Ё базпасгардонӣ ё поракунӣ: Шарҳи мақомоти гумрук дар бораи 1900 мошин – видео

Обуна шудан
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Идораи гумрук дар бораи “тақдир”-и садҳо мошини солашон кӯҳна пурсон шуд, ки моҳҳо ба ин тараф дар анбор нигаҳдорӣ мешаванд
Алҳол дар анбори тобеъи идораи гумрук воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд беш аз 1900 адад мошинҳои соли бароришашон то 2013 нигаҳдорӣ мешаванд.
Мақомоти гумрук дар шимоли Тоҷикистон шарҳ доданд, ки бо ин мошинҳо чи кор мекунанд ва соҳибонашон ба кадом тарз аз онҳо истифода бурда метавонанд.
Ҷамшед Орипов, сардори шуъбаи ташкили назорати гумрукии
Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои барасмиятдарории ин теъдод мошинҳо иҷоза дарёфт накарданд ва ҳоло ду роҳи истифодаи онҳо имконпазир аст.
Омори рӯ ба афзоиш: додугирифти мол миёни Суғду Бодканд бештар шудааст
“Тибқи низоми гумрукӣ соҳибкорон метавонанд ин мошинҳоро бозпасгардонӣ (реэкспорт) кунанд ва ё пора карда ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ ба расмияти гумрукӣ дароранд” – қайд кард, мақомдори идораи гумрук.
Бино ба иттилоъи манбаъ ҳоло 1929 адад чунин воситаҳои нақлиёт нигаҳдорӣ мешаванд.
Моҳи августи соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард ва тибқи он сар аз моҳи октябри ҳамон сол воридоти мошинҳои соли бароришашон то 2013 манъ гардид.
Дар моҳҳои ноябр – декабри соли 2023 садҳо воистаи нақлиёт дар роҳи воридшавӣ ба Тоҷикистон дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон воқеъ дар гузаргоҳҳои гумрукии “Фотеҳобод” ва “Ойбек” банд монд ва ин ҳолат боиси тамбашавӣ дар роҳҳои байнулмиллаӣ гардида монеаи ҳаракати мунтазами дигар нақлиётҳоро ба вуҷуд оварда буд.
“Доруи чашмро барои бинӣ фурухтанӣ буданд”: Мусодираи 1200 дона “Мидакс” дар Суғд
Баъзе аз соҳибкорон иброз мекарданд, ки қабл аз қабули қарори ҳуқумат моли худро ба роҳ бароварданд, аммо бо сабабҳои зиёд саривақт расида натавонистанд. Онҳо хостори бознигарии барасмиятдарории гумрукӣ шуда буданд.
Соҳибони воситаҳои нақлиёт моҳҳо ба ин тараф харҷи нигаҳдории мошинҳоро пардохт мекунанд.
Баъди инак даҳ моҳи нигадорӣ мақомот ду роҳи истифода аз ин мошинҳоро ба соҳибонашон пешниҳод кардаанд: ё бозпасгардонӣ (реэкспорт) ва ё нобудсозӣ (ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ).
Лентаи хабарҳо
0