https://sputnik.tj/20240819/roh-ohan-tojikiston-haml-naql-kishvarho-idm-imtiyoz-1064000772.html
Роҳи оҳани Тоҷикистон барои боркашонӣ аз кишварҳои ИДМ имтиёз гирифтааст
Роҳи оҳани Тоҷикистон барои боркашонӣ аз кишварҳои ИДМ имтиёз гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 72%-и ҳамлу нақли байналмилалии Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан сурат мегирад
2024-08-19T14:25+0500
2024-08-19T14:25+0500
2024-08-19T14:25+0500
роҳи оҳани тоҷикистон
идм
имтиёз
боркашонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои ҳамлу нақл аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо тахфифҳои назаррас дарёфт кардааст, хабар медиҳад "Ховар". Ба гуфтаи сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалиев, беш аз 72 дарсади ҳамлу нақли байналмилалӣ – содироту воридот тавассути роҳи оҳан амалӣ мешавад. Раиси КВД афзуд, ки ширкат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар нақши муассир дорад. Вай ҳамчунин афзуд, ки барои афзоиши ҳаҷми содироти коло ва маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" то 80% имтиёз пешниҳод кардааст.Ширкат инчунин бо ширкатҳои роҳи оҳани дигар кишварҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, аз ҷумла дар ҳамлу нақл аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо тахфифҳои назаррас ба даст овард, афзуд роҳбари КВД.Қаблан хабар дода шуда буд, ки нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон ба “хатсайрҳои рақамӣ” мегузарад. Ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар миқёси байналмиллалии интиқоли электронӣ ҷорӣ карда шуда, барои ҳамлу нақли автомобилӣ ба хориҷа иҷозати электронӣ дода мешавад.Ҳамзамон, Даромадгоҳи ягона барои ҳамаи иштирокчиёни бозори нақлиёт бо таъини як намуд рамзи QR таҳия карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240801/tojikiston-bozori-pokiston-hind-bunyodi-rohi-ohan-sarhadi-afghoniston-1063756918.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ оҳан тоҷикистон боркашонӣ кишварҳо идм имтиёз
роҳ оҳан тоҷикистон боркашонӣ кишварҳо идм имтиёз
Роҳи оҳани Тоҷикистон барои боркашонӣ аз кишварҳои ИДМ имтиёз гирифтааст
Вазорати нақлиёт ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 72 дарсади ҳамлу нақли байналмилалии Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои ҳамлу нақл аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо тахфифҳои назаррас дарёфт кардааст, хабар медиҳад "Ховар".
Ба гуфтаи сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалиев, беш аз 72 дарсади ҳамлу нақли байналмилалӣ – содироту воридот тавассути роҳи оҳан амалӣ мешавад.
Раиси КВД афзуд, ки ширкат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар нақши муассир дорад.
"Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 3,2 млн тонна бор ва 214,1 ҳазор мусофир интиқол додааст", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуд, ки барои афзоиши ҳаҷми содироти коло ва маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" то 80% имтиёз пешниҳод кардааст.
Ширкат инчунин бо ширкатҳои роҳи оҳани дигар кишварҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, аз ҷумла дар ҳамлу нақл аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо тахфифҳои назаррас ба даст овард, афзуд роҳбари КВД.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон ба “хатсайрҳои рақамӣ” мегузарад. Ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар миқёси байналмиллалии интиқоли электронӣ ҷорӣ карда шуда, барои ҳамлу нақли автомобилӣ ба хориҷа иҷозати электронӣ дода мешавад.
Ҳамзамон, Даромадгоҳи ягона барои ҳамаи иштирокчиёни бозори нақлиёт бо таъини як намуд рамзи QR таҳия карда мешавад.