https://sputnik.tj/20240819/somoni-ustuvor-rubl-kohish-qurb-asor-tojikiston-1064000300.html
Сомонӣ устувору рубл коҳиш ёфт: эълони қурби асъорҳои калидӣ дар Тоҷикистон
Сомонӣ устувору рубл коҳиш ёфт: эълони қурби асъорҳои калидӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ ҳафтаро бо коҳиш оғоз кард, аммо доллар мизони гароншавиро ҳамоно идома медиҳад
2024-08-19T09:35+0500
2024-08-19T09:35+0500
2024-08-19T09:47+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
доллар
евро
рубл
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро бо коҳиш оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 119,1 сомонӣ медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳазор рублро мешуд бар ивази 120 сомонӣ харид.Қурби доллар боз тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10.6562 сомонӣ ва ҳоло10.6600 сомонӣ харид.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро дар бозори арзи кишвар майли коҳиш дорад.Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.7185 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11.7335 сомонӣ қимат дошт.БМТ ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст, ки чунин аст: 1 доллари ИМА аз 10.6600 то 10.7000 сомонӣ;1 евро аз 11.7185 то 11.8000 сомонӣ;1 рубли русӣ аз 119,1 то 121 сомонӣ.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20240720/bmt-dollar-qibol-somoni-bequrb-1063601433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сомонӣ устувор рубл коҳиш эълон қурб асъор калидӣ тоҷикистон
сомонӣ устувор рубл коҳиш эълон қурб асъор калидӣ тоҷикистон
Сомонӣ устувору рубл коҳиш ёфт: эълони қурби асъорҳои калидӣ дар Тоҷикистон
09:35 19.08.2024 (Навсозишуда: 09:47 19.08.2024) Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ ҳафтаро бо коҳиш оғоз кард, аммо доллар мизони гароншавиро ҳамоно идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро бо коҳиш оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 119,1 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳазор рублро мешуд бар ивази 120 сомонӣ харид.
Қурби доллар боз тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10.6562 сомонӣ ва ҳоло10.6600 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро дар бозори арзи кишвар майли коҳиш дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.7185 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11.7335 сомонӣ қимат дошт.
БМТ ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст, ки чунин аст:
1 доллари ИМА аз 10.6600 то 10.7000 сомонӣ;
1 евро аз 11.7185 то 11.8000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 119,1 то 121 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.