Пахтаи тарканда: оё Тоҷикистон метавонад ба мусобиқаи таслиҳотӣ ҳамроҳ шавад?

© Sputnik / Alekseiy Philippov / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий мотострелкового полка Таманской дивизии снаряжает холостыми патронами пулемет
Военнослужащий мотострелкового полка Таманской дивизии снаряжает холостыми патронами пулемет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2024
Обуна шудан
Талаботи корхонаҳои мудофиаи Русия, Хитой ва Аврупо ба "тиллои сафед" ба Тоҷикистон имкон медидад, ки суръати саноатикунониро тезонда, даромади хуб ба даст оварад.
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Силсилаи низоъҳои ҳарбӣ ва мусаллаҳшавии нав дар миқёси ҷаҳонӣ як чизи ғайриоддиро ошкор карданд. Аз як тараф, технология ва пешбурди ҷанг ба сатҳи нав гузаштанд - масалан, табдил додани паҳподҳо ва бесарнишинҳои оддӣ аз асбобҳои ёрирасони мушоҳидавӣ ба як шохаи алоҳидаи ҳамлаи низомӣ, ки бо артиллерия бомуваффақият рақобат мекунанд.
Аз тарафи дигар, як қатор мушкилоти қариб давраи ҷанги якуми ҷаҳон кашф гардид, ки дар давоми зиёда аз сад сол онҳоро на як давлат ва на ҳатто пешқадамтарин ширкатҳои яроқсоз ҳал карда натавонистанд. Сухан дар бораи нарасидани ҷузъҳои асосии яроқ ва пеш аз ҳама борут меравад.
Подписание Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и компанией Сипар Груп о создании предприятия по производству современной бронетехники и специального оборудования в Республике Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2024
Ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон
Ва дар ин самт Тоҷикистони бетараф ва сулҳпарвар метавонад дар вазъи мусаллаҳшавии ҷаҳонӣ даромади хуб ба даст орад. Ончунон, ки Узбекистони ҳамсоя аллакай ин корро карда истодааст.
Талабот пешниҳодро ба вуҷуд намеорад
Норасоии борут дар саноати ҷаҳонии силоҳ дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ошкор шуд. Пас аз як соли ҷанг, артиши Русия ва Украина "қаҳтии(норасоии) снарядӣ" -ро эҳсос карданд, вақте ки захираи хумпораҳои тӯпҳо, ки солиёни зиёд захира мешуд, ба охир расид ва саноат бошад, таъмини артишро бо лавозимоти ҷангӣ ба ҷо овардан наметавонист.
Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳама давру замон пас аз асри XXII борут як шарти зарурӣ ва муҳими бартарии низомӣ буд. Аммо, чунон ки таҷриба нишон дод, ҳатто захираҳои хеле калон ба охир мерасанд. Ва дар ҷаҳони глобализми ғолиб бошад, истеҳсоли он пайвастани бисёр занҷирҳои технологӣ ва логистикиро талаб мекунад.
Дар шароити нисбатан осоишта ин тарҳ бенуқсон кор мекунад ва барои саноатчиён хеле арзон аст. Аммо мушкилот дар он аст, ки борут махсусан дар замони ҷанг серталаб мешавад, вақте ки ба ғайр аз гулдурроси тӯпҳо, инчунин таҳримҳо мавҷуданд, ки метавонанд занҷири хуби истеҳсолиро ҳам барҳам диҳанд. Аз ҷумла барои онҳое низ, ки ин таҳримҳоро фаъолтар татбиқ мекунанд.
Стенд Ирана на Х Международном военно-техническом форуме Армия-2024 в Конгрессно-выставочном центре Патриот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2024
Иштироки намояндагони Чин, Эрон, Малӣ дар намоишгоҳи байналмилалии “Артиш – 2024” Русия
Моҳи марти соли 2024 истеҳсолкунандагони аслиҳаи аврупоӣ ба воҳима афтоданд, - Чин ба кишварҳои Аврупо маводи хом барои истеҳсоли борутро қатъ кард, ки бинобар ин онҳо наметавонистанд барои Украина снаряд истеҳсол кунанд. Сухан дар бораи линту селлулёзаи пахта меравад, ки барои ба даст овардани нитроселлюлозаи махсус истифода мешаванд, ки аз он баъдан снаряд барои тӯпу танк тайёр карда мешаванд.
Раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон пас аз як нишасти навбатӣ дар Порис гуфт, "борут воқеан он чизест, ки бароямон дар таъмини снаряд ба Украина намерасад". Вай қайд кард, ки ваъдаи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар бораи додани 1 миллион снаряд ба Украина "беэҳтиётона" буд, зеро маълум шуд, ки Ғарб тавони тавлиди ин корро надорад.
Дар бораи он, ки Иттиҳодияи Аврупо бо мушкилоти дарёфти ашёи хом барои истеҳсоли борут рӯбарӯ аст, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба бозори дохилӣ Тйерри Бретон низ изҳор дошт.
"Барои тайёр кардани борут як навъи махсуси пахта лозим аст, ки он асосан аз Чин оварда мешавад", -гуфт ӯ баъди шикоятҳои минбаъдаи Киев дар бораи он, ки "шарикони мӯҳтарами ғарбӣ" ӯҳдадориҳои худро иҷро накарданд ва снарядҳои 155-миллиметрӣ надодаанд.
Нокомии шаш моҳи ахир, аз ҷумла талафоти Авдеевка ва рахнашавии якбораи чанд бахши ҷабҳаро фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Украина маҳз ба камбуди ин снарядҳо шарҳ медоданд.
Китайские военнослужащие во время учений. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
“Пойгоҳи махфии Чин” дар Тоҷикистон ё талоше барои афкандани нифоқ?
Мақомҳои аврупоӣ шарҳ намедиҳанд, ки маҳз чӣ сабаби қатъи интиқоли ашёи хоми пахта аст, аммо ба гуфтаи Армин Паппергер, раҳбари бузургтарин ширкати аврупоии Rheinmetall, хатари он вуҷуд дорад, ки Чин бо сабабҳои геополитикӣ аз додани линт даст кашад. Дар амал ин маънои ҷамъ кардани захираҳо барои худ аз ҷониби артиши ҶХХ дар пасманзари муноқишаи эҳтимолӣ бо Тайван ва ҳам ҳамкории зич бо Русия дорад.
Сабақ аз иштибоҳҳои худ.
Дар бораи Русия чӣ гуфтан мумкин аст? Бояд гуфт, ки роҳбарияти низомии кишвар сарфи назар аз норасоии муайяни хумпораҳои (снарядҳои) артиллерӣ дар моҳҳои аввали соли 2023, таҷрибаи ғамангези ду ҷанги ҷаҳониро ба инобат гирифта, ба фарқ аз Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, тавонист норасоии шадиди снарядро пешгирӣ кунад. Аз бисёр ҷиҳат бо таъмин намудани захираҳои зарурии борут ва ашёи хом барои тайёр кардани он.
Дар ин ҷо як сайри кӯтоҳи таърихӣ лозим аст. Русия ҳамеша аз нарасидани борути баландсифат ранҷ мебурд. Ин дар давраи ҷанги Русияву Ҷопон ва Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ рӯй дод. Ҳамин тавр, дар муҳорибаи фалокатбори Тсусима дар соли 1905 шумораи зарбаҳои тӯпҳои артиллерияи рус ба киштиҳои Ҷопон қариб ба зарбаҳои душман баробар буд. Бо вуҷуди ин, иқтидори таркандаашон 10-15 маротиба камтар буд, ки натиҷаи фалокатбори ҷангро барои империяи Русия пешакӣ муайян кард.
Дар ибтидои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ вазорати ҳарбӣ истеҳсоли борутро зиёд карда, ашёи хом, яъне пахтаро аз генерал - губернатории Туркистон, аз ҳудуди Тоҷикистон ва Ӯзбекистони ҳозира мехарид. Аммо ҷанги хурди зафаровар, чунон ки қариб ҳамаи иштирокчиёни он фикр мекарданд, ба хунинтарин ва калонтарин задухурди таърихи ҷаҳон табдил ёфт.
