон" (Русия), портали аксҳои русӣ (Русия), портали Photo-study.ru (Русия).
https://sputnik.tj/20240620/dukhtar-uqyonus-trojedi-musobiqai-akosii-stenin-1063276064.html
https://sputnik.tj/20231019/jolibtarin-aksho-jahon-golibon-ozmun-andrey-stenin-1060043835.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/01/1063392785_0:380:600:830_1920x0_80_0_0_82f8bbcf999c17756e3433654748e3a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, стенин, овоздиҳӣ, корбарон, интернет, овоздиҳӣ, озмун, аксбардорон
русия, стенин, овоздиҳӣ, корбарон, интернет, овоздиҳӣ, озмун, аксбардорон
Озмуни Стенин-2024 овоздиҳӣ байни корбарони интернетро роҳандозӣ кард
Феҳристи кӯтоҳи номзадҳо ва инчунин барандаи Гран-при аз ҷониби кумитаи тадорукот дар моҳи сентябр дар бахши русӣ ва англисии сомона эълон карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар ҳафтаи аввали моҳи июл дар бахши русӣ ва англисии сомонаи Озмуни байналмилалии аксҳо ба хотираи Андрей Стенин овоздиҳии онлайнӣ оғоз шуд.
Ин гуна овоздиҳӣ, ба корбарони интернет имкон медиҳад, ки акс ё чанд аксе, ки ба феҳристи кӯтоҳ, бо қарори доварони байналмилалӣ дохил шудаанд интихоб намоянд.
Номи ғолиб аз рӯи шумораи бештари овозҳо эълон мешавад.
Барои овоздиҳӣ шумо бояд акс ё силсилаи аксҳои дӯстдоштаи худро дар сомонаи озмун интихоб намоед ва тугмаи паҳлӯи онҳоро пахш кунед. Ба шумо лозим нест, ки дар ягон шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи шахсӣ дошта бошед. Овоздиҳӣ то соати 23:59 (бо вақти Маскав) то 31 июл идома хоҳад ёфт.
Ғолиби овоздиҳии онлайнӣ дар аввали моҳи август эълон хоҳад шуд. Муаллифи акси маъмултарин дар интернет соҳиби дипломи озмун мегардад.
Дар Маскав озмуни солонаи рӯзноманигорони аксбардор ба номи Андрей Стенин оғоз ёфт
Ҷойҳо ва ҷоизаҳои номзадҳои феҳристи кӯтоҳро ва инчунин барандаи Гран-приро кумитаи тадорукот моҳи сентябр дар сомонаи русӣ ва англисӣ дар эълон хоҳад кард.
Дар ин озмун ҳамчунин баргузории роуд-шоу ба нақша гирифта шудааст.
Озмуни байналмилалии хабарнигории ба номи Андрей Стенин, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти сарпарастии Комиссияи Русия оид ба ЮНЕСКО баргузор мешавад, ҳадафи дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба чолишҳои рӯзноманигорони аксбардори муосир мебошад.
Ин платформа барои аксбардорони ҷавон – боистеъдод аст, ки дар он диққати моро ба одамон ва рӯйдодҳои гирду атроф ҷалб мекунанд.
Шарикони расонаҳои байналмилалии ин озмун инҳо буданд: Агентии иттилоотӣ ва радиои Sputnik (International), телевизион ва портали RT (International), медиахолдинги Independent Media (Африқои Ҷанубӣ), агентии иттилоотии ANA (Африқои Ҷанубӣ), Shanghai United Media Group (SUMG) ) (Хитой), портали интернетии рӯзномаи China Daily (Чин), интернет портали The Paper (Хитой), шабакаи расонаии Al Mayadeen (Лубнон).
Озмунро ҳамчун шарикони соҳавӣ дастгирӣ мекунанд: Иттифоқи журналистони Русия, портали иттилоотии "Журналистони ҷавон" (Русия), портали аксҳои русӣ (Русия), портали Photo-study.ru (Русия).