https://sputnik.tj/20240828/vazorat-sohibi-naqliyot-davlat-utilizatsiya-moshin-pardokht-1064107434.html
Вазорат: Соҳиби нақлиёт муваззаф аст ба давлат ҳаққи утилизатсияи мошинро пардохт кунанд
Вазорат: Соҳиби нақлиёт муваззаф аст ба давлат ҳаққи утилизатсияи мошинро пардохт кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати ниқлиёт таъкид кардааст, ки андозаи пардохти ҳатмӣ барои утилизатсияи нақлиёт аз навъи мошин вобаста буда, аз 360 то 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
2024-08-28T15:46+0500
2024-08-28T15:46+0500
2024-08-28T15:46+0500
вазорати нақлиёт
дар тоҷикистон
нобудсозӣ
пардохт
мошин
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_76e94c356b1c87b323e60d545bc3550f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар тибқи тағйирот ба қонуни "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", ки охири соли гузашта аз парлумони кишвар қабул карда буд, соҳибони ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт муваззафандба давлат ҳаққи якдафъаинаро барои утилизатси ин мошинҳо пардохт намоянд.Таъкид гардидааст, ки ин бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири партовҳо, инчунин ворид намудани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ, ки ба татбиқи тадбирҳои дахлдор оид ба таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, таҳия шудааст.Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки андози утилизатсия аз ҷониби мақомоти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳангоми ба қайд гирифтани мошин дар феҳристи давлатӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии он, инчунин ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии техникӣ ситонида мешавад.Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки агар мошин аллакай аз соҳиби қаблӣ чунин талон дошта бошад, пас барои утилизатсия дубора пардохт кардан лозим нест.“Ҳамаи мошинҳо, нақлиёти мотосиклӣ, боркашонӣ, автобусҳо ва миниавтобусҳо, ки аз расмиёти бақайдгирӣ, муоинаи ҳатмии техникӣ ё санҷши гумрукӣ мегузаранд, бояд барои утилизатсия андоз супоранд”, - зикр кардааст вазорати нақлиёт.Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати нақлиёт намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо шарти аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани воситаҳои нақлиёти худ аз пардохти андоз барои утилизатсия озод карда шуданд.Ҳамзамон вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки андозаи пардохти ҳатмӣ барои утилизатсия ё барҳамдиҳии воситаи нақлиёт низ муайян карда шудааст.“Ҳаҷми маблағ аз навъи мошин вобаста буда, аз 360 то 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи пардохти ҳатмӣ барои соҳибони мотосикл 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки зиёда аз 10 нафарро интиқол медиҳанд, – 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳои боркаш ва борбардор – 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо муқаррар шудааст”, - хабар додааст вазорат.Бояд гуфт, ки аз оғози соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240816/bazpasgardoni-porakuni-sharhi-maqomoti-gumruk-moshini-kuhna-video-1063981422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_10:0:2677:2000_1920x0_80_0_0_2f314ae32fc7a0a4551d12c1779363a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, утилизатсия, нобудсозӣ, ҳатмӣ, вазорати нақлиёт, пардохт, маблағ
тоҷикистон, нақлиёт, утилизатсия, нобудсозӣ, ҳатмӣ, вазорати нақлиёт, пардохт, маблағ
Вазорат: Соҳиби нақлиёт муваззаф аст ба давлат ҳаққи утилизатсияи мошинро пардохт кунанд
Вазорати ниқлиёт таъкид кардааст, ки андозаи пардохти ҳатмӣ барои утилизатсияи нақлиёт аз навъи мошин вобаста буда, аз 360 то 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар тибқи тағйирот ба қонуни "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", ки охири соли гузашта аз парлумони кишвар қабул карда буд, соҳибони ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт муваззафандба давлат ҳаққи якдафъаинаро барои утилизатси ин мошинҳо пардохт намоянд.
Таъкид гардидааст, ки ин бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири партовҳо, инчунин ворид намудани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ, ки ба татбиқи тадбирҳои дахлдор оид ба таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, таҳия шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки андози утилизатсия аз ҷониби мақомоти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳангоми ба қайд гирифтани мошин дар феҳристи давлатӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии он, инчунин ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии техникӣ ситонида мешавад.
“Ин андоз барои ҳар як воситаи нақлиёт як маротиба пардохт мегардад. Пас аз ин, ба соҳиби воситаи нақлиёт талони махсус медиҳанд (ДАР АКС), ки то давраи нобудсозӣ ё утилизатсияи мошин амал мекунад”, - қайд кардааст вазорати нақлиёти кишвар.
Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки агар мошин аллакай аз соҳиби қаблӣ чунин талон дошта бошад, пас барои утилизатсия дубора пардохт кардан лозим нест.
“Ҳамаи мошинҳо, нақлиёти мотосиклӣ, боркашонӣ, автобусҳо ва миниавтобусҳо, ки аз расмиёти бақайдгирӣ, муоинаи ҳатмии техникӣ ё санҷши гумрукӣ мегузаранд, бояд барои утилизатсия андоз супоранд”, - зикр кардааст вазорати нақлиёт.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати нақлиёт намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо шарти аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани воситаҳои нақлиёти худ аз пардохти андоз барои утилизатсия озод карда шуданд.
Ҳамзамон вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки андозаи пардохти ҳатмӣ барои утилизатсия ё барҳамдиҳии воситаи нақлиёт низ муайян карда шудааст.
“Ҳаҷми маблағ аз навъи мошин вобаста буда, аз 360 то 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи пардохти ҳатмӣ барои соҳибони мотосикл 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки зиёда аз 10 нафарро интиқол медиҳанд, – 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ, барои мошинҳои боркаш ва борбардор – 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо муқаррар шудааст”, - хабар додааст вазорат.
Бояд гуфт, ки аз оғози соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон 72 сомониро ташкил медиҳад.