Стенд Ирана на Х Международном военно-техническом форуме Армия-2024 в Конгрессно-выставочном центре Патриот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2024
Иштироки намояндагони Чин, Эрон, Малӣ дар намоишгоҳи байналмилалии “Артиш – 2024” Русия
Дар соли 1916 Россия ба сатҳи ҳадди аксари истеҳсоли борут — қариб ба 30 ҳазор тонна расид, вале ин талаботи артиши русро конеъ намегардонд. Дар натиҷа "норасоии снаряд" дар ҷабҳа сабаби мағлубиятҳои калон шуд, ки дар натиҷа ҳукумати подшоҳӣ дар натиҷаи инқилоби февралӣ барҳам хӯрд ва империя таназзул ёфт.
Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз хатоҳои дигарон сабақи хуб мегирифт ва то ибтидои ҷанги дуйуми ҷаҳон истеҳсоли борути нитроглитсеринии арзонтар ва аз ҷиҳати технологӣ мукаммалтар азхуд карда, захираҳои онро мунтазам зиёд мекард. Ин буд, ки артиши шӯравӣ ба норасоии зиёди снарядҳо дучор нашуд, танҳо гоҳ-гоҳ аз иттифоқчиёни худ навъхои камёби яроқро мехарид.
Аммо баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ мушкили истеҳсоли ашёи хом барои борут боз ба пуррагӣ ба миён омад. Таъминкунандагони асосӣ — Тоҷикистон ва Узбекистон давлатҳои мустақил гардиданд ва дар симои саноати мудофиаи шӯравӣ харидори боэътимоди худро аз даст дода, маҷбур шуданд, ки мустақилона бозори нав, асосан дар саноати сабук ва тиб ҷустуҷӯ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия, ки дар тӯли 10 сол тамоми бӯҳронҳои " солҳои 90-уми даҳшатнок" -ро паси сар кард, дубора ба сармоягузории рушди технологӣ ва муҷаҳҳазсозии артиш оғоз кард. Дар мавриди истеҳсоли борут, Вазорати мудофиаи Русия ду роҳро пеш гирифт.
Дар аввал қарор дода шуд, ки ба ҷои он, ки онро зуд дар қаламрави худ парвариш кунанд, алтернативаи дарёфти пахтаро пайдо кунад. Барои парвариши пахта дар худи Русия заминҳои мувофиқ каманд.
Дар натиҷа дар зарфи 7 сол ба олимони Институти марказии тадкикоти илмӣ-тадқиқотии кимиё ва механика муяссар гардид, ки борути нав ба вуҷуд оваранд, ки дар асоси он ба ҷои пахта зағир истифода мешуд. Зағир бошад, дар Русия дар ҳаҷми бузург парвариш карда мешавад ва ин кишвар содиркунандаи асосии он дар ҷаҳон мебошад. Ҳатто пас аз соли душвори 2022, содироти зағир 46% афзоиш ёфт ва харидори асосӣ, аҷиб аст, ки Чин буд.
Задержание террористов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Тарҳи “Крокус” дар Ваҳдат, ё Душанбе бо терроризм чӣ гуна дасту панҷа нарм мекунад?
Аммо пас аз бозгашти Қрим ва иштироки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷанги зидди ДОИШ* дар Сурия ба генералҳо маълум шуд, ки ҳатто ҳосили зиёди зағир ҳам талаботи саноати мудофиаи Русияро ба ашёи хоми борут пурра қонеъ карда наметавонад.
Узбекистон ҳамчун намуна барои Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол Маскав бо таклифи манфиатовар ба шарике, ки ҳамеша аз ин ашёи хом бой буд — ба Тошканд муроҷиат кард.
Соли 2020 кумитаи давлатии саноати мудофиаи Узбекистон созишномаро бо корхонаи истеҳсоли борути Қазон имзо кард. Мутобиқи ин созишнома Русия ӯҳдадор шуд, ки ба Узбекистон борут дода, дар ин кишвар истеҳсоли онро таъсис диҳад ва Узбекистон бошад, дар навбати худ ӯҳдадор шуд, ки ба Федератсияи Русия селлюлозаи зарурии пахтаро интиқол диҳад.
