https://sputnik.tj/20240801/tojikiston-bozori-pokiston-hind-bunyodi-rohi-ohan-sarhadi-afghoniston-1063756918.html
Тоҷикистон ба бозори Покистону Ҳинд роҳ меёбад: Бунёди роҳи оҳан то сарҳади Афғонистон
Тоҷикистон ба бозори Покистону Ҳинд роҳ меёбад: Бунёди роҳи оҳан то сарҳади Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе вобаста ба лоиҳакашии бунёди роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён" протокол ба имзо расид
2024-08-01T14:11+0500
2024-08-01T14:11+0500
2024-08-01T14:44+0500
дар тоҷикистон
панҷ
марз
роҳи оҳан
ҷалолиддини балхӣ
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маросими баимзорасонии Протоколи музокирот байни Вазорати нақлиёти кишвар ва Агентии Корея дар бораи ҳамкории байналмилалӣ (КОICА) дар бораи таҳияи Асосноккунии техникиву иқтисодии (АТИ) лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён" баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ арзиши умумии Асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа 4 млн доллар буда, хати роҳи оҳани бунёдшаванда то сарҳади Афғонистон 51 километр, пулҳои гуногунандоза 28 адад ва қубурҳои обгузар 160 ададро ташкил медиҳанд.Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз доштааст, ки ҳадафи асосии лоиҳа баромадан ба бозори давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) мебошад.Вай илова кард, ки дар сурати муваффақона татбиқ намудани лоиҳа Тоҷикистон ба давлати транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли молу маҳсулот бо мамлакатҳои ҳамсоя меафзояд, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои давлатҳои дигари минтақа бисёр муфид хоҳад буд..Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Корея дар Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки ин лоиҳа қадами дигар ба ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон аст ва бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 комилан мувофиқат мекунад.“Он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба баҳр барояд ва ба ҳалқаи калидии ҳамлу нақли байналмилалӣ табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ созгор аст”, - қайд кард дипломат.Ким Ҷун Сик қайд кард, ки ин лоиҳа нахустин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба бунёди роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ мебошад ва изҳори умедворӣ кард, ки он дар муддати се сол пурра татбиқ гардида, дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни Корея ва Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.Қайд карда шудааст, ки протоколи ин музокирот дар натиҷаи гузаронидани якчанд даври гуфтушунидҳо байни ҷонибҳо тартиб дода шуд ва он тамоми ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии раванди таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён"-ро ба танзим медарорад.
https://sputnik.tj/20240710/afgoniston-tojikistonro-rohi-ohan-mepayvandad-1063464398.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, сарҳад, роҳи оҳан, бунёд, "ҷалолиддини балхӣ – панҷи поён"
тоҷикистон, афғонистон, сарҳад, роҳи оҳан, бунёд, "ҷалолиддини балхӣ – панҷи поён"
Тоҷикистон ба бозори Покистону Ҳинд роҳ меёбад: Бунёди роҳи оҳан то сарҳади Афғонистон
14:11 01.08.2024 (Навсозишуда: 14:44 01.08.2024) Дар Душанбе вобаста ба лоиҳакашии бунёди роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён" протокол ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маросими баимзорасонии Протоколи музокирот байни Вазорати нақлиёти кишвар ва Агентии Корея дар бораи ҳамкории байналмилалӣ (КОICА) дар бораи таҳияи Асосноккунии техникиву иқтисодии (АТИ) лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён" баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ арзиши умумии Асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа 4 млн доллар буда, хати роҳи оҳани бунёдшаванда то сарҳади Афғонистон 51 километр, пулҳои гуногунандоза 28 адад ва қубурҳои обгузар 160 ададро ташкил медиҳанд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз доштааст, ки ҳадафи асосии лоиҳа баромадан ба бозори давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) мебошад.
"Он ба таъмини рушди тиҷорати минтақавӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди бунёдгардида, паст намудани сарборӣ ва шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мусоидат менамояд", - гуфт вазир.
Вай илова кард, ки дар сурати муваффақона татбиқ намудани лоиҳа Тоҷикистон ба давлати транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли молу маҳсулот бо мамлакатҳои ҳамсоя меафзояд, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои давлатҳои дигари минтақа бисёр муфид хоҳад буд..
Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Корея дар Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки ин лоиҳа қадами дигар ба ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон аст ва бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 комилан мувофиқат мекунад.
“Он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба баҳр барояд ва ба ҳалқаи калидии ҳамлу нақли байналмилалӣ табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ созгор аст”, - қайд кард дипломат.
Ким Ҷун Сик қайд кард, ки ин лоиҳа нахустин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба бунёди роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ мебошад ва изҳори умедворӣ кард, ки он дар муддати се сол пурра татбиқ гардида, дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни Корея ва Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Қайд карда шудааст, ки протоколи ин музокирот дар натиҷаи гузаронидани якчанд даври гуфтушунидҳо байни ҷонибҳо тартиб дода шуд ва он тамоми ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии раванди таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён"-ро ба танзим медарорад.