Омори рӯ ба афзоиш: додугирифти мол миёни Суғду Бодканд бештар шудааст

© Sputnik / Илья НаймушинГрузовые автомобили на федеральной трассе
Грузовые автомобили на федеральной трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2024
Обуна шудан
Масъулони идораи омор дар бораи ҳаҷми гардиши савдо миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Вилоятҳои наздимарзии Суғду Бодканд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 540 ҳазор доллар табодули мол анҷом додаанд. Дар ин бора, сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бар пояи хабари манбаъ дар ин давра ҳиссаи моли содиротӣ нисбат ба воридот бештар шудааст.
“Бино ба маълумотҳои гумрукӣ ба маблағи 456, 6 ҳазор доллар мол содир шуда ва ба 83 ҳазор доллар мол ворид карда шудааст” – гуфт, Накҳатзода.
Бино ба тавзеҳи ин масъули Идораи омор дар ин давра аз вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Қирғизистон асосан интиқоли барқ ва гидроксиди натрий содир карда шуда ва аз ин кишвар ба вилояти Суғд воридоти мошинҳои боркаш ва барқ сурат гирифтааст.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Роҳ сӯи ҳамкорӣ: Гардиши мол миёни Суғд ва Бодканд афзоиш ёфтааст
Ҳарчанд ҳаҷми гардиши мол дар муқоиса ба панҷ соли пеш кам арзёбӣ мешавад, вале нисбат ба шаш моҳи соли 2023 ум, 33,7 % афзудааст.
Чанде пеш раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадоза дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ мақомоти ду кишвари ҳамсоя 94% заминҳои баҳсбарангезро ба мувофиқа расонидаанд.
Ҷонибҳо дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам кор карда истодаанд.
Вилояти Суғди Тоҷикистонро яке аз дарвозаҳои асосии имкониятҳои рушди иқтисодиёти кишвар ном мебаранд. Бино ба иттилоъи идораи омор давоми моҳҳои январ -июни соли 2024 ҳаҷми гардиши саводои хориҷӣ дар ин вилоят ба 1475, 6 млн доллар расонида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 109% афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0