https://sputnik.tj/20240813/vukh-tojikiston-borai-bahsho-atrofi-satru-hijob-man-nest-1063918642.html
ВУХ Тоҷикистон дар бораи баҳсҳо атрофи сатру ҳиҷоб: Манъ нест
ВУХ Тоҷикистон дар бораи баҳсҳо атрофи сатру ҳиҷоб: Манъ нест
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ахиран дар як нишаст гуфт, ки дар ҷумҳурии масъалаи “манъи сатру ҳиҷоб” вуҷуд надорад
2024-08-13T13:59+0500
2024-08-13T13:59+0500
2024-08-13T18:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳиҷоб
сатр
дин ва оин
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0d/1063927597_279:130:1070:575_1920x0_80_0_0_5c183b5aef8b20425762bfa1f74cc4ac.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид.Дар ҳамоиш намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилоти байналмилалию ҷамъиятӣ ва “ВАО “- и ватанию хориҷӣ ширкат намуданд.Дар ин нишаст Фаррух Шарифзода муовини вазири умури хориҷаи кишвар, қайд кард, ки дар Тоҷикистон масъалаи “манъи сатру ҳиҷоб” вуҷуд надорад, балки баръакс, дар сатҳи Роҳбари давлат, инчунин Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” дар таҳрири нав масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ баррасӣ гардидааст, ки чунин иқдом дар ҷаҳони ислом аввалин буда, қобили таҳсин аст.Вай гуфт, мардуми тоҷик, алалхусус занону модарон, тайи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, урфу одати маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд.Вай афзуд, ки чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ҳифз шудааст.“Куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт”, - қайд кард дипломати тоҷик.Вай илова кард, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо моҳияти арзиши миллии худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.Шарифзода таъкид кард, ки айни ҳол, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тарҳи либоси миллӣ барои занону духтарон омада шуда истодааст, ки он ба талаботи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад.Дар ин хусус фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон “Дар бораи либоси миллӣ” содир карда шуд, ки дар он пӯшидани либосҳои миллӣ, ки ба талаботи дини ислом ҷавобгӯбошанд, ҷонибдорӣ гардида, тавсия дода шудааст, ки занону духтарон аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, худдорӣ намоянд.Пӯшидани либоси динӣ.Муовини вазир дар масъалаи либосҳои махсус дар мактабҳое, ки дар он ҷо нисбат ба либосҳои мактабӣ талаботҳои муайян муқаррар гардидааст, гуфт, ки ҳолати мазкур ба таври озод буда, ба созишномаи дутарафаи падару модар ва муассисаи таълимӣ асос меёбад.Дар робита ба пӯшидани либоси ягонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ муовини вазир иттилоъ дод, ки онҳо тавсиявӣ мебошанд.Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистони дунявӣ ба шаҳрвандон ҷиҳати адои маросимҳои динӣ ва пӯшидани либосҳои дахлдор тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки дар Тоҷикистон озодии пайравӣ ба дин пурра риоя гардида, баръакси хабарҳои бардурӯғ, дар сатҳи ҳукумат арзишҳои динӣ арҷгузорӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20240621/hijob-idgardak-tojikiston-rasman-man-rahmon-qonun-imzo-1063286677.html
https://sputnik.tj/20240702/mani-begonaparasti-norasoii-ob-halqai--1063400464.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0d/1063927597_277:0:1045:576_1920x0_80_0_0_71e2fe9cf711bf38a59f86dd781ef09e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вух, баҳс, сатр, ҳиҷоб, манъ, нест, сиёсат, дин
тоҷикистон, вух, баҳс, сатр, ҳиҷоб, манъ, нест, сиёсат, дин
ВУХ Тоҷикистон дар бораи баҳсҳо атрофи сатру ҳиҷоб: Манъ нест
13:59 13.08.2024 (Навсозишуда: 18:10 13.08.2024) Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ахиран дар як нишаст гуфт, ки дар ҷумҳурӣ масъалаи “манъи сатру ҳиҷоб” вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилоти байналмилалию ҷамъиятӣ ва “ВАО “- и ватанию хориҷӣ ширкат намуданд.
Дар ин нишаст Фаррух Шарифзода муовини вазири умури хориҷаи кишвар, қайд кард, ки дар Тоҷикистон масъалаи “манъи сатру ҳиҷоб” вуҷуд надорад, балки баръакс, дар сатҳи Роҳбари давлат, инчунин Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” дар таҳрири нав масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ баррасӣ гардидааст, ки чунин иқдом дар ҷаҳони ислом аввалин буда, қобили таҳсин аст.
Вай гуфт, мардуми тоҷик, алалхусус занону модарон, тайи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, урфу одати маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд.
“Агар мо ба либоси мардум эътибор диҳем, шоҳиди он мешавем, ки занону духтарон ва модарон дар кишвар либоси миллӣ мепўшанд ва он аз курта, пойҷома ва рўймол иборат мебошад”, - таъкид кард оқои Шарифзода.
Вай афзуд, ки чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ҳифз шудааст.
“Куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт”, - қайд кард дипломати тоҷик.
Вай илова кард, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо моҳияти арзиши миллии худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.
Шарифзода таъкид кард, ки айни ҳол, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тарҳи либоси миллӣ барои занону духтарон омада шуда истодааст, ки он ба талаботи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар ин хусус фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон “Дар бораи либоси миллӣ” содир карда шуд, ки дар он пӯшидани либосҳои миллӣ, ки ба талаботи дини ислом ҷавобгӯбошанд, ҷонибдорӣ гардида, тавсия дода шудааст, ки занону духтарон аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, худдорӣ намоянд.
Муовини вазир дар масъалаи либосҳои махсус дар мактабҳое, ки дар он ҷо нисбат ба либосҳои мактабӣ талаботҳои муайян муқаррар гардидааст, гуфт, ки ҳолати мазкур ба таври озод буда, ба созишномаи дутарафаи падару модар ва муассисаи таълимӣ асос меёбад.
“Эътиқоди динии шахсӣ маҳдуд карда намешавад, вале зоҳиршавии эътиқод мумкин аст маҳдуд карда шавад, ин мумкин аст либос ва ё чизи дигар бошад”, - гуфт дипломати тоҷик.
Дар робита ба пӯшидани либоси ягонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ муовини вазир иттилоъ дод, ки онҳо тавсиявӣ мебошанд.
Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистони дунявӣ ба шаҳрвандон ҷиҳати адои маросимҳои динӣ ва пӯшидани либосҳои дахлдор тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки дар Тоҷикистон озодии пайравӣ ба дин пурра риоя гардида, баръакси хабарҳои бардурӯғ, дар сатҳи ҳукумат арзишҳои динӣ арҷгузорӣ мешаванд.