Азбаски сухан дар бораи истеҳсоли аслиҳа меравад, ҳаҷм ва инчунин маблағи дақиқи шартномаҳо махфӣ мебошанд. Аммо агар арзиши як кило селлюлозаи тайёр барои борут тақрибан 250-300 рубл (2,8-3,5 доллар) бошад, пас, бо назардошти миқёси ҳосил дар Узбекистон ва талаботи бузурги Русия, сухан дар бораи даҳҳо ва ҳатто мумкин аст садҳо миллионҳо доллар меравад.
Маросими кушодашавии Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии Артиш-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2024" - видео
Оё Тоҷикистон метавонад таҷрибаи кишвари ҳамсояро татбиқ кунад? Қисман ин аллакай рӯй дода истодааст - тибқи маълумоти охирини Агентии омори ҷумҳурӣ барои соли 2024, кишвар дар як сол то 60 ҳазор тонна пахта коркард намуда, коркарди аз ин ҳам зиёдтарро ба нақша гирифтааст.
Яке аз харидорони аслии пахтаи тоҷик маҳз ширкатҳои русиягӣ мебошанд, ки тайи панҷ соли ахир на танҳо барои эҳтиёҷоти саноати сабук фаъолона “тиллои сафед” мехариданд, балки ҳатто ҳазорҳо гектар заминро барои кишти пахта ба иҷора гирифтаанд.
Дар хусуси барои силоҳ истифода бурдани ашёи хоми пахта бошад, вазъияти мамлакат ба пайдо шудани корхонахои нави технологй равшан мусоидат мекунад. Раҳбарияти Тоҷикистон роҳи саноатикунонии фаъолро эълон кардааст, ки барои он сармоягузоронро фаъолона ҷалб мекунад ва ҳатто омода аст бори андозеро, ки ширкатҳои хориҷӣ аз он шикоят мекунанд, коҳиш диҳад.
Дар равобити Русияву Тоҷикистон чунин сиёсат аллакай самар додааст - дар нимаи аввали соли 2024 Русия ба сармоягузори асосии хориҷӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта, дар 6 моҳи охир ба иқтисоди он 714 миллион доллар сармоягузорӣ карда, аз Чин, ки пештар сармоягузори асосии ҷумҳурӣ буд, пеш гузашт.
Запуск линии мелкоузловой сборки на заводе Москвич  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2024
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО идома дорад
Илова бар ин, мақомоти Тоҷикистон ба рушди саноати ҳарбӣдар дохили кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад. Чунончӣ, соли 2022 корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Тоҷикистону Эрон дар кишвар ифтитоҳ ёфт, соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон корхонаи "Сипар гурӯҳ"-ро, ки дар он мошинҳои зиреҳпӯш барои артиш сохта хоҳанд шуд, ботантана ба истифода дод ва камтар аз як моҳ пеш Вазорати саноати Тоҷикистон эълон кард, ки ҷумҳурӣ ба истеҳсоли паҳподҳои худ шурӯъ мекунад, ки хатти истеҳсолии ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ “Байрактар” - ро ҳамчун асос истифода мебарад.
Ифтитоҳи корхонаи худи мо оид ба коркарди пахта ва истеҳсоли борут дар кишвар ба ин тамоюли давлатӣ комилан мувофиқат мекунад, бар замми ин Русия ва Чин – сармоягузорон ва шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ имрӯз бузургтарин харидорони чунин маҳсулот мебошанд. Ин бошад барои Тоҷикистон хеле муфид аст.
Албатта, дар баробари фишори эҳтимолии таҳримҳои Ғарб, ширкатҳои аслиҳасозӣ, бахшҳои марбута, артиш ва нерӯҳои амниятӣ ҳадди ақал то лаҳзаи кушодашавии ин тарҳҳо махфӣ нигоҳ доштани онҳоро афзал медонанд.
Аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми сармоягузории Русия ва майли Тоҷикистон барои рушди саноати ҳарбии худ ва манофеи мутақобилаи Маскаву Душанбе дар ин замина, пайдо шудани корхонаҳои Русияву Тоҷикистонро, шабеҳи корхонаҳое, ки дар Узбекистон ифтитоҳ шуданд, рад кардан мумкин нест.
* "Давлати исломӣ" (ДИ, ДОИШ) созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0