https://sputnik.tj/20240830/iftitoh-bemorkhona-maydon-varzishi-korkhona-ravghanbarori-ahmon-norak-1064131467.html
Ифтитоҳи беморхона, майдони варзишӣ ва корхонаи равғанбарорӣ: Идома сафари Раҳмон ба Норак
Ифтитоҳи беморхона, майдони варзишӣ ва корхонаи равғанбарорӣ: Идома сафари Раҳмон ба Норак
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба шаҳри Норак чанд иншооти муҳими бахши тандурустӣ, варзишӣ ва саноатиро ифтитоҳ кард
2024-08-30T13:11+0500
2024-08-30T13:11+0500
2024-08-30T13:24+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иншоот
ифтитоҳ
беморхона
майдони варзишӣ
коргоҳ
норак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064133504_0:26:1280:746_1920x0_80_0_0_7e5c03dc0e8f344e5fd753c44e39522c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.Ба иттилои мнабаъ, бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак аз се ошёна иборат буда, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд.Қайд карда шудааст, ки дар баробари иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ ба муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷаи гурда аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 730 ҳазор доллар ворид карда шудааст.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи беморхона, ба кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа кард.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Норак дар маросими ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ширкат кард.Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.Зимни маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш вазифадор намуд.Манбаъ қайд кардааст, ки варзишгоҳи марказии шаҳри Норак аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012”, “Толокор”, “Насби нур”, “Абубакри Дилшод”, “Таҷҳизоти аср” ва “Зевар” сохта шудааст.Чанд лаҳза пеш Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон ба фаъолияти корхонаи равғанбарории ширкати "Тоҷик Глобал Инвест" оғози расмӣ бахшид.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи "Равғани олии Норак", мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.Иттилоъ доджа шудааст, ки хатҳои истеҳсолии корхона таҷҳизоти насли нави давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, фаъолияти онҳо бо истифода аз ангишт сурат мегирад.Зикр гардидааст, ки ашёи хом, яъне офтобпараст барои коркард ва истеҳсоли ин маводи ғизоӣ аз Қазоқистон ворид карда мешавад.Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари корхонаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов бунёд карда шудааст.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ, дар ҳамин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли собун, ки маҳсулоти дигари ин корхона мебошад, шинос шуд.Хабар дода шудааст, ки имрӯз дар шаҳри Норак беш аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо асосан истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20240830/barq-ziyod-rahmon-charkhai-nbo-norak-navsozi-1064130797.html
https://sputnik.tj/20240829/rahmon-namoyandagon-kasbu-kori-gunogun-qadrdoni-kard-1064119431.html
норак
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064133504_115:0:1252:853_1920x0_80_0_0_a84b3d594f8b54ac2aacb1ae466d7853.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, корхона, беморхона, майдони варзишӣ, ифтитоҳ, саноат, тандурустӣ, раисҷумҳур, иншоот
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, корхона, беморхона, майдони варзишӣ, ифтитоҳ, саноат, тандурустӣ, раисҷумҳур, иншоот
Ифтитоҳи беморхона, майдони варзишӣ ва корхонаи равғанбарорӣ: Идома сафари Раҳмон ба Норак
13:11 30.08.2024 (Навсозишуда: 13:24 30.08.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба шаҳри Норак чанд иншооти муҳими бахши тандурустӣ, варзишӣ ва саноатиро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои мнабаъ, бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак аз се ошёна иборат буда, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд.
Қайд карда шудааст, ки дар баробари иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ ба муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷаи гурда аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 730 ҳазор доллар ворид карда шудааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи беморхона, ба кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Норак ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа кард.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Норак дар маросими ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ширкат кард.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Зимни маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш вазифадор намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки варзишгоҳи марказии шаҳри Норак аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012”, “Толокор”, “Насби нур”, “Абубакри Дилшод”, “Таҷҳизоти аср” ва “Зевар” сохта шудааст.
Чанд лаҳза пеш Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон ба фаъолияти корхонаи равғанбарории ширкати "Тоҷик Глобал Инвест" оғози расмӣ бахшид.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи "Равғани олии Норак", мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.
Иттилоъ доджа шудааст, ки хатҳои истеҳсолии корхона таҷҳизоти насли нави давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, фаъолияти онҳо бо истифода аз ангишт сурат мегирад.
Зикр гардидааст, ки ашёи хом, яъне офтобпараст барои коркард ва истеҳсоли ин маводи ғизоӣ аз Қазоқистон ворид карда мешавад.
Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари корхонаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов бунёд карда шудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ, дар ҳамин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли собун, ки маҳсулоти дигари ин корхона мебошад, шинос шуд.
Хабар дода шудааст, ки имрӯз дар шаҳри Норак беш аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо асосан истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудааст.