Ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2024" - видео

Обуна шудан
Анҷумани ҳарсолаи байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш" чун анъана як ҳафта давом мекунад, аммо соли 2024 давомнокии он то се рӯз кам карда шуд
Аз 12 то 14 август дар Боғи ҳарбӣ-ватандӯстии фарҳангу фароғати Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия "Патриот" (вилояти Маскав) Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2024" баргузор мешавад.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар дода, қайд кард, ки имсол ин чорабинӣ бидуни иштироки оммавӣ сурат мегирад. Мавзӯи асосӣ амалиёти махсуси низомӣ мебошад.
Русия аз нобудсозии сарбозони артиши Украина дар вилояти Курск хабар дод
"Имсол ба ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни форум корхонаҳои ватанӣ бартариҳои моделҳои русиягии техникаи ҳарбӣ, сатҳи баланди иқтидори техникӣ ва технологии ташкилотҳои саноати мудофиаи Русия, инчунин қарорҳои нав бо дарназардошти таҷрибаи таҳияшуда, ки дар давоми амалиёти вижа гирифта шудаанд, намоиш медиҳанд ", - қайд кард Вазорати мудофиа.
Сардори Сарраёсати рушди инноватсионии Вазорати дифои Русия Александр Осадчук гуфт, ки ба форум ҳайатҳои низомии 110 кишвари хориҷӣ даъват шудаанд. Қарор аст, бо онҳо мулоқотҳои дуҷониба доир ба рушди ҳамкориҳои низомиву фаннӣ баргузор шавад.
"Дар форум 4 давлат намоишгоҳи миллӣ ташкил карда шудааст (Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Чин). Дар форум зиёда аз 120 ширкати хориҷӣ ширкат меварзанд",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Осадчук, рӯзи 13 август имзои қарордодҳо миёни Вазорати дифои Русия бо корхонаҳои саноати дифои Русия ва ҳамчунин бо ширкати “Рособоронэкспорт” барои имзои созишномаҳои байналмилалӣ бо субъектҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ дар назар аст.
Форуми "Артиш" аз соли 2015 баргузор мешавад. Соли гузашта дар форум ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи 83 мамлакати хориҷӣ иштирок доштанд.
Дар чаҳорчӯби ҳамоиш Вазорати дифои Русия ба корхонаҳои саноати дифоъӣ ба маблағи беш аз 400 млрд рубл қарордодҳои ҳукуматӣ имзо карда буд.
Лентаи хабарҳо
0