“Пойгоҳи махфии Чин” дар Тоҷикистон ё талоше барои афкандани нифоқ?
13:31 12.08.2024 (Навсозишуда: 19:19 12.08.2024)
© AP / Heng SinithКитайские военнослужащие во время учений. Архивное фото
© AP / Heng Sinith
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳарфи “пойгоҳи низомии махфии Чин” дар Тоҷикистон бо он вуҷуд, ки аз сӯи мақомоти расмии Душанбею Пекин рад шуда, солҳост дар расонаҳои ғарбӣ баҳс мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуҷуди ҳама гуна пойгоҳ ё маркази низомии Чин дар Тоҷикистонро рад кард.
Қаблан расонаҳои хориҷӣ аз мавҷудияти як “пойгоҳи низомии махфӣ” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшони ин кишвар гузориш дода буданд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон вуҷуди ҳар гуна пойгоҳи низомии муштараки Тоҷикистону дигар кишвари хориҷӣ дар Бадахшонро рад карда гуфт, чунин гузоришҳо дар мавриди он ки Ҷумҳурии халқии Чин дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, қатъан дуруст нестанд.
“Мо ягон гуна пойгоҳ ва ё ҳатто марказ бо Ҷумҳурии халқии Чин дар Мурғоб надорем. Чунин чизе аслан вуҷуд надорад. Мо чизе муштарак бо Чин на фақат дар Ишкошим, балки тамоми Бадахшон надорем. Як маркази мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар шаҳри Душанбе ҳаст, ки тариқи он бо ҳамтоёни чинӣ ҳамкорӣ мекунем. Хориҷ аз он чизи дигаре нест”, - гуфт Абдураҳмон Аламшозода.
10 июни соли равон “Телеграф”, як расонаи бритониёӣ, бо пахши тасовири моҳвораӣ гузориш медиҳад, ки пойгоҳ дар маҳалли як посгоҳи Шӯравии собиқ дар баландии тақрибан 4 ҳазор метр, дар наздикии рустои Шаймаки ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавқеият дорад ва эъмори он тақрибан 10 сол ба ин сӯ идома дорад.
Ҳарфи як “пойгоҳи низомии махфии Чин” дар Бадахшони Тоҷикистон бо он вуҷуд, ки аз сӯи мақомоти расмӣ ҳам дар Душанбе ва ҳам Пекин рад шуда, солҳо ба ин сӯ аз сӯи расонаҳои ғарбӣ дигарбора ба миён гузошта мешавад.
Соли 2019 ҳатто Кунгураи Амрико ин мавзуъро ба баррасӣ гирифта, бонги хатар зада буд. Моҳи феврали соли равон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо радди ин иддаоҳои маҳофили ғарбӣ ҳатто даъват карда буд, ки ҳар касе бовар надорад, метавонад худ рафта бинад ва “ягона пойгоҳи низомие, ки дар Тоҷикистон ҳаст, пойгоҳи низомии 201 – и Русия аст ва бо ягон кишвари дигар Тоҷикистон бунёди пойгоҳи нави кишварҳои хориҷиро дар нақша надорад”.
Аммо, бо ин вуҷуд, тасовири моҳвораие, ки расонаи бритониёӣ ба нашр расондааст, чист?
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, дар гузашта воқеан дар ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон як маркази зидди терроризм фаъолият мекард, ки як гуна маркази ҳамоҳангсозии ниҳодҳои зиддитеррористии се кишвар – Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон буд.
“Бо суқути ҷумҳурият Афғонистон аз ин барнома хориҷ шуд ва чиниҳо низ алоқаи худро ба ин марказ гум карданд ва таъсисот дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифт. Аслан дар замони Шӯравӣ ин ҷо як дидбонгоҳи нерӯҳои марзбонӣ вуҷуд дошт, ки вазифааш назорат бар марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо Чину Афғонистон буд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли манбаъ, дар замони ҳузури Амрико дар Афғонистон ҳамсояи шарқии Тоҷикистон аз зовияи ӯйғурҳои Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, ки аз ҳамкорони калидии “Ал-қоида” – ву Толибон ба ҳисоб мерафтанд, зиёд нигаронӣ дошт.
“Чиниҳо ҳатто бо ҳукумати Афғонистон ба тавофуқ расида буданд, ки дар Бадахшони Афғонистон як ливои куҳиро ба ин манзур бо ҷалби ҳудуди ду ҳазор низомии афғон таъсис диҳанд ва онро сармоягузорӣ кунанд, аммо амрикоиҳо ба ин тарҳ мухолифат карданд”, - гуфт манбаъ.
Моҳи августи соли 2019 артишҳои Чину Тоҷикистон як размоиши муштараки бузурги зиддитеррористиро таҳти унвони "Ҳамкорӣ-2019" дар размоишгоҳи Ҷелондии ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон анҷом доданд, ки дар он садҳо афсару сарбоз, таҷҳизоти пешрафта, аз ҷумла бесарнишинҳо ва тайёраҳои ҷангӣ истифода шуданд.
Ин размоиш дар дойираи барномаҳои ҳамсони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуда буд. Пас аз расидани Толибон* ба қудрат дар Афғонистон дар августи соли 2021, Пекин равобити мустақим бо Кобулро ба роҳ монд ва муваффақ шуд, ки замонати онро аз зовияи хатари Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ба даст орад.
Чин бар ивази ҳамкориҳои Толибон ба онҳо ваъдаи сармоягузории 560 миллион доллар ба соҳаи истихроҷи маъдан, аз ҷумла нафту газро дод ва моҳи гузашта Афғонистон дар таърихи худ бори аввал ба маблағи 80 миллион доллар нафти хом ба хориҷ содир кард.
Дар умум Толибон тайи се соли ҳукумат муваффақ шуданд 313 маъдани ангиштро мавриди истифода қарор диҳанд, ки аксарияти онҳо бо сармоягузории Чин аст.
Ширкатҳои чинӣ дар истихроҷи тилло низ бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд, ки як корхонаи он дар вулусволии Шаҳри Бузурги Бадахшони Афғонистон, дуруст дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамкориҳои Чину Толибон дар соҳаи истихроҷи маодини Афғонистон борҳо аз сӯи нерӯҳои зиддитолибонӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Ба қавли онҳо, Чин сарватҳои Афғонистонро истихроқ намуда, як низоми террористиро дар минтақа тақвият медиҳад.
Аз ин хотир, манобеъи Sputnik Тоҷикистон бар ин боваранд, ки Чин дигар эҳтиёҷи ҷиддӣ ба доштани як маркази вижа дар Тоҷикистон, чӣ расад ба пойгоҳи низомӣ, надорад.
Аммо кишварҳои ғарбӣ чаро ба ҳузури низомии Чин дар Тоҷикистон ҳассосият нишон медиҳанд, дар ҳоле ки ин ду кишвар нахуст узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва ҳам ҳамсояи девор ба девор ҳастанд, ки дар ҳамсоягии худ Афғонистонро доранд, кишвареро, ки ҷунбиши Толибон* ба қудрат расида ва беш аз 20 созмони террористии байнулмилаливу минтақаӣ дар он озодона фаъолият мекунанд?
Коршиносон мегӯянд, ҳадафи ғарбиҳо хароб кардани равобити Тоҷикистон бо шарики стратегиаш Русия аст, ки дар қиёс бо дигар кишварҳои давру бар равобити хос дар умури амниятиву низомӣ доранд.
Қабл аз ҳама, дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201, бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз қаламрави он ҳузур ёфтааст.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, ғарбиҳо чанде ба ин сӯ мехоҳанд ин андешаро дар азҳони умум ба вуҷуд оранд, ки вақте Русия машғули ҷанг дар Украина аст, Чин майдонро холӣ дида, ҷойи онро дар Осиёи Марказӣ мегирад.
“Ин ҳам эҷоди ихтилоф миёни Русияву Чин аст ва ҳам Русияву Осиёи Марказӣ. Чин ҳамкори умдатарини Русия дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ аст ва афкандани нифоқ миёни онҳо аз аҳдофи стратегии Амрикову Ғарб аст. Осиёи Марказӣ таҷрибаи ҳамзистии беш аз 150-сола бо Русия дорад ва бо садҳои ришта ба ҳам пайвастаанд – шуруъ аз равобити стратегӣ то хонаводагӣ”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ӯ мегӯяд, Чин ҳеҷ гоҳ ҷойи Русияро барои минтақа гирифта наметавонад, ҳадди ақал барои он ки забони мушкили чинӣ наметавонад ҷойгузини забони русӣ, забони содаи муоширати Осиёи Марказӣ шавад.
Ин коршинос меафзояд, Русия дар муҳофизат аз истиқлол ва амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад ва ин кишварҳо ҳеҷ гоҳ расман ва ё ҳам ғайрирасмӣ ин бартарии стратегии Русияро рад накардаанд.
Аз ин хотир, талоши афкандани нифоқ миёни Русия ва Осиёи Марказӣ боз ҳам беҳуда аст, он гуна ки тайи сӣ сол ахир беҳуда буд.